Забони форсӣ - тоҷикӣ, сарчашмаи фарҳанги тамаддун

Рӯзи забон ҷашни гиромидоштӣ забони давлатӣ рамзи эҳтиром ба решаҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва миллӣ мебошад. Забони - дарӣ -тоҷики(форсӣ) дар тӯли таърих ривоҷу равнақ ёфта,  бо ҳам алоқамандӣ ва умимиятҳои зиёд доранд. Боиси тазакур аст, ки дар маҷму ин се занҷираи ба ҳам пайваст моро пеш аз ҳама ба рафти рушду такомул ва гунаҳои он шинос мекунад.

Дар китоби Призиденти кишвар Эмомалӣ Раҳмон - ЗАБОНИ МИЛЛАТ- ҲАСТИИ МИЛЛАТ  омадааст: Забони тоҷикӣ (форсӣ -дарӣ) дар қарнҳои исломӣ натанҳо дар хостгоҳи худ- Хуросону Мовароуннаҳр ва манотиқи дигари халқҳои эронӣ, балки хориҷ аз ин қаламрав дар шаҳрҳои Ироқ ва соири марказҳои Хилофати арабии он даврон низ ривоҷ доштааст. Ин далолат бар он мекунад, ки  забони дарӣ дар давраи истилои араб ба ҳайси забони муошират дар шарқи миёназамин ва дар ғарби он камтар ривоҷ доштааст. Ҳамаи он чизе, ки аз он даврон аз забони форси - дарӣ боқи мондаанд ҳамагӣ ба Хуросону Мовароунаҳр мансубанд.

Аз асари пурарзиши Пешвои миллат ин бардошт ҳосил мешавад, ки  забони модарии мо – забони тоҷикӣ, яке аз куҳантарин ва пурғановаттарин забонҳои дунёст.  Ин забон танҳо воситаи гуфтугӯ нест, балки пояи тамаддуни ҳазорсолаи Шарқ, ганҷинаи адабиёт ва рамзи ҳувияти миллист.  Маҳз  ҳамин забон буд, ки ҷаҳониён  бо «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ, ғазалҳои ноби Ҳофиз, ғояҳои умумибашарии Саъдӣ ва нозукиҳои сухани Рӯдакӣ ошно гардида, имрӯзҳо ҳам шоиру нависандагон ва дигар суханварони мо бо ин забони ширину шево ба олам фарҳангу маънавиёти моро муарифӣ мекунанд.

Забони тоҷикӣ-дарӣ аз замонҳои қадим бо дигар забонҳо дар тамос буд. Ҳамкории фарҳангӣ ва робитаҳои сиёсӣ боис гардид, ки ин забон, аз як тараф, аз дигар забонҳо таъсир гирад ва аз тарафи дигар ба онҳо таъсир расонад.Чуноне ки забони мо низ аз арабӣ  ва  баъдан аз русӣ  ва  англисӣ  вожаҳои зиёдеро қабул  кард. Ин  раванд забонро бойтар  гардонд  ва  нишон  дод,  ки  ҳамбастагӣ  миёни забонҳо  ногузир  аст.

          Имрӯз забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ мақоми баланд дорад ва дар ҳама соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ васеъ истифода мешавад. Ин дастоварди бузурги давлатдорӣ,  нишонаи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ мебошад.

Рӯзи забон моро водор месозад, ки ба худ савол диҳем: мо чӣ гуна меросбарони ин забони ширин ҳастем? Оё мо онро дуруст, боэҳтиром ва беғалат истифода мебарем? Дар ин маврид бояд қайд кард, ки  ҳифз ва рушди забон танҳо вазифаи давлат нест, балки масъулияти ҳар як шаҳрванд мебошад. Ҳар касе, ки калимаи тоҷикӣ мегӯяд, бояд ба покиву зебоии он арҷ гузорад ва  ифтихор кунад, ки  забони  мо, забони форси-тоҷикӣ ҳамчун пули робита миёни фарҳангҳои  гуногун  хизмат мекунад. Мо метавонем  тавассути он  осори илмӣ ва адабии худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.

         Имрузҳо, ки дар ҷаҳон тараққиёт ва ташаккули илму техника бо суръат пеш рафта истодааст, дар ин радиф омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳам барои аз худкунии техникаву техналогияи муосир ногузир аст. Ин нуқтаро Пешвои миллат, Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар баромадҳои худ пайваста таъкид мекунанд, ки барои ҳар як  насли ҷавон дар баробари омӯхтану аз худ кардани забон модарӣ, инчунин  омӯхтани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла  русӣ ва англисӣ, ҳатмӣ ва зарур  аст.  

Дар ҳақиқат забони модарии мо, забони тоҷикӣ-дарӣ,  ганҷинаи фарҳангӣ ва сарчашмаи тамаддуни ҷаҳони аст. Он моро бо гузаштагони бузург пайванд медиҳад ва дар айни замон калиди муваффақияте  дар оянда мебошад. Барои рушду пешрафти ҷомеаи мо зарур аст, забони модариамонро бо эҳтиром ҳифз кунем ва дар баробари он забонҳои хориҷиро омӯзем. Танҳо дар ҳамин сурат  метавонем,  ки  дар арсаи байналмилалӣ мақоми шоистаи худро пайдо намоем.

 Бигзор забони тоҷикӣ ҳамеша поку зебо, равону ширин садо диҳад!

 Бигзор мо онро бо ифтихор  ҳифз кунем ва ба наслҳои оянда ба сифати ганҷинаи маънавӣ мерос гузорем!

Чуноне, ки мегӯянд:  Забон ҳастӣ ва шарафи миллат аст.

 Забони мо, забони шеъру сухани волову боло  ҳамеша поянда бошад.

Рӯзи забон боз ҳам муборак бод!

Абдуназарова Гулноза

барчасп: