МАҶЛИСИ ҒАЙРИНАВБАТӢ ДАР ПИТФИ

Рӯзи 3-юми июни соли ҷорӣ дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар дар арафаи Иди қурбон ва 65-солагии фарҳангшиноси ҳирфаӣ, намояндаи ПИТФИ дар ВМКБ, номзади илмҳои таърих, узви ИНТ Қурбон Аламшоев қарор доштан, ҷаласаи ҳайъати ходимони илмӣ баргузор гардид. Ҳамоишро директори ПИТФИ, н.и.ф. Аминзода Абдуфаттоҳ Ҳаким бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшид. Мавсуф сараввал ҳамагонро бо иди дарпешистода табрику муборакбод гуфта, ҳамзамон зикр кард, ки бояд пеш аз ҳама зиёиён дар ҷашну маросимҳо қонуни танзимро риоя кунанд. Чунки ҳанӯз аз замони шуравӣ, то имрӯз зиёиён дар маркази таваҷҷуҳи ҳукумат қарор дошта, барои мардум намуна ҳастанд. Худи мо қонунро риоя карданамон як тарафи масъала, мардумро ба ин самт равон кардан тарафи тамоман дигар ва ҷиддии он ба ҳисоб меравад.

Баъдан директори ПИТФИ А. Аминзода қайд кард, ки дар ин шабу рӯз фарҳангшиноси фарҳехта, н.и.т. Қурбон Аламшоев ба синни 65 солагӣ расиданд ва бо пешниҳоди ПИТФИ ва дастгирии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сатториён М.А., мавсуф бо нишони сарисинагии Аълочии фарҳанги ҶТ қадрдонӣ гардид. Аминзода А.Ҳ. аз кору фаъолият ва саҳми Қурбон Аламшоев бобати муаррифии фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО, пешниҳоду дифоъи номинатсияҳо ва амсли ин андешаҳояшро иброз намуда, нишони сарисинагиро ботантана ба соҳибҷашн супорид. Ҳамзамон А. Аминзода зикр кард, ки бахшида ба солгарди мавлуди ходимони илмии пуртаҷриба ва хизматнишондода шуъбаи фаъолияти китобдорӣ бо роҳбарии дотсент Ш. Комилзода ва Раҷабова Азиза китобномаҳои шарҳиҳолӣ (раҳнамои библиографӣ)-ро тартибу таҳия мекунанд, ки аз таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти ПИТФИ дарак дода, дар қатори профессорон Ҷ. Обидпур ва М. Муродӣ Қурбон Аламшоев низ истисно нест. Ҳамзамон нусхаи сигналии китобнома рӯнамоӣ шуд.

Дар мубодилаи афкор доир ба масъалаҳои мавриди назар ходимони илмӣ Хоҷаев Қурбон, Эшонқулов Эшонқул, Каримова Гулзира, Юсуфов Ифтихор, Мирзоев Саъдӣ ва дигарон фикру ақидаҳояшонро изҳор карданд. Ҳамоиш бо ҷанбаҳои маърифативу гиромидоштӣ пурмазмун гузашт.

Юсуфов Ифтихор,

мудири шуъбаи ВАО ва

 табъу нашри ПИТФИ.

 

 

барчасп: