Тарбияи зебоипарастӣ-эҷодии ҷавонон яке аз вазифаҳои муҳими муассисаҳои фарҳангӣ ба шумор рафта, аз мутахассисони ин соҳа масъулияти дучандро тақозо дорад. Тарбияи зебоипарастӣ-эҷодии ҷавонон мураккабу серҷабҳа буда, марҳалаҳои гуногунро дар бар мегирад.
Ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати имрузаи давлатии хонандагон-ҷавонон рушди эҷодиёти бадеӣ ва дастгириҳои насли навраси лаёқатманд мебошад, ки дар доираи лоиҳаи афзалиятноки миллӣ, яъне дар Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025 муайян шудааст.
Дар Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025 чунин ишора шудааст: «Ҳамасола бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти истеъдодҳо ва инкишофи қобилияти эҷодӣ, дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, рушди илмҳои табиӣ-риёзӣ, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба корҳои илмӣ - тадқиқотӣ ва ихтироъкорӣ гузаронидани озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ва «Илм фурӯғи маърифат» ба роҳ монда мешаванд» [4, с.6].
Ҳукумати кишвар барои ташаккули маҳорат, истеъдод, малакаҳо ва эҷоди насли наврас, махсусан, ҷавонон тадбирҳои зиёдеро роҳандозӣ менамояд истодааст, то хонандагон-ҷавонон ва аҳли ҷомеа тавонанд ҳаёти минбаъдаи худро дар асоси ин санадҳою барномаҳои давлатӣ, хушбахтонаю саодатмандона, броҳ монанд.
Тарбияи зебоиписандӣ-эҷодии ҷавонон дар муассисаҳои фарҳангӣ аз якчанд марҳилаҳо, ки дар ҳар марҳила ҷанбаҳои эстетикии онҳо рушду инкишоф меёбанд, иборат мебошад. Марҳилаҳои тарбияи зебоиписандӣ-эҷодии ҷавононро дар муассисаҳои фарҳангӣ шартан ба чунин қисматҳо тақсим кардан мумкин аст:
- ворид гардидани ҷавонон ба олами санъат ва ҳунар;
- ташаккули малакаҳои фаъолияти зебоиписандӣ-эҷодӣ;
- ба даст овардани натиҷаҳо дар фаъолияти зебоиписандӣ-эҷодӣ.
Ворид гардидани ҷавонон ба олами санъат ва ҳунар. Вазифаи мумимтарини соҳаи маориф ва фарҳанг ин таъмин намудани шароити мусоид ҷиҳати тарбия ва тањсили шоиста дар асоси азхудкунии донишу технологияњои ҷадид, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва дастрасӣ ба ҳама гуна сарчашмаҳои фарҳанги миллӣ ва ҷаҳонӣ мебошад.
Бе тарбияи шахси масъулиятшинос, таҳаммулгаро, уҳдабаро, тафаккури чандирӣ дорои, зебоишинос ва эҷодкор ҷомеаи имрӯза ба таври лозимӣ рушду такомул намеёбад. Нақши чунин сифатҳо муҳим арзёбӣ гардида, тарбия кардани ҷавонон дар ин самт авлавият дорад.
Мақсади ҳамагуна муассисаҳои таълимию тарбиявӣ ва фарҳангӣ тарбия ва инкишоф додани ҷанбаҳои маърифатии шахс аст.
Дар муҳити ҷавонон ва, умуман ҷомеа, эҷодиро ба вуҷуд оварда, фаъолияти онҳоро дар ин самт ангезиш медиҳад. Ҷустуҷӯи истеъдодҳо, фароҳам овардани шароит барои рушд ва инкишофи минбаъдаи онҳо, қабул ва эътироф кардани малакаҳои ҳунарии ҷавонон дар шароити имрӯза ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати фарҳангию маърифатӣ мебошад, ки бе татбиқи мунтазами он ба роҳ мондани фаъолияти инноватсионӣ ғайриимкон аст.
