Семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Ташаккули маводи ёрирасони таълимӣ-методӣ ва илмии мусиқии суннатии тоҷик”, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони  “Ташаккули маводи ёрирасони таълимӣ-методӣ ва илмии мусиқии суннатии тоҷик”, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг ва устодону донишҷуёни муассисаҳои номбурда доир гардид. Инчунин директорони мактабҳои мусиқӣ, санъат ва расомии бархе аз шаҳру навоҳии кишвар ҳузур доштанд. Лозим ба ёдоварист, ки семинари мазкур аз рӯи барномаи давлатӣ бо ташабуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот роҳандозӣ гардида буд.

Семинари илмӣ-амалиро директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, номзади илмҳои филологӣ, Дилшод Раҳимӣ  ба ҳайси мадератор оғоз намуда, ҳадафи баргузорӣ ва реҷаи кориро баҳри ҳозирин мушаххас намуд.

Сухани ифтитоҳиро аз номи Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлатзода Зулфия Давлат муовини Вазир Шарифзода Манучеҳр Муртазо ироа намуд. Дар сухани ифтитоҳӣ оид ба рӯйдодҳои нави фарҳангӣ аз ҷумла ба рӯйхати репрезинтативии ЮНЕСКО шомил гардидани наминатсияи “Фалак”  бо иқтибос аз суханронии Пешвои миллат маълумот дода шуд. Оид ба ин масъала чунин баён гардид: “Қабл аз оғози суханронӣ мехостам ҳамаи шумо ва дар симои шумо тамоми мардуми Тоҷикистонро ба муносибати ба Рӯйхати репрезинтативии ЮНЕСКО шомил гардидани мусиқии сунатии “Фалак” шодбош бигӯям. Маҳз оиди ҳамин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии кишвар чунин баён намуданд: “Панҷ рӯз пеш аз ҷониби ЮНЕСКО боз як намунаи мероси фарҳанги миллии мо – “Фалак” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуд.

Яъне “Фалак” мисли Наврӯз ҷаҳонӣ гардид».

Оғоз намудани суханронӣ аз ин падида сабаб дорад. Зеро ҳам мусиқии суннатии “Фалак” ва ҳам “Шашмақом”, ки зермавзӯи семинари илмӣ-амалии имрӯза мебошанд, боиси ифтихори мост, ки ҳарду ҳам аллакай ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддӣ ҳамчун шоҳкории беназири миллати тоҷик сабти ном шудаанд”.

Дар идомаи суханронӣ оид ба дастовардҳои фарҳангии кишвар дар даврони 30-соли истиқлолият аз ҷумла муассисаҳои таълимии соҳа маълумоти ботафсил дода шуд.  Дар охири сухани ифтитоҳӣ ба кори семинар бурдбориҳо таманно намуданд.

Сипас аз рӯи барнома сухан ба ходими пешбари ПИТФИ, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, профессор Обидпур Ҷӯрахон дода шуд. Обидпур Ҷ. дар мавзӯи “Аҳамияти таълими академӣ дар муассисаҳои таълимии мусиқӣ” маърӯза намуд. Лозим ба ёдоварист, ки гузориши ӯ дар асоси натиҷаи сафарҳои хизматӣ аз шаҳру ноҳияҳои кишвар ва омӯзиши вазъи мактабҳои мусиқӣ ва санъат омода гардида буд. Дар суханрониии ӯ бештар ба камбудиву норасогиҳои ҷойдошта таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Инчунин устод Обидпур Ҷ. дар интиҳои суханронӣ барои беҳбудӣ ва пешрафти соҳа якчанд пешниҳодҳои муфидро арзёбӣ намуд. Пешниҳодҳои профессор Ҷ.Обидпур чунин буданд:

  1. Эҳё намудани кабинети методии ҷумҳуриявӣ дар назди Вазорати фарҳанг.
  2. Ба роҳ мондани бозомӯзии омӯзгорон:

– мактабҳои бачагонаи санъати тобеи ҷумҳурӣ дар Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А.Бобоқулов;

– мактабҳои бачагонаи санъати вилоятҳои Хатлон ва Бадахшон дар Коллеҷи санъати ш.Кӯлоб ба номи Кароматулло Қурбонов;

– мактабҳои бачагонаи санъати вилояти Суғд дар Коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд ба номи Содирхон Ҳофиз;

3. Дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд кушодани мағозаҳои нота ва созҳои мусиқӣ;

4. Бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон шартнома бастан дар хусуси ба Тоҷикистон содирот намудани  созҳои миллӣ ва торҳо барои онҳо:

5. Чунин шартнома бастан бо Россия дар хусуси ба ҷумҳурии  мо содирот намудани созҳои оркестрӣ (скрипка, скрипкаи хурд, виолончел, флейта, кларнет, труба…).

6. Минбаъд Вазорати фарҳанг китобу дастурҳои таълимиро барои мактабҳои бачагонаи мусиқӣ (санъат) бе мамоният чоп намояд.

7. Муддати 5-6 сол хатмкардаҳои мактаби бачагонаи санъат берун аз озмун ба се коллеҷи санъат қабул карда шаванд, инчунин бо квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи шартномаи сетарафа ба шаҳру ноҳияҳояшон баргарданд.

8. Эҳё намудани Озмуни ҷумҳуриявии навозандагони созҳои миллӣ аз рӯи барномаҳои мусиқии бисёровозаи касбӣ дар 4 сол як бор (гурӯҳи хурдсолон, гурӯҳи калонсон).

