Ҳамасола 5-уми октябр дар ҷумҳурии азизамонон – Тоҷикистон, Рӯзи забони давлатӣ ҳамчун забони давлати соҳибистиқлоламон бо ифтихору сарбаландӣ, таҷлил мегардад, ки он бузургтарин рӯйдоди даврони Истиқлолият ва давраи эҳёи забони тоҷикист. Маҳз тавассути забон халқи тоҷик асолати хешро ҳифз намудааст. Бо ин забон шоирону нависандагони бузург чун Рӯдакиву Фирдавсӣ, Умари Хайёму Абӯалӣ ибни Сино, Ҷомиву Мавлоно Румӣ, Ҳофизи Шерозиву Саъдӣ, Аҳмади Донишу устод Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутиву Мирзо Турсунзода ва дигарон асарҳои безаволи худро эҷод кардаанд.
Ба шарофати сиёсати маърифатпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ забони тоҷикӣ дар раванди ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят душвору пурпечутобро тай намуда, аз санҷишу имтиҳонҳои сангини таърих гузаштааст. Забони тоҷикӣ дар даврони истиқлолият мақоми давлатӣ ва ҳуқуқии хешро устувор намуд ва ҳамзамон ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ворид гардида, барои густариши давлатдории миллӣ замина гузошт. Бояд қайд намуд, ки дар рушду гастариш ва пуштибонии забони тоҷикӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст. Маҳз бо шарофати ин марди хирадманду маърифатпарвар силсилаи қонуну қарорҳо оид ба забони тоҷикӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки онҳо мақому манзалати забони тоҷикиро боз ҳам боло бардоштанд. Дар яке аз суханрониҳои худ, Сарвари давлат иброз намуданд, ки “ Забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад.Забон рукни асосии миллат ва давлат буда, миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд». Дар ин замина пуштибонӣ аз забон ва поку беолоиш нигоҳ доштани он на танҳо вазифаи миллату давлат, балки вазифаи муқаддаси ҳар як фарди хирадманд ва худогоҳи тоҷик мебошад. Мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ имрӯз бозгӯи он аст, ки он дар тамоми ҳаёти сиёсӣ иқтисодӣ иҷтимоиву фарҳангии давлатдории тоҷикон, сарчашмаи истиқлоли миллӣ ва омили муҳими ташаккули он ба шумор меравад.Гарчанде, ки тӯли садсолаҳо забони классикӣ, яъне забони адабиёт таъғироти ҷиддие надида, дар олами форсизабонон ягона буд. Забони гуфтугӯии мардум, яъне забони зинда дигаргуниҳои навро талаб мекард ва аз забони адабӣ дур мешуд.Ба замми ин дар натиҷаи ба миён омадани фарқиятҳои намоён дар инкишофи сиёсӣ, динӣ ва иҷтимоии кишварҳои олами форсизабонон баъд аз асри шонздаҳ дар байни шеваҳои ҳам адабӣ ва ҳам гуфтугӯӣ монандии ҷиддие ба миён омаданд. Аз асри 16 оғоз карда метавон дар бораи забони тоҷикӣ чун мафҳуми илмӣ сухан кард. Дар дохили худи забони тоҷикӣ низ дигаргунӣ ба миён омад ва дар ин замина дар асри 19 байни забони адабиву забони омма ва лаҳҷаҳои маҳалҳои гуногун фарқият дида мешуд. Дар ин давра барои қабул намудани меъёри ягонаи забони адабӣ олимону зиёиён ва адибони тоҷик бо сарварии устод Садриддин Айнӣ корҳои назаррасеро анҷом додаанд. Эшон дар баробари офаридани асрҳои назмиву насрӣ, ҳамзамон аввалин мақолаҳои интиқодӣ ва забоншиносӣ навиштаанд, ки барои ташаккул ва таҳаввули нақди адабӣ ва забоншиносии тоҷик замина гузоштаанд. Дар он солҳо нахустин тақризҳои ба китобҳои дарсӣ навиштаи Устод Айнӣ бештар ба мушоҳида мерасанд. Устод дар мақолаҳояш бештар ба услуби нигориши китоб ва забони