Семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Ташаккули маводи ёрирасони таълимӣ-методӣ ва илмии мусиқии суннатии тоҷик”, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Чоп шуд: 25/12/2021Дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Ташаккули маводи ёрирасони таълимӣ-методӣ ва илмии мусиқии суннатии тоҷик”, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг ва устодону донишҷуёни муассисаҳои номбурда доир гардид. Инчунин директорони мактабҳои мусиқӣ, санъат ва расомии бархе аз шаҳру навоҳии кишвар ҳузур доштанд.