РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК! Табрикоти директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода Абдулфаттоҳ Ҳаким бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳамкорони гиромӣ!

Дар марҳилаҳои душвори таърихӣ, ки фарҳангу тамаддуни кишварҳои абарқудрат фарҳангҳои кишварҳои хурдро ба коми худ кашида, махлут намуданд, забони модарии онҳоро дар мартабаи дуюм қарор доданд, забони тоҷикӣ асолати худро гум накарда, мақоми давлатӣ пайдо намуд ва ҳамчун муаррифгар ва ҳастии миллат боқӣ монд. Пас аз суқути давлати мутамаркази Оли Сомон, ки дар қаламрави аҷдодӣ фарзандони барӯманди миллати тоҷик натавонистанд дубора давлатдории ҷадид барпо намоянд, аммо бо баракату фазилати илму фарҳанг ва тамаддуни оламшумул забони тоҷикӣ дар акнофу атрофи олам ҳукмрон гардид ва барқосо ба рушду нумӯ ноил шуд. Билохира ҷаҳду талоши олимону донишмандон ва равшанфикрону ватанпарварони миллати тоҷик солҳои 80-уми асри гузашта боис гардид, ки забони модарии мо мақоми давлатӣ касб кунад ва аз он пас забони коргузории расмӣ эълон гардад. Истиқлолияти забон бо истиқлолияти давлатии Тоҷикистон тавъам омада, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қонуну қарорҳои дахлдор ба тасвиб расиданд, ки дар рушду тараққӣ ва такомули забон нақши арзанда гузоштанд. Боиси хушҳолист, ки забони тоҷикӣ имрӯз дар раддаи садҳо забонҳои дунё ба расмият шинохта шуда, боиси ифтихори мо тоҷикон мебошад. Имрӯз мо кишварҳои соҳибистиқлолро медонем, ки ҳудуди бештар аз 30 сол мешавад, озодӣ ба даст овардаанд, аммо забони модарии эшон дар мартабаи дуюм қарор гирифта, иҷборан забони аҷнабиро ҳамчун забони расмии худ қабул намудаанд. Чунин кишварҳо то ба ҳол аз асорати истеъмор раҳо нагардида, таъми ширини озодии мутлақро намечашанд.  

Пас, мо бояд шукргузор бошем, ки истиқлолияти комил дорем ва забони модариямон мақоми давлатиро соҳиб аст. Вазифаи ҳар як шаҳрванди баору нанг ва ватанпарвару фарҳангдӯсти миллати тоҷик дар қиболи забони модарӣ он аст, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифз ва  қадру эҳтиром намояд. Фаромӯш набояд сохт, ки ҳифзи забон нахуст дар муқаддас донистани он амалӣ гардида, баъдан тоза нигоҳ доштанаш аз олудагиҳо мебошад. Ҳамзамон муошират бо забони адабии тоҷикӣ, риояи қоидаҳои он, дар гуфтору навиштор яке аз рисолатҳои соҳибзабонон буда, омили нахустини ҳифзи он ба ҳисоб меравад.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, рӯзи забони давлатиро, ки ҳамасола 5-уми октябр бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад, ба аҳли фарҳангу маориф,  ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистон табрик ва таҳният мегӯям.  

 

 

барчасп: