Миллати тоҷик дар дарозои таърих соҳибкитоб буда, бузургони он ба таъсиси китобхонаҳои хусусӣ камари ҳиммат барбастаанд. Насируддини Тӯсӣ дар шаҳри Мароға расадхонаеро соҳиб буд, ки он дорои беш аз 40 ҳазор китоб буд. Муҳаммад ибни Муслим яке аз аввалин шахсиятҳоест, ки китобхонаи шахсӣ бунёд намудааст. Таърих ёд мекунад, ки муаррихи машҳури замон ал-Воқидӣ пас аз марг 600 сандуқи пур аз китобро боқӣ гузошт, Низомулмулк дар тамоми корвонсаройҳо барои мусофирину меҳмонон китобхонаҳои хусусӣ таъсис дода буд ва дигар бузургони форсу тоҷик китобхонаҳои шуҳратёре бо теъдоди ҳангуфти китобҳо таъсис дода, дар хидмати мардум гузоштаанд, ки то ба имрӯз таърих аз онҳо ёд мекунад...
Ин аст, ки фаъолияти китобхонаҳои хусусӣ то ба ҳол чун анъанаи неки гузаштагони хирдманди миллати тоҷик дар кишвари азизи мо боқӣ мондааст. Имрӯз дида мешавад, ки дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат шахсиятҳои олиму донишманд, ки ба қадри китоб мерасанд, ба он арҷ мегузоранд, адабиёти арзишмандро маҳфуз нигоҳ медоранд ва дар истифодаи умум қарор медиҳанд. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар майдони фаъолияти пурвусъати китобдорӣ китобхонаҳои шахсӣ нақши муҳим дошта, дар бештар маврид нерӯмандии фонди онҳо аз дигар китобхонаҳо бартар меистад. Аз он ки шахс дар муддати тӯлонӣ китобҳои хостаи хешро гулчин менамояд, сарфи назар аз қимати он харидорӣ мекунад, тадриҷан китобҳои ҷамъкардаи ӯ ба як хазинаи нодиру гаронбаҳо табдил меёбанд. Чунонки соҳибназарон менависанд: “Қимати захираи китобии китобхонаҳои шахсӣ ва шуурнокӣ, эътиқод, аз касбу кори ҳар соҳибкитоб вобастагӣ дорад. Соҳибони қисме аз ин китобхонаҳо бо андешаю пухтакорӣ захираи китобии худро созмон медиҳанд. Барои дарёфти китобҳои камёфт ба чандин мағозаҳои китобфурӯшӣ қадам ранҷа мекунанд. Аз байни китобҳои бешумор якеро хоста мегиранд. Ин маъние дорад, ки мазмуни захираи китобии китобхонаҳои шахсӣ нисбат ба дигар китобхонаҳо дар пояи баланд меистад”. Аз ҷониби дигар китобхонаҳои шахсӣ ба гунаи табиӣ падид омада, нерӯи қудратманде дар ғановатмандии соҳаи китоб маҳсуб мегарданд. Аз ин лиҳоз дар замони ҷаҳонишавӣ, таҳоҷуми фарҳангҳо ва дигар мушкилоту проблемаҳои соҳаи фаъолияти китобдорӣ, эҳё ва истеҳкоми китобхонаҳои шахсӣ аз ҷониби соҳибкитобону илмдӯстон зарурати таъхирнопазир маҳсуб мегардад. Маълум аст, ки тамоми китобхонаҳои хусусии мамлакат имрӯз дар тавозуни бахшҳои фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ қарор доранд ва ин омил водор месозад, ки масъулони бахшҳои фарҳанги шаҳру навоҳии кишвар ба китиобхонаҳои шахсӣ таваҷҷуҳи ҳамаҷониба дошта бошанд, бо соҳибони онҳо иртиботи зич барқарор намоянд ва онҳоро мавриди дастгирӣ қарор бидиҳанд.
