Имрӯз Шайдон – маркази ноҳияи Ашт ба як шаҳраки зебову замонавӣ табдил ёфтааст. Дар ин ҷо Маҳмудҷон Воҳидов - ҳунарпешаи барҷастаи театру кинои Тоҷикистон, коргардони театр, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1973), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ (1973), асосгузори театри як актёр дар Тоҷикистон 10 октябри 1939 дар оилаи деҳқон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Дар кӯчаҳои Шайдон бо ҳамкоронамон қадам мегузораму пеши назарам чеҳраи нуронии ин ҳунарманди маъруф ҳувайдо мегардад. Зимни суҳбат бо раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода, муовини раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ, директори Муассисаи давлатии вилоятии Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар ноҳияи Ашт Хушбахт Пӯлодов, директори Осорхона Мавҷуда Мирзоева, мутахассиси пешбари бахши фарҳанги ноҳия Муҳаммадалӣ Мадалиев ва дигарон бо як муҳаббати самимӣ аз Маҳмудҷон Воҳидов ёдовар шудем. Мо дар ягона меҳмонхонаи шаҳраки Шайдон қарор доштем. То бевақти шаб хобам набурд. Оҳиста либосамро ба тан карда, ба кӯча баромадам. Моҳи бадр (пурра) медурахшид. Ба тарафи Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, ки дар тарафи чапи театр қарор дошт, равон шудам. Дар даромадгоҳ нимпайкараи ҳунарманд бо ҳамон чеҳраи ошно насб гардида буд. Чанде аз рубоиёти Хайёмро дар ин нимашаб хондам, шунаванда нимпайкараи ҳунарманд буду гулу дарахтони атрофи он ва боди сабо. Хотиротам маро боз ба Бағдод бурд...
СИТОРАЕ ДУРАХШИД
Ҳанӯз 68 сол қабл дар рӯзҳои Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар шаҳри Москва, ки моҳи апрели соли 1957 баргузор гардид, дар толори консертии ба номи Чайковский ҷавоне бо тоқии чоргулу ҷомаи беқасаб шеърҳои Мирзо Турсунзодаро бо садои ҷарангосиву мутантан ва маҳорати баланд дар бораи сулҳу дӯстӣ хонд ва таваҷҷуҳи аҳли толорро ба худ ҷалб кард. Ин ҷавон узви маҳфили ҳаваскорони бадеии деҳаи Шайдони ноҳияи Ашт Маҳмудҷон Воҳидов буд. Баромади ӯ ба Олга Пижова, роҳбари бадеии студияи тоҷикии Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи Луначарский, профессор, хеле маъқул шуд. Абдусалом Раҳимов, Артисти халқии ҷумҳурӣ, зимни суҳбат аз ӯ хоҳиш кард, ки барои қабули Маҳмудҷон ба таври истисно ба ин донишкадаи номдор мусоидат намояд. Баъди бозгашт аз Маскав дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон як сол кор кард. Сипас, ӯро якбора ба курси 3-юми шуъбаи тоҷикии донишкада дохил карданд. Донишкадаи давлатии санъати театри Москва (ГИТИС)-ро соли 1960 хатм кард. Солҳои 1960-1961 ҳамчун ҳунарпешаи Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ ҳунарнамоӣ кард ва аз соли 1961 ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ буд.
Соли 1973 вақте ки нақши Рӯдакиро офарид, ҳамагонро ба ваҷд овард. 5 декабри соли 1973 Маҳмудҷон Воҳидов ба унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сазовор гардид. Ҳамон сол бо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сарфароз гардид. Ҳамчунин, барои иштирок дар кинофилми “Достони Рустам” бо ордени “Нишони Фахрӣ” ва медалҳо мукофотонида шудааст.
Ӯ бо овози ширадору ҷолиб, сеҳрангез ва диди шоирона асосгузори театри як актёр дар Тоҷикистон мебошад. Маҳмудҷон Воҳидов мураттиб, коргардон (режиссёр) ва иҷрокунандаи якчанд намоишҳо, мисли: “Гуфтугӯ бо худ” (аз рӯи рубоиёти Умари Хайём, 1967), “Ватан ва фарзандон” (аз рӯи ашъори шоирони Тоҷикистон, 1969), “Ишқи зиндагӣ” (аз рӯи ашъори Ҳофиз, 1971) аст. Истеъдоди режиссёрии ӯ дар спектакли “Алломаи Адҳам ва дигарон”-и С. Улуғзода (1976) равшан зоҳир шудааст.
Маҳмудҷон дар охирон сафари ҳунариаш дар Ироқ ғазалиёти Ҳофизу Ҷалолуддини Румӣ ва рубоиёти Хайёмро ба забони арабӣ хонд ва дар байни тамошобинон ҳангомае бархост. Ҳама «Воҳидов!!!» мегуфтанду ба истиқболаш беист қарсак мезаданд. Гӯё ба шамъе шабоҳат дошт, ки бори охир рӯшан шуд. Ӯ 9 ноябри соли 1977 дар яке аз меҳмонхонаҳои Бағдод фавтид ва ормонҳои зиёдеро бо худ бурд.
Маҳмудҷон Воҳидов алифбо ва забони арабиро омӯхт, то рубоиёти Умари Хайём ва ғазалиёти Ҳофизро ба забони арабӣ хонад. Ӯ ба мақсади санҷиши талаффузаш чанде дар Донишкадаи шарқшиносӣ дар ҳузури олимон баромад кард ва сазовори баҳои хуб гардид. Ӯ ҳамзамон, ба омӯхтани забони англисӣ машғул шуд, то шеъри оламгири тоҷикӣ-форсиро дар саҳнаҳои пурнуфузтарини дунё ба самъи мардуми Ғарб расонад ва нақши Ҳамлетро бозад.
ОРМОНҲОИ МАҲМУДҶОН
ВОҲИДОВРО АМАЛӢ НАМОЕМ
Маҳмудҷон дар синни 38-солагӣ, дар айни авҷи камолот дунёро падруд гуфт ва бо ҳунари волояш дар дилу дидаи мухлисон ҷой гирифт. Вале суоли матраҳ ин аст, ки чаро то имрӯз бо гузашти беш аз 48 сол касе ормонҳои Маҳмудҷон Воҳидовро пиёда накард? Магар ҷавонони ҳунарманду боистеъдод ва забондон каманд?
Хуб мешуд, ки Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати кишвар барои дарёфту тарбияи ҷавонони соҳибистеъдод дар ин самт, яъне қироати ашъори ноби классикон ба забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ, англисӣ, фарансавӣ, арабӣ, хитойӣ, итолёӣ ва дигар забонҳо саҳим бошанд. Дар ин ҷода макотиби олӣ, ки дар онҳо забонҳои хориҷӣ омӯзонда мешаванд, метавонанд нақши бағоят муҳимро бозанд. Бигузор беҳтарин тарҷумаҳои ашъори Устод Рӯдакӣ, Умари Хайём, Низомӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ, Бедил, Ҷалолуддини Балхӣ ва дигар шоирони классикиву муосир ба забонҳои хориҷӣ мавриди тадрису омӯзиш қарор гиранд. Ва, ҳамзамон, ба шакли китоб бо сифати баланд ва теъдоди зиёд интишор ёбанд, то дастраси сайёҳони хориҷӣ низ гарданд. Хуб мебуд, ки кормандони корпусҳои дипломатӣ, сафоратхонаҳо, роҳбаладони гурӯҳҳои сайёҳӣ аз ин ганҷи ниёгон баҳраманд бошанду онро ба самъи меҳмонони хориҷӣ расонанд ва меҳру муҳаббати онҳоро нисбат ба тоҷикону Тоҷикистон афзун гардонанд. Баргузор кардани озмунҳои ҷумҳуриявӣ оид ба дарк ва қироати ашъори классикӣ ба забонҳои хориҷӣ ба манфиати кор аст. Бигузор беҳтарин соҳибистеъдодҳо ҳикмати ин ганҷи шойгонро дар саҳнаҳои пурнуфузтарини давлатҳои дунё ба самъи мардум расонанд, ормонҳои Маҳмудҷон Воҳидовро амалӣ гардонанд ва муҳимтар аз ҳама пайрави Пешвои миллат бошанду мақом, обрӯю нуфӯз ва эътибори тоҷику Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд.
НАҚШҲОИ САҲНАВӢ ВА ФИЛМНОМАҲО
Дарки олами ботинии қаҳрамон овози ҷарангдор ва хусусан, таъсири амиқи эҳсосӣ ба тамошобин ҷиҳатҳои асосии маҳорати артистии Маҳмуд Воҳидов мебошанд. Соли 1973, вақте ки нақши Рӯдакиро офарид, ҳамагонро ба ваҷд овард. Нақшҳои асосии иҷрокардаи Маҳмуд Воҳидов: Митя («Камбағалӣ айб нест»-и А. Островский, 1960), Дурандарте («Шоҳ гавазн»-и К. Гоцци, 1960), Незнамов (Гунаҳгорони бегуноҳ"-и А. Островский, 1962, 1974), Кассио («Отелло»-и У. Шекспир, 1963), Бейли («Ҳуррият»-и Ғ. Абдулло, 1964), “Ромео ва Ҷулета"-и У. Шекспир, 1963), Моцарт («Фоҷиаҳои хурд»-и А. Пушкин, 1966), Азизӣ («Дуэл»-и М. Байҷиев, 1969), Бежан («Бежан ва Манижа»-и Ҳ. Хушкинобӣ, 1970), Эзоп («Эзоп»-и Г. Фигейреду, 1971), Рӯдакӣ («Рӯдакӣ»-и С.Улуғзода, 1973), Мамбет («Қуллаи Фудзияма»-и Ч. Айтматов ва Қ. Муҳамадҷонов, 1974), Усмонхоҷа («Гарнизон таслим намешавад»-и Ҷ. Икромӣ, 1974), Хизрхон («Фарёди ишқ»-и Ғ. Абдулло, 1975), Соломахин («Машварат»-и А. Гелман, 1976), Ясон («Медея»-и Еврипид, 1977) ва ғайра мебошад.
Дар саҳнаи тоҷик Маҳмудҷон Воҳидов асосгузори намоиши театрӣ бо иштироки як актёр аст. Ӯ овози ширадор ва диди шоирона дошт. Асосгузори театри як актёр дар Тоҷикистон буда, мураттиб, коргардон ва иҷрокунандаи якчанд намоишҳо, мисли «Гуфтугӯ бо худ» (аз рӯи рубоиёти Умари Хайём, 1967), «Ватан ва фарзандон» (аз рӯи ашъори шоирони Тоҷикистон, 1969), «Ишқи зиндагӣ» (аз рӯи ашъори Ҳофиз, 1971) мебошад.
Истеъдоди коргардонии ӯ дар спектакли «Алломаи Адҳам ва дигарон»-и С. Улуғзода (1976), дар роли Пашков худи Воҳидов равшан зоҳир шудааст.
Маҳмуд Воҳидов инчунин, дар филмҳои киностудияи «Тоҷикфилм»: «Зумрад»-нақши Шариф (1961), «Ҳасани аробакаш»-Раҷаб (1965), «Ҷӯра Саркор»-котиби райком Қодиров (1965), «Достони Рустам»-Тӯлод (1971); «Ситора дар торикистон»-Аҳмади Дониш (1972), «Асрори гузаргоҳ»-Олим (1973) ва ғайраро бозидааст. Ӯ дар дубляжи бисёр филмҳо иштирок кардааст.
БУЗУРГОНРО БУЗУРГОН
ЗИНДА МЕДОРАНД
Бо ташаббус ва ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия-шаҳраки Шайдон бинои муҳташами театр қомат афрохт. Пешвои миллат 26 марти соли 2016 зимни сафари хеш ба ноҳияи Ашт, шаҳраки Шайдон Театри мусиқӣ-драмавиро ба номи Маҳмудҷон Воҳидов гузоштанд. Сақфи толори театри мазкур ба таври гунбази муҳташам сохта шуда, бо нақшу нигори миллӣ аз гаҷ хеле зебо ороста гардидааст, ки таваҷҷуҳи ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекунад. Театр дорои 800 ҷойи нишаст буда, дар он қариб 60 нафар фаъолият доранд. Дар даромадгоҳи театр нимпайкараи Маҳмуд Воҳидов гузошта шудааст. Дар ҷавори театр Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи М. Воҳидов қарор дорад, ки ҷойи истироҳати сокинон ва меҳмонон мебошад. Ғайр аз ин маҳалла ва гимназияи №1 дар Шайдон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов гузошта шудааст. Солҳои мадидест, ки Театри давлатии ҷавонони шаҳри Душанбе ҳомили номи ин ҳунарманди маъруф аст.
ГУЛНАЗАР: ШЕЪРИ МАРО
МАҲМУДҶОН ВОҲИДОВ ҚИРОАТ КАРД
Чанд сол қабл зимни мусоҳиба бо шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Сурӯди миллӣ Гулназар иброз дошт, ки дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳти сарпарастии устод Муродӣ (равонашон шод бод!) маҳфили адабии «Адибони ҷавон» доштем ва устодон зуд-зуд меҳмони мо буданд. Ман дар ин маҳфилҳо бо бисёр устодон шиносоӣ пайдо кардаам, ки яке аз онҳо устод Қаноат буд. Ин шахси бузург бо шеъраш, бо донишаш, бо тафаккури амиқи илмиаш ҳамеша маро мафтун мекард.
Вақте ки дар курси се мехондам, чанд шеърамро ба идораи «Садои Шарқ» бурдам. Мӯъмин Қаноат онҳоро қироат кард ва бо хушнудӣ ба Маҳмуд Воҳид, ки он ҷо ҳозир буд, гуфт:
- Ку, як бор ту хон.
Маҳмудҷон дастхати маро гирифту шеъри «Дар сари гӯри аскари гумном»-ро бо овози нотакрораш қироат кард.
Қаноат гуфт:
- Чоп кунем?
Маҳмудҷон гуфт:
- Ба ман маъқул!
Баъди чанд вақт ҳамин шеър ва «Шоира» ном шеъри дигари ман, ки ба Жолаи Бадеъ бахшида будам (бояд гӯям, ки Жола ин шеърро хуш пазируфта буд), дар «Садои Шарқ» чоп шуд. Он вақт дар ин маҷаллаи бонуфуз шеър чоп кардан ба кашфи Амрико баробар буд. Солҳо гузаштанд, устод Қаноат ҳамин тавр ҷавон, бо шеъри ҷавон, бо тафаккури ҷавон монд. Чӣ ҳаёти ибратбахше!
Бо Лоиқ ва Бозор барвақт шинос будам. Ва ману Бозор дар як рӯз ба узвияти Иттиҳодияи нависандагон пазируфта шудем. Ва ман солҳои зиёд бо устод Лоиқ ва Бозор дар як идора кор кардаам. Ҳар ду ҳам шоире ҳастанд, ки мактаб доранд ва мактаб доштан кори ҳар сухангӯ нест. Шеъри онҳо боз бисёр насли шоирони моро тарбия хоҳад кард. Шеъри онҳо – шеъри дарди миллат, дарди замон, дарди бохтҳову гумкардаҳо буд ва ҳаст. Ва ҳамин дард сарманшаи шеъри ҳақиқист.
“ЮСУФИ ГУМГАШТА БОЗ ОЯД БА КАНЪОН”
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Нурулло Абдуллоев дар мусоҳиба бо Меҳрофарин Наҷибӣ 13 ноябри соли гузашта дар Азия-Плюс-и тоҷикӣ оид ба марги мармузи Маҳмудҷон Воҳидов зикр мекунад, ки ин хабари нохуш ва даҳшатнок ба онҳо вақте расид, ки аҳли театр дар рӯзи истироҳат дар ноҳияи Ҳисор пахтачинӣ мекарданд. Хабарро ба онҳо ҷонишини директор Соро Эшонхоҷаева овард, ки худ дарун-дарун хун мегирист. Вақте ҳайати ба Ироқ сафаркарда ба Душанбе баргаштанд, миёнашон Маҳмудҷон набуд.
Намояндагони КГБ ба Театри Лоҳутӣ омада, чанд нафар, аз ҷумла Фаррух ва Хуррам Қосимовҳо, Самеъҷон, Жения ва Нурулло Абдуллоро барои шиносоии марҳум даъват карданд.
- Осеби шадиди сар ва дасти шикаста сабаб шуд, ки мо устодро нашинохтем. Ё аслан қабул кардан намехостем, ки он майит Маҳмудҷон Воҳидови нотакрор аст. Танҳо пас аз кӯмаки ороишгар тасдиқ гардид, ки он ҷисми беҷони Маҳмудҷон-ака аст.
Он замон мегуфтанд, ки шаби 8-уми ноябр Маҳмудҷон аз ошёнаи 7-и меҳмонхонаи Бағдод ба поён афтода, ба мошини боркаш зада, қариби субҳ ҷон додааст.
- Маросими хайрбод басо сахт гузашт ва ҳеҷ кас ба ҳоли худаш набуд. Бо вуҷуди ҳамаи кӯшишҳо, Москва қарор дод, ки хайрбоди Маҳмудҷон-ака бо тобути сарпӯшида гузарад. Тобутро бо сарпӯши маҳкам дар даромадгоҳи Театри Лоҳутӣ гузоштанд. Посбонҳои фахрӣ ҳам ҳар даҳ дақиқа иваз мешуданд. Маросим чандин соат давом кард, ҳама мегиристанд...
Маҳмудҷонро мӯйсафедони деҳаи Шайдон шуставу кафан карда, дар Лучоб ба лаҳад гузоштанд. Бисёре аз дӯстон ба марги ин нобиға бовар намекарданд. Баъзеҳо, бо шумули ман то имрӯз ба он бовар карда натавонистем. Ҳама боварӣ доштем: рӯзе мешавад, ки Маҳмудҷон Воҳидов бармегардад. Ва сабаби ба саҳна омадани намоишномаи “Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон” ҳам ҳамин аст, ки онро нобиғаи дигари театр Фаррух Қосимов рӯи саҳна оварда ва ба ёди Маҳмудҷон Воҳидов бахшида буд.
“ПАЙМОНАИ УМР”-И
ҲУНАРМАНД ДАР БАҒДОД ПУР ШУД
Назруллоҳ Назаров, нахустин сафири Тоҷикистон дар кишварҳои арабӣ ва шоири арабзабон ва тарҷумони шинохтаи тоҷик, ки қаблан дар Ироқ солҳои 1972-73 ва 1978-82 ба ҳайси тарҷумон фаъолият дошт, зимни суҳбат бо Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus оид ба ин масъала ёдовар мешавад:
- Соли 1977 Даҳаи адабиёту санъати мардуми Шӯравӣ дар Ироқро бояд Тоҷикистон муаррифӣ мекард ва ман ба ҳайси корманди Ҷамъияти дӯстӣ дар омодасозии барномаи фарҳангии Даҳа ширкат варзидам.
Баъзе аз сурудҳои ҳунармандони тоҷикро ба забони арабӣ тарҷума кардам, аз ҷумла чанде аз рубоиёти Хайёмро ба устод Маҳмудҷон Воҳидов барои илқо дастрас намудам ва суруди “Хосияти дукокула”-и устод Ҷӯрабек Муродовро ба лаҳҷаи ироқии забони арабӣ тарҷума кардам, то онро дар маҳфилҳои ҳунарӣ дар Ироқ сароянд. Вале ман ҳамчун тарҷумон бо Маҳмудҷон Воҳидов ва дигар ҳайати гурӯҳ ба Бағдод рафта натавонистам ва Мирзо Тоҳиров, ки устоди донишгоҳ буду таҷрибаи бештар дошт, бо ин ҳайат ба Ироқ рафт.
- Марги мармузи Маҳмудҷон Воҳидов барои миллати мо талафоти маънавии сангин дошт ва ҷузъиёти ин ҳодиса барои ҳама норавшан боқӣ монд. Хабари яқин он аст, ки Маҳмудҷон Воҳидов шабона, вақте ҳама дар хоб буданд, аз балкони меҳмонхона афтиду ба ҳалокат расид. Дар ин маврид тадқиқоти жарфе анҷом дода нашуд, зеро ҳеҷ гуна далели шайъӣ барои тадқиқот вуҷуд надошт.
- Назари шахсии ман ин аст, ки дар қазияи марги Маҳмудҷон Воҳидов сӯйиқасде набуд ва буда ҳам наметавонист, ин ҳунарманди асил маҳбуби ҳамагон буд ва душмане надошт, ки қасди куштани варо кунад.
Он чи рух дод, фоҷеа буд аз қазову қадари худи шодравон ва талафоти сангин ба санъату ҳунари тоҷик. Аз ин фоҷеа, чи тавре медонам, аъзои ҳайат танҳо ҳангоми бозгашт дар дохили ҳавопаймо воқиф гардиданд.
Дар кул, марги Маҳмудҷон Воҳидов замоне як миллатро ба мотам нишонд ва талафоте барои санъату ҳунари тоҷик шуд, ки фаромӯшношуда-нист.
Зимни суҳбати сарироҳӣ аз устод Назруллоҳи Назар пурсидам, ки кадом рубоиёти Хайёмро ба забони арабӣ ба Маҳмудҷон Воҳидов пешкаш кардед? Устод танҳо як рубоиро ба ёд овард, ки навиштам ва пешкаши хонандагон мегардонем:
Омад саҳар ин нидо зи майхонаи мо,
К-эй ринди хароботию девонаи мо,
Бархез, ки пур кунем паймона зи май,
З-ин пеш, ки пур кунанд паймонаи мо.
БАҒДОД
Солҳои 1985-1989 дар шаҳрҳои Киркук ва Носирияи Ироқ ба ҳайси тарҷумон фаъолият доштам ва зуд-зуд ба пойтахти он-Бағдод меомадам ва чанд рӯз зимни пешвозу гусели мутахассисони шӯравӣ дар виллаи иҷоравиамон сукунат доштам. Ростӣ, ман Бағдод ва умуман Ироқро бо осорҳои таърихиаш дӯст доштам. Борҳо Бобулу Наҷафу Карбало ва дигар шаҳрҳои таърихиро дидаам. Чандин маротиба мақбараи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собитро, ки дар минтақаи калонтарин-Аъзамияи шаҳри Бағдод воқеъ гардидааст, зиёрат кардам. Моҳи ноябри соли 1987 баъди 10 соли фавти Маҳмудҷон Воҳидов ба меҳмонхонаи “Ширатон” омадам. Ҳамон меҳмонхонае, ки ӯ аз ошёнаи ҳафтумаш афтода буд. Аз маъмурияти меҳмонхона оид ба фавти ин ҳунарманди маъруф пурсидам. Чун маъмурият иваз шуда буд, дар ин бора ягон маълумоте гирифта натавонистам. Дар назди фаввораи меҳмонхона то дер боз нишаста, ба ёди бародари ҷавонмаргам ва Маҳмудҷон Воҳидов сиришк рехтам ва ин ояти Қуръон “Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун” ва рубоии зер тасаллои дилам шуд:
Онҳо, ки куҳан шуданду онҳо, ки наванд,
Ҳар як ба муроди хеш як-як бидаванд.
Ин мулки ҷаҳон ба кас намонад боқӣ,
Рафтанду равему дигар оянду раванд.
Мунаввари САФАР,
ходими пешбари илмии ПИТФИ
Душанбе-Ашт-Душанбе