Табрикоти солинавии директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ба истиқболи соли 2022
Чоп шуд: 29/12/2021Соли 2021 дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар бо дастовардҳо ва комёбиҳои камназираш дар хотираҳо боқӣ мемонад. Маҳз дар ҳамин сол мо бо сарварии Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ботантана таҷлил намудем. Истиқлол – озодии инсон, озодии ҷамъият ва озодии миллат мебошад, ки пояҳои давлатдорӣ ва худшиносию худогоҳии миллиро устувор намуда, шуҳрати кишвари моро дар арасаи байналмиллалӣ боло бурд.