Миёни он неъматҳои моддие, ки Офаридгор ба инсон арзонӣ додааст, об мебошад. Обро метавон ҳастии тамоми ашё номид, ки бидуни он ҳеҷ чиз вуҷуд дошта наметавонад. Сарчашмаи об пиряху чашмаҳо мебошад, ки тавассути дарёҳо ва ҷӯйҳо ҷорӣ гардида, инсон ва табиатро шодоб мегардонад. Мардуми тоҷик аз замонҳои қадим обро ашёи муқаддас дониста, ҳар як қатраи онро арҷгузорӣ мекарданд. Ин анъана то имрӯз идома ёфта, дар бораи муқаддасии об ҳар гуна нақлу ривоятҳо бофта ба мардум мешунавонданд, ки ин неъмати бебаҳоро азиз доранд.
Қариб дар ҳар гӯшаву канори олам ривоятҳои асотирие дар бораи об – ҳаёти ҷовидонӣ ва фанонопазирӣ мебахшад, вуљуд доранд. Масалан, барои мисриҳои қадим об макони тавлиди худоҳояшон ба шумор мерафт ё ҳиндуҳо боварӣ доштанд, ки аввалу охири мављудияти олам об аст, инчунин бошандагони Бобулистон обро сарчашмаи беинтиҳои инсоният медонистанд.
Тоҷикистон низ дорои ададҳои бешумори чашмаҳои табиӣ ва шифобахшӣ аст, ки бештари онҳо дар атрофи худ нақлу ривоятҳоеро дар бораи таърих ва пайдоишаш ба вуҷуд овардааст. Барои мисол метавон дар бораи чашмаи “Бибизубайда” дар шаҳри Норак каме маълумот дод.
Чашмаи “Бибизубайда” дар деҳаи Туғмазори ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак ҷойгир аст, ки бошандагони ин мавзеъ бо лаҳчаи худ “Бибизведа” мегӯянд. Мувофиқи баъзе ривоятҳои сокинони Норак таърихи 500 сола дорад, аммо дар мавриди таърихи пайдоиши он ягон далели мӯътамад пайдо наградид. Мардуми маҳаллии Норак ин мавзеъи табииро бениҳоят муқаддас дониста, нисбати вай бовару эътиқод доранд. Зимни зиёрат ба ин мавзеъ мушоҳида гардид, ки рӯ ба рӯи чашмае, ки аз байни санг ҷорӣ мешуд, дарахтони туғ соя меафканданд. Ва дар шохҳои ин дарахт миқдори зиёди латтаҳои гуногунранг баста шуда буданд. Боиси тазаккур аст, ки ба андешаи мардуми тоҷик дарахти “туғ” муқаддас маҳсуб ёфта, онро бештар дар мазору зиёратгоҳҳо вохӯрдан мумкин аст. Шояд аз ҳамин сабаб ин деҳаро Туғмазор меномиданд. Аз ин бармеояд, ки одамон ба зиёрати чашма бисёр мерафтаанд ва ҳангоми зиёрат ба дарахти туғ барои талаби ҳоҷаташон латта мебастаанд.
Дар бораи чашма бо сокини деҳаи Туғмазор Солеҳов Насрулло (соли тав. 1939) вохӯрда, маълумот гирифтем, аз гуфтаҳои пирамард маълум шуд, ки Бибизубайда дар оила чор нафар: ду писар ва ду духтар будаанд. Мувофиқи нақли пирамард дар замонҳои пеш ҳангоми ҳуҷуми душманон ин чор нафар бародарону хоҳарон аз таъқиби кофирон гурехта ба ин мавзеъ меоянд, писарҳо яке ҳазрати Хоҷаи Сабзпӯш, ки марқадаш дар наздикии НБО-и Норак дар масофаи 150 км. дуртар аз ин мавзеъ, дуввумин ҳазрати Хоҷаи Сурхпӯш дар назди обанбори Норак, духтарҳо хоҳараш Бибитуғдона дар деҳаи Тутқавули нав ва худаш Бибизубайда дар деҳаи Туғмазор воқеъ мебошад. Баъди таъқиби кофирон Бибизубайда ба деҳаи Туғмазори имрӯза омада, ба болои кӯҳ, ки баландиаш 200 метр мебошад, мебарояд. Ин дам кофирон наздик шудан мегиранд, Бибизубайда рӯй суи қибла карда, ба ҷониби Худованд илтиҷо мекунад, ки кӯҳро бишкофад то вай ба даруни он даромада, рӯи кофирони номаҳрамро набинад. Ҳамин дуои Бибизубайда иҷобат гардида, даруни кӯҳ кушода мешаваду ин зани покдоман вориди он мегардад. Кӯҳ боз дубора пӯшида мешавад, мегӯянд аз ҳамон рӯзу соат аз ҳамон ҷо чашмае ҷорӣ мешавад, ки обаки ширину мусаффое дорад.
Ба ақидаи мардуми маҳаллӣ гўё ин чашма ашки Бибизубайда мебошад, ки то имрӯз ҷорӣ шуда истодааст. Оби ин чашма хусусиятҳои ба худ хосе дорад: Оби чашмаи “Бибизубайда” аз даруни санг ҷорӣ шуда, чандон дур намеравад, то дарозии 2 метр рафта нопадид мешавад. Ин об дар чор фасли сол як хел ҷорӣ мегардад, на кам ва на зиёд мешавад. Оби ин чашмаро барои дармон бахшидан ба бемориҳои меъдаву руда, шикамдард ва “кабудсулфа” истифода мебаранд. Тибқи мушоҳидаи мардум чашма оби сарду гуворо дошта, он аз ҷиҳати таъму лаззат аз дигар чашмаҳо фарқкунанда мебошад. Мегӯянд вақте ки одам аз ин об нӯшад худро сабуку бардам ҳис мекунад. Аз роҳҳои дуру наздик ҳоҷатмандон барои табобат омада шифо меёбанд. Ба ин хотир чашмаро муқаддас дониста, ҳамеша тозаву озода нигоҳ медоранд. Тибқи нақли сокинон ин обро танҳо барои нӯшидан ё табобат истифода кардан мумкин аст. Ҳатто дар оби ин чашма даст шустанро калонсолон қатъиян иҷоза намедиҳанд.
Дар аснои зиёрат ба ин мавзеъ як ҳамсафарамон, ки зодаи шаҳри Норак буд, ба мо гуфт, ки “мардуми мо пояшонро сӯи чашма дароз намекунанд, ки убол мешавад. Агар дидаву дониста пояшонро сӯи чашмаи Бибизубайда дароз кунанд ба ягон фалокат дучор мешаванд”. Мардуми шаҳри Норак тибқи ҳамин бовару эътиқод зиндагӣ карда, нисбати чашма эҳтироми хосса зоҳир менамоянд. Боз як ҳодисаеро дар робита ба чашмаи Бибизубайда нақл намуд, як вақтҳо як гурӯҳ аскарони рус омада, дар ин ҷо беэҳтиромӣ нисбати ин чашма намуданд ва ҳангоми бозгашт мошинашон ба садамае дучор гардида, чаппа шуд.
Бештар рӯзҳои чоршанбе ва шанбе аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ ба зиёрати чашма меоянд. Тибқи ривояти сокинон вақте мардҳо зиёрат кунанд, оби чашма камтар ҷорӣ мешавад ва агар занҳо ба зиёрат оянд, баръакс об бисёртар ҷорӣ мешавад. Сабаби инро чунин шарҳ медиҳанд, ки Бибизубайда аз мардон шарм медоштааст.
Баъди таҳқиқу баррасӣ ба хулосае омад, ки мазмуни ҳамаи нақлу ривоятҳое, ки дар бораи пайдоиши чашмаҳои муқаддас офарида шудааст, қариб якранг аст. Ва пайдоиши онҳоро ба бузургони дин, ашхоси парҳезкор, занҳои покдоман ва ё шахсиятҳои асотирӣ нисбат медиҳанд. Аз ин хотир мардуми омма ба ин ривоятҳо бовар карда, онро ба дигарон образнок ва ё камтаре аз худ илова карда, нақл мекунанд, ки дар натиҷа вариантнокии он ба вуҷуд меояд. Ҳатто ривоят ба худ характери асотирӣ касб карда, ба афсона мубаддал мегардад. Аммо дар бораи чашмаи “Бибизубайда” мо танҳо як варианти ривоятро пайдо кардем. Маълум мегардад, ки дар муқоиса ба Чилучорчашма, Авҷ, Бибифотимаи Заҳро, Гармчашма ва дигар чашмаҳо теъдоди зиёраткунандагон ба ин чашма маҳдуд буда, дар миқёси ҷумҳурӣ чандон маъмулӣ нест.
Дар ҷумҳурӣ адади рӯду чашмаҳо бениҳоят зиёданд ва на дар бораи ҳамаи онҳо нақлу ривоятҳои аҷиб офарида шудааст. Аз ин маълум мегардад, ки обҳои он чашмаҳое, ки воқеъан шифобахшанду гуворо нақлҳои ҷолибе аз тарафи мардум эҷод гардида, то ба дараҷаи муқаддасӣ расонида шудааст. Ин омил метавонад барои сарфа ва тозаву озода нигоҳ доштани ҷӯю чашмаҳо мусоидат кунад, зеро муқаддас будани оби ин ё он чашма шахсро водор месозад, ки нисбати чашмаҳо эҳтиёткорона рафтор намояд.
Холмуродов Зафар,
ходими пешбари илмии
Маркази мероси фарҳанги
тоҷикони ПИТФИ