он диққат дода, мақсади ӯ содаву омафаҳм намудани забони тоҷикӣ маҳсуб меёфт. Чунин тақризҳо соли 1926 дар рӯзномаи «Овози тоҷик» таҳти сарлавҳаи умумии «Китобҳои тоҷикӣ» чоп шуда буданд, ки мақолаҳои «Ҳисоб», «Барои мактаби меҳнат», «Дарсҳои табииёт», «Раҳнамои сиёсӣ», «Сарфу наҳви забони тоҷикӣ»-ро дар бар мегиранд. Зери сарлавҳаи «Китобҳои тоҷикӣ» чунин суханон навишта шудаанд: «Қавми тоҷик дар боби адабиёти кӯҳна агарчӣ мозии намоён ва таърихи шоёни ифтихореро дорост, дар адабиёти наву китобҳои замонӣ хеле ақиб мондааст». Устод Айнӣ таъкид намудааст, ки то тақсимоти миллӣ дар боби адабиёти нави тоҷик кори намоёне карда нашудааст ва китобҳое, ки дар ин муддат чоп шудаанд, бекамбудӣ набудаанд. Дар китобҳои чопшуда луғатҳои ғайри маъруф, калимаҳои бегона ва ҷузъҳои арабӣ ба кор бурда шуда буданд. Камбудиҳоро саҳифа ба саҳифа ва сатр ба сатр нишон дода, эродҳояшро бо далелҳо собит месозад. Дар мақола-тақризи «Сарфу наҳви забони тоҷикӣ» ки, ба китоби Саидризо Ализода навишта шуда буд, устод Айнӣ менависад: “Ин аввалин китоб дар мавзӯи забони тоҷикӣ буда, метавон аз камбудиҳои он чашм пӯшид. Дар он қоидаҳои сарфу наҳви забони тоҷикӣ сода дарҷ гардида, дар қоидаҳо бисёр луғатҳои арабӣ истифода шудаанд хусусан, истилоҳҳои фанниаш арабӣ, ки худи муаллимон намефаҳманд. То ҳол муҳаррирони тоҷик дар бораи истилоҳҳо ба як қарор наомадаанд. Истилоҳҳои фанниву илмӣ он қадар чизи ғайри муҳим нест, ки як муҳаррир ба ихтиёри худ қабул намояд». Устод камбудиҳоро дар услуби китоб арзёбӣ менамояд ва менависад, ки ин таҷрибаи аввал аст, муаллимонро зарур аст, ки усули ба забони осонтар навиштанро ёд гиранд.Дар мақолаи «Дунёи нав ва алифбои нав» бошад Устод Айнӣ дар мавриди алифбои нави тоҷикӣ баҳс мекунад. «Алифбои нав бояд тарзе тартиб ёбад, ки ҳар фарзанди тоҷик дар як моҳ ҳарфшинос шуда тавонад; баъд аз ҳарфшинос шудан ҳар калима ва ҷумлаи тоҷикиеро, ки бо он алифбо навишта мешавад, бе хато кардан дар зеру забар ва бе ғалат кардан дар лаҳҷаву шева хонда тавонад» менависад ӯ. Дар мақолаи «Дар атрофии забони форсӣ ва тоҷикӣ» бошад Устод дар мавриди монандии забони тоҷикӣ бо забони форсӣ ҳарф мезанад. Ӯ аз лоиҳаҳои А.Фитрат ва А.Семёнов мисол оварда, баргузор намудани конференсияеро дар ин мавзӯъ талаб мекунад, то ки паҳллӯҳои норавшани ин масъала баррасӣ ва муҳокима гардад. Ӯ таклиф менамояд, ки ба ин конференсия аз тамоми маҳаллаҳои тоҷикнишин намояндагон даъват шаванд, бигзор даъватшудагон саводи кофӣ надошта бошанд, зеро барои баҳс забони зиндае, ки аз модар омӯхтааст кифоя аст”. Поёнтар қайд мекунад: «Дар дунё ҳеҷ қавме нест, ки ҷудогонагии ҷузъи лаҳҷаҳои маҳаллиро дар назар гирифта, барои ҳар лаҳҷа як забони ҷудогона сохта бароварда бошад... Забони тоҷикиро эрониҳо низ мефаҳманд. Ҳам тоҷику ҳам эронӣ асарҳои Саъдию Ҳофиз, Низомиву ва монанди инҳоро бо шавқи том мехонанд ва аз бар мекунанд, аммо забони нашри матбуоти имрӯза 60-70 фоиз бо арабиҳои мушкил омезиш ёфтааст, ки баъзан худи эронии саводнок ҳам намефаҳмад”. Ӯ забони тоҷикиро содатарин ва софтарини лаҳҷаҳои форсӣ мепиндорад ва «забони тоҷикиро на забони вайроншудаи форсӣ, чунон ки баъзеҳо ақида доштанд, балки забони мустақили як қавми бузург бо номи тоҷик» мешуморад. Мусташриқи маҷорӣ Ҳерман Вамберӣ дар як фасли ҷилди аввли «Таърихи Бухоро ё худ Мовароуннаҳр», ки «Давраи пеш аз ислом» ном дорад, ин ақидаро исбот кардааст. Маколаи дигари устод Айнӣ, ки дар атрофи алифбои нави тоҷикӣ баҳс мекунад, «Масъалаи таърихӣ дар гирди алифбои нави тоҷикӣ» ном дошта, муаллиф дар мавриди лотинӣ кардани алифбои тоҷикӣ аз гуфтор ба амал гузаштанро таъкид мекунад ва ин корро масъалаи таърихӣ мешуморад. Дар мақолае, ки дигараш бо унвони «Забони тоҷикӣ» нашр шуда буд, Устод дар атрофи алифбои тоҷикӣ баҳс мекунад. Ӯ менависад: «Барои ба кор андохтани забони авомфаҳми тоҷик лаҳҷаи ҷоеро асос карда гирифтан лозим аст. Лекин, ба шарти пурра кардан ва дуруст кардани он бо лаҳҷаҳои ҷойҳои дигар; лаҳҷаҳои ҳамаи маҳалҳоро тафтиш намуда аз дигар ҷойҳо чизҳои муносиби онро қабул кардан лозим аст”. Баъдан пешниҳод менамояд, ки маҷаллаи «Раҳбари дониш»-ро бо забони сода нашр намоянд. Мақолаҳои Устод Айнӣ дар ин солҳо барои муайян намудани меъёри забони адабии тоҷик мусоидат намудаанд. Айнӣ дар баробари таълифи мақолаҳои зиёди адабиётшиносӣ, ки ба нақди адабии муосири тоҷик замина гузоштаанд, як зумра мақолаҳо оид ба забоншиносӣ низ навиштааст, ки дар муайян ва қабул намудани меъёри забони адабӣ ва инкишофи минбаъдаи он хизмат кардаанд. Дар ин замина метавон мақолаҳои шоири тавонои тоҷик Ҳ.Юсуфиро низ қайд намуд, ки дар баробари эҷоди ашъори ҷанговарона ва баландғояи худ инчунин як қатор мақолаҳои интиқодӣ ва забоншиносӣ низ навиштааст, ки дар адабиётшиносӣ ва забоншиносии тоҷик мавқеи муҳим доранд. Яке аз мақолаҳои судмандаш, ”Баъзе фикрҳо дар бораи забони адабии тоҷик” ном дошта, муаллиф дар он дар хусуси ба омма наздик намудани забони адабӣ ҳарф мезанад. Соли 1938 ду ҷаласаи машваратии забоншиносӣ (феврал ва ноябри соли 1938) барпо мегардад, ки дар он роҳҳои минбаъдаи инкишофи забони тоҷикӣ баррасӣ мегарданд. Дар ин замина лоиҳа низ таҳия гашта, ба баррасии умум гузошта мешавад. Дар моҳи январи соли 1939 Комиссариати халқии маорифи РСС Тоҷикистон бо фармони №1-и худ онро тасдиқ мекунад. Яке аз масъалаҳои муҳими ҷаласаи машваратӣ дар мавриди ба забони омма наздик кардани забони адабӣ махсуб меёфт. Ба ақидаи Ҳ. Юсуфӣ барои он ки забони адабии тоҷик ба забони халқи меҳнаткаш наздик шавад, бояд ба он як қатор дигаргунӣ ворид намуд. Муаллиф ин масъаларо масъалаи муҳим шуморида, таъкид менамояд, ки: «… инро фақат бо иштироки забоншиносон ҳал кардан мумкин нест ва ин гуна ҳал кардани масъала ба халқ ва ба забони халқ беэътиборона нигоҳ кардан аст, чунки забон на танҳо аз они шоирон ва забоншиносон, балки аз они ҳама – аз они халқ аст…»
Ҳабиб Юсуфӣ лоиҳаи қарорҳои ҷаласаро банд ба банд мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, дар мақола андешаҳои хешро иброз менамояд. Ин қарорҳо бо мақсади ба тартиб даровардани масъалаҳои грамматика, истилоҳотшиносӣ ва имлои забони тоҷикӣ, ба забони гуфтугӯӣ наздик кардани забони адабӣ ва қабул кардани қоидаҳои қатъӣ бароварда шуда буданд.
Аз мақолаҳои оид ба забоншиносӣ навиштаи устод С. Айнӣ ва шоири мубориз Ҳ.Юсуфӣ бармеояд, ки он солҳо адибону зиёиён низ дар баробари олимон барои қабули меъёри ягонаи забони адабии тоҷик саҳам гузоштаанд.Аз ин рӯ месазад, ки эшонро низ дар қатори забоншиносон эътироф намоем.
Наимҷонзода Нигора,
ходими калони илмии шуъбаи
китобдории ПИТФИ