Вазъи ҳунари оҳангарӣ дар кишвар
Чоп шуд: 08/12/2021Оҳангарӣ яке аз ҳунарҳои суннатии тоҷикон мебошад ва аз қадимулайём халқи тоҷик ба маҳсулоти ин навъи ҳунармандӣ ниёз доранд. Зеро ҳаёти мардуми деҳотро бе асбобҳои бел, каланд, табар, теша, дос, болға, корд, гулмех, наъл ва ба ин монандро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Метавон гуфт ки зиёда аз 100 номгӯи ашёҳо ва асбобҳо аз ҷониби оҳангарон омода карда мешавад.Шахсе, ки ин навъи ҳунарро ба худ касб намудааст, оҳангар мегӯянд.