ЗАБОН – АРЗИШИ ВОЛОИ ФАРҲАНГ

Воқеан, забон омилест, ки аз оғози таърихи башарият бо инсоният ҳамқадам буда, тамоми таҷрибаи таърихӣ ва маънавии ҷомеаро дар фаро мегирад. Забон на танҳо василаи гуфтор, балки рукни ҳастии миллӣ, шакли тафаккур, ойинаи фарҳангу хазинаи маърифат мебошад. Агар фарҳангро ҷамъи тамоми арзишҳои моддию маънавии ҷомеа донем, забон василаи асосии нигоҳдорӣ, интиқол ва рушду тавсеаи он ба шумор меравад. Дар доираи илмҳои ҷомеашиносию забоншиносӣ бошад, борҳо таъкид мегардад, ки забон танҳо воситаи гуфтор нест, балки рамзи ҳастӣ ва ойинаи вуҷуди миллат аст. Дар мавриди забону забондонӣ, ки аз он шинохти фарҳангу миллат таҷаллӣ меёбад, Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ини маврид доимо ба таъкид : “Забони миллӣ симо ва пайкари миллати мо мебошад. Забони мо дар зарфи таъриху тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик роҳи пуршебу фарозеро тай намуда, сарнавишти пурҳаводис ва ҷаҳони маънавии тоҷиконро бо тамоми обу ранг ва дурахшу ҷилои худ инъикос кардааст ва барои худшиносиву худогоҳии миллии халқи тоҷик нақши барҷаста бозидааст”.  Шинохту тасаввури ҷаҳон маҳз бо забон  сурат гирифта, арзишҳои маънавиро ба наслҳои оянда интиқол медиҳад. Забони модарӣ барои ҳар як халқ хазинаи пурарзишест, ки таърих, урфу одат, илму маърифат ва ҷаҳонбинии онро дар худ гиромӣ медорад.   

Ҳар халқ бо забони худ ҷаҳонро мебинад, дарк мекунад ва арзишҳои маънавиро ба наслҳои оянда ба мерос мегузорад. Маҳз забон хислатҳои фарқкунандаи миллатҳоро  ҷудо намуда, боиси  бақои онҳо дар саҳнаи таърих мегардад.

Аз ин лиҳоз, ки самти таҳқиқи фарҳанг аст, бояд гуфт, ки фарҳанг бе забон вуҷуд дошта наметавонад. Фарҳанг дар муҳити забон шакл гирифта, интиқол ёфта, ҳифз мегардад. Бе забон ҳеҷ як унсури фарҳанг, на эҷодиёти шифоҳӣ, на адабиёти хаттӣ, на расму оину на донишҳои таҷрибавии мардумӣ густариш намеёбад ва пойдор намемонад. Яъне забон на танҳо қисми фарҳанг, балки заминаи асосии он аст. Ҳифз, рушди забон ва мутобиқ намудани он ба шароити муосир як қисмати муҳими сиёсати фарҳангӣ мебошад. Забон ба унвони меъёри ягонаи фарҳангӣ ҷомеаро муттаҳид сохта, заминаи ҳамоҳангии маънавиву ҳувияти миллиро фароҳам меорад.   

  Дар ин росто забон ҳамчун муҳаррики рушди фикрӣ нақши беназир дорад. Забон щамчун василаи эҷод  ва интиқоли арзишҳои маънавӣ имкон медиҳад, ки мероси моддӣ ва ғайримоддии фарҳанг аз ашёву ҳунарҳои мардумӣ то ривояту афсонаҳо ҳифз гаштаву такмил ёбад.

Забон ҳамчунин воситаи аслии эҷод ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи нависандагону шоирон қарор дорад. Аз давраҳои қадим то кунун маҳз забон буд, ки ба осори адабӣ ҳаёт бахшиду онҳоро ба абадият пайваст. Нависандагону шоирон дар тӯли асрҳо тавассути забон маъниву фикр, рӯҳу эҳсос ва ормонҳои мардумро ифода намудаанд. Бе забон наметавон аз шаклгирии шеъру достон, аз ташаккули афсонаву ривоят, ҳатто аз зуҳури осори илмӣ ҳарф зад. Агар ба таърихи адабиёти тоҷик назар афканем, мебинем, ки осори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва даҳҳо  чеҳраҳои дигар маҳз бо забон ҷилваи абадият ёфтаанд. Шеъри онҳо то имрӯз зебоии маъниву шаклро дар худ дошта, ифодаи ҳикмат, ахлоқ  ва таҷрибаи иҷтимоии мардумро таҷаллӣ медиҳад. Забон дар эҷодиёти ин адибон ба ҳайси воситаи фикр маҳдуд нашуда, ба як санъати волою зебоии нотакрор ва ҷаҳонбинӣ табдил ёфтааст. Забони Рӯдакӣ рамзи осонбаёниву равонӣ, забони Фирдавсӣ нишонаи ҳикмату ҳувият ва забони Ҳофиз оинаи ишқу маънавиёт гардидааст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки забон падидаи иҷтимоӣ буда, решаҳои он дар таҷрибаи таърихӣ ва ҳаёти ҷамъиятии инсон мавқеи асосӣ дорад. Он дар натиҷаи зарурати муоширату табодули маънӣ миёни одамон ташаккул ёфта, тадриҷан такмил гаштааст. Забон аз эҳтиёҷи одамон барои ифодаи фикру эҳсос, интиқоли дониш ва таҷриба пайдо шудааст. Бо мурури замон забон ба воситаи гуфтор, минбаъд ба шакли хаттию адабӣ табдил ёфт. Маҳз ҳамин ҷараён боис гардид, ки адабиёту осори илмӣ ба вуҷуд оянд ва фарҳанг ба шакли устувор нигаҳ дошта шавад. Аз ин  ҷост, ки забон ҳам падидаи иҷтимоию ҳам фарҳангист. Ин аст, ки нақши забон дар эҷодиёти адибон воситаи баёни сутуни аслии фарҳанг ва ҳувияту маънавиёт то кунун арзёбӣ мегардад.   