Дар тарбияи зебоиписандӣ-эҷодии ҷавонон озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба мисли: «Фӯруғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азаи ман» нақши назаррас доранд. Дар доираи ин лоиҳаҳо чорабиниҳои оммавии умумӣ, ки ҳар як наминатсия дар байни хонандагон-ҷавонон ҳаводорони худро дорад, таъсис дода шуда, дорои, инкишоф ва дастгирӣ кардани шахсони лаёқатманд бомуваффақона амалӣ мегардад.
Бояд гуфт, ки фарҳанги баланди бадеӣ, ҷанбаҳои маърифатӣ ва сифатҳои зебоиписанӣ-эҷодии ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ мавқеи муҳимро ишғол менамоянд. Боиси ба вуҷуд омадани фазои холии маънавӣ мегардад, ки дар натиҷа принсипҳои инкишофи муътадили ҷамъиятиро халалдор месозанд. Санъат мағзи моҳиятии фарҳанги бадеӣ, яке аз механизмҳои асосии дарки шахс ва ташаккули низоми арзишҳои ӯ ба шумор меравад. Барои насли наврас дарки санъату фарҳанг яке аз роҳҳои азхудкунии тамоми осори ҷаҳонӣ, ки бо туфайли онҳо ташаккули шахсият сурат мегирад, дониста мешавад.
Педагогикаи санъат аст, ки насли наврасро бо беҳтарин намунаҳои фарҳангу санъат, навъҳо ва жанрҳои гуногун, ки дар ин замина, ҷанбаҳои зебоиписандӣ-эҷодии онҳо тарҳи дигар мегирад, шинос мекунад.
Масъалаи ба фарҳангу санъат шинос намудани ҷавонон дар муассисаҳои фарҳангӣ, пеш аз ҳама, аз истифодаи барномаю технологияи баландсифат, ки раванди тарбияи завқи эстетикӣ ва эҷодии онҳоро тақвият мебахшанд, вобастагии калон дошта бошад ҳам, аз педагог-ташкилотчии соҳаи фарҳанг низ чунин тарзи кориро талаб дорад.
Самаранокии фаъолият ҳамон вақт аён мегардад, ки агар бо фарҳангу санъат шинос кардани ҷавонон дар сурати ҳамоҳангӣ кардани амалиёти ҳамаи иштирокчиёни раванди тарбия ба роҳ монда шавад. Дар ин кори пурмаҳсул, яъне ташаккули сифатҳои зебоиписандӣ-эҷодии ҷавонон иштироки ҳамаи кормандони соҳа ба ин раванд таккони ҷиддӣ мебахшад. Васеъ намудани фазои фарҳангии ҷавонон аз ташкилу ба роҳ мондани фаъолияти муштарак ба театрњо, толорҳои консертӣ, ба осорхонаҳо, китобхона ва намоишҳои рассомию њунарї вобаста мебошад. Яъне, муассисаҳои фарҳангӣ дар ташаккули сифатҳои зебоиписандӣ-эҷодии ҷавонон нақши назаррас дошта, ҷанбаҳо ва равандҳои эмотсионалии онҳоро рушд мебахшанд.
Ҳамин тариқ, муассисаҳои фарҳангӣ метавонанд шаклҳои чорабиниҳо ва муоширати байни одамонро монда, ба ин васила фароғати пурмаҳсулро таҳия ва пешниҳод намоянд. Шаклҳои кории муассисаҳои фарҳангӣ гуногун ҳам бошанд, ин муассисаҳо тавре чорабиниҳоро омода намоянд, ки одамон хоҳиши муомилаю муошират карданро пайдо кунанд. Ва аз иҷрои ин вазифа маҳфилҳои эҷодӣ ба хубӣ баромада метавонанд.
Умедаи Тағай
мудири шуъбаи фаъолияти иҷтимои-фарҳангӣ.