Дар ҷараёни сафаре, ки мо кормандони Пажуҳишгоҳ ба шаҳри Конибодоми вилояти Суғд доштем ва ҳадафи он низ омӯзиши вазъи китобхонаҳои шаҳри мазкур буд, назаре низ ба ҳолати китобхонаҳои шахсӣ гардид. Дар ҳудуди шаҳри Конибодом имрӯз 4 китобхонаи шахсӣ фаъолият дорад. Ба андешаи муасъулони китобхонаи марказӣ теъдоди онҳо ба 5 мерасидааст, аммо мутаассифона бо даргузашти соҳиби яке аз онҳо китобҳо аз ҳифозат берун монда, адади онҳо ба 4 фуромадааст. Китобхонаҳои хусусӣ, ки дар ҷ/д Пулдон, к. Ободон 136, к. Бобокалонов 2, ҷ/д Пулдон к. Рӯдакӣ ва деҳаи Ниёзбек, к. Навоӣ ҷойгир мебошанд, ба Қулдошем М, Ҳоҷибоева Замира, Юнусов Фаррух ва Қӯчқоров Давлатёр тааллуқ доранд. Мусаллам аст, ки афроди номбурда аз аҳли илму адаб буда, китобдӯстӣ, фарҳангсолорӣ ва меҳандӯстии эшон боис гардидааст, ки чунин мероси маънавию фарҳангиро баҳри насли оянда ба мерос гузоранд. Имрӯз амали неки онҳо барои дигарон чун намунаи ибрат қарор гирифта, аз он пайравӣ мебояд.
Китобхонаи хусусии Қулдошев М. Дорои 750 адад китоб буда, 500 адад бо забони тоҷикӣ, 170 адад бо забони русӣ ва 80 адади дигар бо забони ӯзбекӣ мебошад. Дар давоми нуҳ моҳи соли 2025 ба китобхонаи мазкур 6 нафар хонанда ташриф оварда, диҳиши китобияш ба 25 адад расидааст. Китобхонаи Ҳоҷибоева Замира дорои 440 адад китоб мебошад, ки аз ин теъдод 350 адад бо забони тоҷикӣ, 50 адад бо забони русӣ ва 40 адад бо забони ӯзбекӣ мебошад. Дар давоми нуҳ моҳи соли 2025 ба ин китобхона 4 нафар ташриф оварда, диҳиши китобияш ба 14 адад расидааст. Китобхонаи Юнусов фаррух бошад дорои 1866 адад китоб буда, аз ин теъдод 1233 адад бо забони тоҷикӣ, 463 адад бо забони русӣ ва 170 адад бо забони ӯзбекӣ мебошад. Дар давоми нуҳ моҳи соли 2025 ба ин китобхона 5 нафар ташриф оварда, диҳиши китобияш ба 18 адад мерасад. Китобхонаи Қӯчқоров Давлатёр бошад дорои 2000 китоб буда, аз ин теъдод 1387 адад бо забони русӣ, 613 адад бо забони ӯзбекӣ боқӣ бо забони тоҷикӣ мебошанд. Дар давоми нуҳ моҳи соли 2025 аз ин китобхона 6 нафар дидан намуда, диҳиши китобияш ба 32 адад мерасад. Дар маҷмуъ китобхонаҳои мазкур имрӯз бо фонди умумии 5056 адад китоб фаъолият дошта, кам ҳам бошад ба сокинони маҳал хизмат мерасонанд. Бурди онҳо дар он аст, ки то ба ҳол хонанда аз онҳо қатъи робита накарда, аз махзани маонии онҳо баҳравар мегардад.
Соҳибони китобхонаҳои мазкур аз амали худ қаноатманд буда, хушҳолӣ аз он мекунанд, ки хазинаҳои гаронбаҳои эшон пуле миёни онҳо ва мардум гардидааст. Китобхонаҳо боис гардидаанд, ки мардум ба зиёрати онҳо мераванд ва тавассути он миёни худ ва мардум робитаи доимӣ барқарор мекунанд.
Мудири шуъбаи
фаъолияти китобдорӣ
Исоев Қ.