Забон яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва нишондиҳандаи ҳастии миллат аст. Ҳар қавме, ки забонашро пос медорад, ҳастии худро устувор месозад. Дар дунёи муосир ҳифзи забони модарӣ на танҳо рисолати олимон, балки уҳдадории ҳар шаҳрванд мебошад. Ҳамин аст, ки тайи чанд соли охир дар саросари кишвар ва Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рӯз бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Азҷумла, рӯзи 3-юми октябри соли 2025, дар маҷлисгоҳи Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот мизи мудаввар таҳти унвони “Забони миллат – пойдевори давлат” баргузор гардид.
Кори ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии директори ПИТФИ, номзади илмҳои филологӣ Аминзода Абдулфаттоҳ Ҳаким оғоз гардид. А. Аминзода ҳозиринро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор табрик гуфт. Ҳамчунин зикр гардид, ки забон рукни ҳастии миллат ва василаи устувории давлат аст, омӯзгор бошад парчамбардори илму маърифат дар ҷомеа ба шумор меравад. Мавсуф дар ин самт аз хизматҳои Пешвои муаззами миллат дар ҳифзу гиромидошти забон ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ёдовар шуда, аз Паёму суханрониҳои эшон иқтибосҳо овард ва баромадашро бо шеъри Рустами Аҷамӣ ҳусни анҷом бахшид, ки он чунин аст:
Забони модарии ман тамоми ҳастии ман!
Зи шири поки ту бошад маро сухан ба даҳан.
Гирифтаам ба забонам нахуст номи туро,
Ту эй ҷазираи паҳновари биҳишти адан.
Миёни ин ҳама фарҳанг қоматат болост,
Туйӣ дарахти баруманду решадору куҳан.
Чи шоирони бузурге ба зери партави ту,
Расидаанд ба авҷи камолу ганҷи сухан.
Чи қадр хотира дорӣ даруни синаи худ,
Зулолу пок чу алмоси чашмаҳо равшан.
Чи хуш бувад, ки ту имрӯз ҷовидона шудӣ,
Чу пуштвони ту бошад бузургмарди Ватан.
Дар идома аз ҷониби ходимони илмӣ маърӯзаҳо ироа гардиданд. Ходими пешбари илмии шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносии ПИТФИ Мунаввари Сафар, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи забон самимона табрик кард. Ӯ дар маърӯзаи худ “Устураҳо оид ба пайдоиши забон” зикр намуд, ки бузургии забон на танҳо дар адабиёти ғанӣ, балки дар китобҳои муқаддаси динӣ зикр шудааст. Мавсуф баён намуд, ки забон ва сухан дар адёни гуногун низ ҷойгоҳи махсус дошта, ҳам дар Таврот ва ҳам дар Қуръон ба арзиши калом таъкид шудааст, ки ин нишонаи муқаддас будани забон мебошад.
Баъдан ходими калони илмии Маркази мероси фарҳангии тоҷикони ПИТФИ Каримова Шаъмигул дар доираи мавзӯи “Забон – арзиши волои фарҳанг” баромад намуда, суханрониашро бо табрикот оғоз намуд. Ш. Каримова дар маърузаи худ қайд кард, ки забон танҳо воситаи гуфтор нест, балки рамзи ҳастии миллат, оинаи тафаккур ва пойдевори давлатдорӣ мебошад. Ӯ ёдовар шуд, ки агар фарҳангро маҷмӯи тамоми арзишҳои моддӣ ва маънавии ҷомеа донем, пас забон воситаи асосии нигоҳдорӣ, интиқол ва рушди он арзишҳо ба шумор меравад. Ӯ илова намуд, ки забон мардумро бо ҳам мепайвандад ва гузаштаи таърихӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва анъанаҳои миллиро ҳифз мекунад.
Пасон ходими калони илмии шуъбаи китобдории ПИТФИ Наимҷонзода Нигора дар мавзӯи “Мавқеи забони тоҷикӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ” маърӯза ироа намуд. Н. Наимҷонзода таъкид кард, ки забони тоҷикӣ барои то имрӯз поку беғубор расидан чандин марҳилаҳои душворро паси сар кардааст ва маҳз бо талошу иродаи бузургони миллат ва аҳли зиё забон тавонист ҷойгоҳи худро ҳифз намояд. Ҳамзамон мавсуф ба масъалаи баҳси забон дар соли 20-30-и асри ХХ назари иҷмолие карда, аз саҳми Устод Айнӣ дар ин самт ёдовар шуд ва гуфтаҳояшро бо далоилу арқом ҳусни тозае бахшид.
Ходими калони илмии Маркази мероси фарҳангии тоҷикони ПИТФИ Абдуназарова Гулноза дар мавзӯи “Забони форсӣ-тоҷикӣ сарчашмаи фарҳанги тамаддун” бо маърӯза баромад намуд. Мавсуф дар баромади худ зикр кард, ки забони форсии тоҷикӣ дар тӯли таърих ривоҷу равнақ ёфтааст. Ӯ бобати дар даврони Сомониён мақоми бузург касб кардани забони тоҷикӣ фикру андешаҳояшро баён намуда, аз асарҳои адабиву таърихӣ ва сарчашмаҳои гуногун, ки бо ин забон офарида шудаанд, мисолҳо овард.
Дар бахши мубодилаи афкор аз ҷониби ходимони илмии ПИТФИ Шариф Комилзода, Ҷӯрахон Обидпур, Эшонқулов Эшонқул, Саъдӣ Мирзо, директори МД “Хонаи китоби Тоҷикистон” Нодирзода С. ва дигарон андешаҳо оид ба Рӯзи забон, маърӯзаҳои баромадкунандагон, мавқеъ ва мақоми забони тоҷикӣ дар ҷомеа фикру андешаҳо баён гардиданд.
Баҳодурова Озарбону,
ходими илмии шуъбаи
ВАО ва табъу нашри ПИТФИ.