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар замони ҷаҳонишавии муосир таъсири афзоиши истилоҳоти забонҳои хориҷӣ ба забони тоҷикӣ бештар мегардад, дар ин радиф ҳифзу рушди забони модарӣ масъулияти ҳар шахс ба ҳисоб меравад. Зеро забон рамзи худшиносиву матиниродагии одамон буда, воситаи мубодилаи маъниҳои амиқ, эҷод ва таъсиргузорӣ ба равандҳои иҷтимоӣ мебошад. Дар баробари омӯзиши забонҳои хориҷӣ, муҳимтарин вазифа он аст, ки шахс пеш, аз ҳама донандаи комили забони модарии худ бошад, онро муррифӣ намуда, аз арзишҳои фарҳангӣ ва миллӣ ҳифозат кунад. Барои насли наврас зарур аст, ки аввалан дар муҳити таълимиву оилавӣ истифодаи забони модариро устувор намояд, дуввум бо мутолиаи осори адабӣ ва илмӣ маънавиёти забониву фарҳангии худро тақвият бахшад ва саввум дар баробари омӯзиши забонҳои хориҷӣ забони миллиро ҳамчун воситаи асосии асолат ва пайванди наслҳо ҳифзу ривоҷ диҳад. Ин нуқтаро низ Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нодида нагирифта, дар ҳар суханрониҳояшон таваҷҷуҳ ба ҷавонон намуда, мегӯянд: “Дар баробари омӯхтани забонҳои хориҷӣ, ба омӯзиши забони адабии тоҷикӣ таваҷҷӯҳи боз ҳам бештар зоҳир намоем. Забони адабии тоҷикиро хуб донем ва омӯзиши забонҳои хориҷиро дар заминаи забони модар ва бо истифодаи васеи имкониятҳои он ба роҳ монем”.

Дар ҳамин замина таъсири забон дар технология, ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ нақши сазовор дорад. Истифодаи забон дар муҳити рақамӣ имконият медиҳад, ки донишҳо ва арзишҳои маънавӣ ба тамоми қишрҳои ҷомеа ва ҳатто дар сатҳи байналмилалӣ интиқол дода шавад. Ин раванд ҳифзи ҳувият ва муаррифии фарҳангро таъмин менамояд.

Бо вуҷуди ҳамаи ин имкониятҳо, мушкилот низ кам нестанд. Кам шудани муошират бо забони модарӣ, махсусан миёни ҷавонон, воридшавии истилоҳоти хориҷӣ ва набудани меъёрҳои адабию илмӣ метавонад таҳдид ба устувории забон ва мероси фарҳангӣ эҷод кунад. Ҳалли ин мушкилот тавассути тадбирҳои муштараки ҳукумат бо ҷомеаю муассисаҳои фарҳангӣ имконпазир мебошад. Барномаҳои таълимӣ, таҳияи истилоҳоти нав, ҷалби ҷавонон ба омӯзиши забону муаррифии он дар сатҳи байналмиллалӣ роҳҳои муассири ҳифзи забон мебошанд.                                    

Ҳамин тавр забон арзиши воло ва сутуни асосии фарҳанг аст. Забон арзишест, ки миллатро муттаҳид мекунад, таърихро зинда нигоҳ дошта, роҳи рушди ояндаро равшан месозад. Ҳифзи забон маънои ҳифзи фарҳанг, таърих ва ҳастии миллатро дорад. Ҳар миллат, ки ба забони худ арҷ мегузорад, фарҳанги худро низ ҳифз мекунад. Аз ин рӯ ҳифз ва такмили забони модарӣ рисолати иҷтимоиву фарҳангӣ буда, ҷузъи худогоҳии миллӣ маҳсуб меёбад.   

Каримова Шамъигул

барчасп: