Дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол Ваҳдати миллӣ аҳамияти махсус дорад. Солҳои 90-уми асри гузашта кишвар шоҳиди як муноқишаи шадиди шаҳрвандӣ шуд, ки садҳо ҳазор нафарро гуреза кард ва ҳазорон қурбонӣ ба бор овард. Дар чунин вазъият, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ ба як амри тақдирсоз табдил ёфт. Бинобар ин, аз 27-уми июни соли 1997 сар карда, дар саросари ҷумҳурӣ ин рӯз ҳамчун ҷашни Ваҳдати миллӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мешавад. Аз ҷумла, чун анъана санаи 24-уми июни соли 2025 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 28-умин солгарди ин санаи муҳим ва таърихӣ мизи мудаввар таҳти унвони “Ваҳдат нишоне аз ҳувияти миллӣ” баргузор гардид.
Кори ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии директори ПИТФИ, н.и.ф. Аминзода Абдулфаттоҳ Ҳаким оғоз гардида, мавсуф доир ба ин ҷашн ва таърихи он фикру ақидаҳояшро мухтасар иброз намуд. А. Аминзода зикр кард, ки имрӯз татбиқи барномаҳои стратегӣ, бунёди сохтмонҳои азим, озодию ободӣ, беҳтар шудани шароити зиндагии мардум, серию пурӣ, арзонӣ ва умуман ҳама пешравиҳо аз ваҳдати милии мо дарак медиҳад ва дар саргаҳи ҳамаи ин Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд. Маҳз бо ташаббуси эшон мо соҳиби истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ гаштем. Бинобар ин, зуҳури Эмомалӣ Раҳмон аз аввал барои миллати тоҷик ҳамчун роҳбар ва Пешво тақдирсоз ва саривақтӣ буд.
Баъдан, сухан ба Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Муродзода Ҷурабек Қурбоналӣ дода шуд. Ҷ. Муродзода сараввал ҳамагон ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарифи тоҷикро бо ин ҷашни фархунда табрику таҳният намуд ва зикр кард, ки ваҳдати миллӣ неъматест, ки осон ба даст наомадаст. Барои ба даст овардани он Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷон ба каф гирифта, мубориза бурданд ва чуноне ваъда доданд, ки “Ман ба Шумо сулҳ меорам!”, дар ҳақиқатан ҳам ба мо сулҳу ваҳдат оварданд. Ҳама хизматҳои Пешвои миллатро мо аъзоён ва ҳизбиён бояд қадр ва ҳифз кунем.
Дар идомаи ҳамоиш ходими пешбари илмии шуъбаи ВАО ва табъу нашри ПИТФИ, д.и.ф., профессор Муродӣ Мурод Бердӣ маърӯзаеро таҳти унвони “Таҷассуми ваҳдат дар публитситсикаи муосир” ироа намуд. Профессор М. Муродӣ зикр кард, ки мо ду даствоварди бузург дорем ва якеро бе дигаре тасаввур кардан ғайриимкон аст. Агар истиқлол ба мо давлат дода бошад, пас ваҳдат сарҷамъиву якдилии мардумро ба вуҷуд овард ва мо имрӯз самараи онро хуб дида истодаем. Маҳз ин дастовардҳо, махсусан ваҳдати миллӣ аз дидгоҳи рӯзноманигорон, адибон ва публитсистон дур намонда, эшон дар тасвир ва тавсифи он асарҳои алоҳидаи назмиву насрӣ дар матбуоти даврӣ матолиб ба чоп расондаанд. Маърӯзакунанда аз осори адибону публитсистони имрӯза мисолҳо оварда тариқи муқоиса фикрашро ҷолиб баён намуд.
Пасон, мудири Маркази мероси фарҳангии тоҷикони ПИТФИ, н.и.т. Сафарқулова Гулмоҳ доир ба “Музокироти Теҳрон ва нақши он дар пойдор намудани сулҳи Тоҷикистон” маърӯзаи ҷолиберо пешкаши ҳозирин намуд. Дар суханронии мавсуф масоиле аз қабили нақши ҷумҳурии бародар дар таҳкими ваҳдат ва музокираи дар Теҳрон суратгирифта изҳор ва далоилу арқоми зарурӣ дар ин самт баён шуданд.
Мудири шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ Абдуллоев Шамсиддин бошад, дар атрофи мавзуи “Ваҳдати миллӣ - пойдевори давлати соҳибистиқлол” фикру ақидаҳояшро пешкаши аҳли нишаст гардонд. Мавсуф дар бораи ҷанги шаҳрвандӣ ва хисороти моливу ҷонии он, бесарусомониҳо дар марказ ва музофотҳо, хизматҳои Сарвари давлат дар ин самт ва амсоли ин сухан ронда, маърӯзаашро бо овардани мисолҳо аз ҳаёти кишвар ва хоҷагии халқ ба итмом расонд.
Ходими илмии шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ Мирзоев Саъдӣ дар мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон қаҳрамони ваҳдат” маърӯзаеро ироа кард. Мавсуф хизматҳои Пешвои миллатро дар ин самт қобили дастгириву таҳсин арзёбӣ кард ва ӯро тариқи овардани гуфтаҳои бузургони шеъру адаб аз қабили Бозор Собир қаҳрамони миллат ва ваҳдат хонд.
Дар интиҳои ҳамоиш мубодилаи афкор сурат гирифт, ки ходимони илмии ПИТФИ аз қабили Хоҷаев Қурбон, Ҷумъазода Меҳроб, Абдуллоев Акобир, Юсуфов Ифтихор ва дигарон фикру ақидаҳояшонро бобати мавзуи мизи гирд ва маърӯзаҳои баромадкунандагон мухтасар иброз доштанд. Ҳамоиш чун ҳарвақта ҷолибу пурмазмун гузашт.