Аз  рӯи барномаи қаблан таҳиянамуда сухан ба муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо дода шуд. Номбурда дар мавзӯи “Таъмини муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг бо маводи ёрирасони таълимӣ-методӣ тақозои замон” гузориши илмӣ ироа намуд. Шарифзода М. дар суханронии хеш фаъолияти аксари муассисаҳои таълимиро берун аз талаботи имрӯза арзёбӣ кард. Ӯ дар такя бо суханронии Пешвои миллат дар Паёми имсола  ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуд, ки барномаҳои таълимӣ ва фаъолияти муассисаҳо бояд ба замона мутобиқ гардонида шавад. Дар ин маврид Шарифзода М. чунин қайд намуд: “Таҳияи нақшаҳои таълимӣ ва барномаҳои дарсии бархе аз мактабҳои бачагонаи мусиқиву санъат ҳам мутаасифона то кунун аз рӯйи сохтори замони пештар роҳандозӣ шуда истодаанд, ки ба андешаи мо чандон қобили қабул нест. Дар Паёми имсола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ­­-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа намуда буданд, як нуқтаи бисёр ҷолибро қайд намуданд, ки дар соҳаи мо ҳам алоқаманд мебошад: “Ман ба наздикӣ аз Коллеҷии техникии №40, ки он ҷо ман таҳсил намуда будам, дидан кардам. Бо он методҳои куҳна, бо он конспектҳои куҳна ва бо он барномаҳоим куҳна ҷавонони имрӯзаро мо соҳибкасб карда наметавонем. Имрӯз талабот тамоман дигар шудааст ва мо бояд ба замона мутобиқ бошем”!

Ӯ иловатан пешниҳод намуд, ки ҷиҳати дастрасии барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ муассисаҳо бояд байни ҳам ҳамкориҳои доимиро ба роҳ монанд.

Аз рӯи барнома барои маърӯза дар мавзӯи “Вазъи муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг дар кишвар – мушкилот ва дурнамо” сухан ба муовини директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ фарҳанг ва иттилоот, номзади иилмҳои филологӣ Аминов Абдулфатоҳ дода шуд. Мавсуф дар асоси таҳлили вазъи 18 мактабҳои мусиқӣ, санъат ва рассомии кишвар, ки маҳз дар соли 2021 аз ҷониби олимони ПИТФИ мавриди санҷиш қарор гирифта буданд, маърӯза намуд. Ӯ дар баромади хеш оид ба вазъи имрӯза, дастовардҳои даврони истиқлол ва камбудиву норасогиҳои ҷойдошта ба тафсил маълумот дод. Дар интиҳои суханронӣ барои пешрафту дурнамои соҳа чунин пешниҳодҳоро иброз кард:

  1. Пешниҳод менамоям, ки барои ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта таҳияи барномаи давлатии панҷсола аз ҷониби мутахассисони касбии соҳа таҳия шавад. Дар барномаи мазкур бояд чанд ҷиҳати масъала:
  • Таҳияи барномаҳои намунавии таълимӣ барои ҳамаи ихтисосҳо аз ҷониби мутахассисони соҳа бо тасдиқи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Таҳияи китобҳои дарсӣ аз ҷониби омӯзгорони фаннӣ ва дастрасии онҳо ба муассисаҳои таълимӣ;
  • Компютеркунонии ҳамаи муассисаҳои таълимии соҳавӣ.
  1. Таъсиси гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи Вазорати фарҳанг ва омӯзгорону мутахассиони зерсохтори Вазорат ҷиҳати санҷиш ва назорати вазъи таълиму тадриси муассисаҳо ҳадди ақал дар 2 сол як маротиба.
  2. Таъсиси шабакаи ягонаи интернетӣ байни муассисаҳои таълимӣ, ҷиҳати омӯзиши таҷриба ва мубодилаи афкор.
  3. Ташкили курсҳои бозомӯзӣ ва ба роҳ мондани низоми муайяни додани котегория ё дараҷаи тахассусӣ ба омӯзгорони соҳа.

          Дар қисмати музокира ва мубодилаи афкор оид ба пешниҳодҳои ироагардида, ҳозирин ва роҳбарияти ҷаласа ибрози назар намуданд. Иловатан чанде аз иштирокчиён аз ҷумла, Раҳимӣ Дилшод-директори ПИТФИ, Раҷабов Насим-мудири кафедраи мутрибони анъанавӣ, Ҳаётой Мӯъминова-омӯзгори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода ва Баҳром Назаров-муовни директори Коллеҷи санъати ба номи А.Бобоқулов суханронӣ намуда, баргузории семинари илмӣ-амалӣ ва пешниҳодҳои ироагардидаро муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд. Шахсони зикргардада низ ҷиҳати беҳбудӣ ва пешрафти кор якчанд пешниҳодҳо манзур намуданд. Аз ҷумла директори ПИТФИ, номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимӣ пешниҳод намуданд, ки чунин семинару машваратҳо ҳар нимсола як маротиба бо иштироки намояндагони тамоми минтақаҳои кишвар бояд доир гарданд. Ҳаётой Мӯъминова омӯзиши ҳамаи навъи созҳои мусиқӣ ва сурудҳои халқиро дар асоси нота ҳатмӣ пешниҳод намуд. Аз ҷумла ӯ қайд намуд, ки “нота склети асосии ҳар як асари мусиқӣ мебошад”. Баҳром Назаров пешниҳод намуд, ки шаҳодатномаҳои аз ҷониби муассисаҳои таълимии соҳа ба хатмкунандагон минбаъд бояд бо тасдиқ ва рақамгузории махсуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад.

Семинари илмӣ-амалӣ бо рӯнамои китобҳои тозанашри соҳавӣ, ки аз ҷониби муассисаҳои таълимии саҳаи фарҳанг ба намоиш гузошта шуда буданд, ба анҷом расид.

 

Гулзира Каримова

Мудри шуъбаи илмӣ-методии ПИТФИ

барчасп: