Агар ба рушд ва тараққии китобхонаҳои шаҳри Конибодоми вилояти Суғд ва фаъолияти онҳо назар афканем, мавҷудияти онҳо, сарфи назар дар кадом шароит қарор доштан ва хизматрасонияшон ба қадри имкон барои аҳолӣ, худ фоли нек ва нишондиҳандаи таъсири онҳо мебошад. Дар ин шаҳр айни замон 29 китобхона бо фонди умумии 155204 нусха китоб фаъоляит дошда, ба қадри имкон бо сокинони илмдӯсту фарҳангпарвар робита барқарор мекунанд. Дида мешавад, ки дар нуҳмоҳаи соли 2025 диҳиши китобӣ ба 85880 адад мерасад ва ин худ баёнгари таъсири мусбии китобхонаҳо унвон мегардад.
Дар шароити рушди технологияи замони муосир ва нисбатан табдил ёфтани каломи матбуъ ба сухани электронӣ мардуми маҳал то ба ҳол ба сухани чопӣ, дар шакли китобу маҷалла ва нашрияҳо, майлу рағбат дошта, робитаи худро аз китобхонаҳо канда намекунанд. Ин омил боис гардидааст, ки танҳо дар нуҳмоҳаи соли 2025, 8229 нафар хонанда аз китобхонаҳои шаҳри конибодом истифода бурдаанд. Ин нишондиҳанда баёнгари он аст, ки ҳамасола тақрибан 20%-и аҳолӣ, ки теъдоди он 54 ҳазор нафар мерасад, ба китобхонаҳо муроҷиат мекунанд.
Афзудани адабиёти илмию бадеӣ барои китобхонаҳо ҳамасола ба назар мерасад. Танҳо дар нуҳмоҳаи соли 2025 аз ҷониби Раёсати фарҳанги вилоят, буҷаи маҳаллӣ, китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ва муаллифону соҳибкорон 690 адад китоби нав, бо маблағи 29014 сомонӣ барои китобхонҳо харидорӣ шудааст. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ Китобхонаҳои системаи марказонидашудаи шаҳри Конибодом (минбаъд КСМ) 750 чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ, табиатию тиббӣ, техникию кишоварзӣ, санъату варзиш ва бадеию филологӣ бо иштироки 15243 нафар баргузор намудааст.
Агар дар бораи мушкилот ва норасоиҳо сухан гуфта шавад, нахуст камбудӣ дар биноҳои китобхонаҳо дида мешвад. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди шаҳри мазкур ягон китобхонаи нав таъсис наёфта, ҳамзамон барҳам нахурдааст. Баъзан китобхона аз таъмири сабук гузаронида шудаанд. Биноҳои китобхонаҳои шаҳри Конибодом ба талабот ҷавобгӯ набуда, аз 29 китобхона 2 адад дар ҳолати садамавӣ, 5 адад таъмирталаб, 4 адад дар хонаҳои шахсӣ, 7 адад дар биноҳои мактабҳо, 5 адад дар биноҳои ҷамоатҳо, 4 адад дар иморатҳои бахши фарҳанг ва 2 адад дар ташкилоти дигар ҷойгир мебошанд. Аз рақамҳои фавқ дарк мегардад, ки то ба ҳол ягон китобхонаи шаҳри Конибодом ба бинои алоҳида таъмин нагардидааст.
Як камбудии дигари китобхонаҳои шаҳри Конибодом дар он дида шуд, ки аз 154514 нусха китоб 39068 адади онҳо бо забони тоҷикӣ буда, боқӣ бо забони русӣ ва дигар забонҳо мебошанд. Кормандони китобхонаи марказӣ низ ин паҳлуи масъаларо матраҳ намуда, аз вазъи ҷойдошта нигаронӣ намуданд. Ба таъкиди онҳо тақрибан аксари китобҳои бо забони русӣ ва дигар забонҳо аз истифода мавқуф буда, аҳёнан аз онҳо суроғ мешавад. Чунин китобҳои кӯҳна хонандаи кам дошта, дар рафҳо ба таври ҳамешагӣ боқӣ мемонанд.
Таъмин набудани китобхонаҳои шаҳри Конибодом бо технологияи замони муосир аз қабили интернет, принтер, сканер ва дигар таҷҳизоти зарурӣ аз мушкилоти дигар дониста мешавад. Ҳамагӣ дар КСМ-и шаҳри Конибодом 3 адад компютер, 2 адад принтер, 1 адад сканер буда, қариб ҳамаашон корношояманд. КСМ-и шаҳр ба шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст нест, ҳамзамон китобхонаи электронӣ ташкил нашуда, феҳристи электронӣ низ амал намекунад. Сабаби ин норасоӣ ба гуфтаи масъулони китобхонаҳо дар набудани маблағи кофӣ мебошад. Омори хаттӣ нишон медиҳад, ки дар нуҳмоҳаи соли 2025 барои КСМ ашёи зарурӣ аз қабили компютер, принтер, сканер, ноутбук, рафи китоб, қолин, парда, курсӣ, миз, гармкунаки барқӣ ва ғайраҳо харидорӣ нашудааст.
Китобхонаи бачагона гарчанде ба қадри тавон бо хонандаи наврас иртибот барқарор намудааст, аммо он низ вазъи хуб надорад. Бинояш ба талабот ҷавобгӯ набуда, хосатан дар фасли сармо нишастан дар он амали тоқатфарсо мебошад. Он бо фонди 11056 нусха китоб фаъолият мекунад. Аз ин теъдод ҳамагӣ 2791 нусха бо забони тоҷикӣ буда, 8265 адади дигар бо забони русӣ мебошад. Таҳқиқи нишон дод, ки китобҳои бо забони русӣ мувофиқи ҳоли бачагон набуда, нисбатан камтар истифода мегарданд. Аксари китобҳои бо забони тоҷикӣ низ хоси тафаккури насли калонсол буда, ба наврасон нафъ надоранд. Агар дар нуҳмоҳаи соли 2025 ҳамагӣ 2903 адад китоб ба бачагони синни то 15-сола дода шуда бошад, аз ин теъдод 2233 адад бо забони тоҷикӣ буда, 670 адад бо забони русӣ мебошад, ки ин гувоҳ бар он аст, ки китобҳои бо забони русӣ камтар истифода мегарданд. Ҳамзамон китобхона дар соли 2025 бо ягон маҷаллаву рӯзномаи хоси кӯдакону наврасон обуна нашудааст. Ҳангоми мушоҳида чанде аз нашрияҳои умумиҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ба чашм хӯрданду халос. Мутаассифона китобхона дар айни замон расман аз директор маҳрум буда, зани нафақахӯре бо номи Тошбоева Эътибор онро идора мекунад ва аз нозукиҳои фаъолияти китобдорӣ огаҳии кам дорад.
Ҳаминтариқ аз мушоҳида ва таҳқиқоти вазъу ҳолати кунунӣ ва фаъолияти китобхонаҳои шаҳри Конибодоми вилояти Суғд ва фаъолияти дигар китобхонаҳои ҷумҳурӣ хулоса гардид, ки рушд ва мушкилоти китобхонаҳо дар сатҳи мамлакат тақрибан яксон ба назар мерасад. Иддае аз мушкилоту камбудиҳо дар бештар китобхонаҳо яксон буда, дар баъзе масоили дигар аз ҳам фарқ мекунанд.
Мудири шуъбаи
фаъолияти китобдорӣ
Исоев Қ.

