Таҳаввули хонаҳои фарҳанг дар замони истиқлол

Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ, Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама самтҳои иҷтимоӣ ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки соҳаи фарҳанг аз ин пешравӣ дар канор намондааст. Чунки фарҳанг дар шинохт ва муаррифии миллату давлат маҳаки асосӣ ба ҳисоб меравад. Бунёд ва таъсиси муассисаҳои фарҳангӣ бошад, аз ҳадафҳои асосии самти фарҳанг ба шумор рафта, муассисаҳои фарҳангӣ ҷиҳати таъмини фароғати мардум макони созгор мебошанд.

Дар мавриди вазъ ва фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ муҳаққиқони соҳа аз қабили С. Сулаймонӣ, Н. Ҳалимов, Қ. Хоҷаев, Д. Латипов, М. Турсунова, Ф. Қодиров, М. Ҷалилов, М. Шарипов, Ш. Комилзода, С. Шосаидов ва чандин тани дигар тадқиқотҳои доманадор анҷом дода, дар ҳаллу фасл ва пешрафти онҳо фикру мулоҳизаҳояшонро иброз доштаанд. Аз ҷумла Ҳалимов Н. [14, с. 14-15], Латипов Д. [7, с. 59], Турсунова М. [12, с. 27-32], Сафаралиев Б. [10, с. 25-33], Комилзода Ш. [5, с. 49-56], дар тадқиқотҳояшон пайваста ҳолат ва фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатиро мавриди таҳлил қарор додаанд. Бояд ёдовар шуд, ки аксари муҳаққиқон бештар фаъолияти қасри фарҳанг, китобхона ва осорхонаҳоро пажуҳиш кардаанд. Ба ин хотир, дар мақолаи мо танҳо вазъи кунунии хонаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои кишвар дар мисоли баъзе минтақаҳо баррасӣ хоҳад гардид.

Тавре ишора гардид, баъди расидан ба истиқлолияти давлатӣ дар тамоми сохторҳо шакли фаъолият дигаргун шуд. Самти кори муассисаҳои фарҳангӣ низ ба сиёсати навини кишвар мутобиқ гардонида шуда, бархе муассисаҳо тағйири ном карданд. Хонаҳои маданият, ки дар маркази ҷамоату деҳаҳо фаъолият доштанд, бо “хонаҳои фарҳанг” номгузорӣ шуданд. Албатта, ин ҷараён якбора дар ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ сурат нагирифт. Дар баъзе минтақаҳо мутахассисоне буданд, ки номи пешинаи онҳоро мувофиқтар медонистанд ва бо номҳои собиқ боқӣ монданд. Хонаҳои фарҳанг дар маркази ҷамоат ва деҳаҳои калонтарин барои таъмини фароғату истироҳати одамон фаъолият мекунанд. Вазифаи асосии хонаҳои фарҳанг ба таври густурда ба роҳ мондани чорабиниҳои фарҳангиву тарбиявӣ барои мардуми маҳаллӣ мебошад. Азбаски дар асри гузашта техникаву технологияи навин ба ҳама дастрас набуд, фароғату истироҳати одамонро тавассути чунин муассисаҳо таъмин месохтанд.

Дар хонаҳои фарҳанге, ки мавриди пажуҳиш қарор гирифтанд: шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд, ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон, ноҳияҳои Лахш, Нуробод, Тоҷикобод ва Рашт теъдоди ками кормандон (аз 2 то 5 нафар) фаъолият доштанд. Ба ҳама маълум аст, ки бо ду ё се нафар мутахассис фаъолияти фарҳангию фароғатиро ба роҳ мондан ғайриимкон аст. Албатта, дар баъзе минтақаҳо гурӯҳу ансамблҳои худфаъолиятӣ, ки бевосита бо хонаҳои фарҳанг ҳамкорӣ доранд, амал мекунанд, аммо ин падида камтар ба назар мерасад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки солҳои пеш ҳам аз ҳисоби дастаҳои ҳаваскорон ва шахсони боистеъдод гурӯҳ ё ансамблҳо ташкил карда, барои таъмини ғизои маънавии мардуми маҳаллӣ чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор карда мешуданд. Ин гуна гурӯҳҳо дар баробари гузаронидани чорабиниҳо вазифаи дар пеш истодаи хонаҳои фарҳангро иҷро мекарданд. Имрӯзҳо мақсади чунин гурӯҳҳо танҳо таъмини фароғати мардум ва сайқал додани донишу истеъдоди худ мебошад. Гарчанде онҳо мутахассис бошанд ҳам, корманд нестанд, зеро аксари хонаҳои фарҳанг дар тавозуни ҷамоатҳо буда, аз ин ҳисоб кормандони штатӣ ҷудо карда нашудаанд. Кормандони асосии ин муассисаҳоро мутахассисоне ташкил медиҳанд, ки бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо мувофиқи имконияти ҷадвали корбаст таъйин намудаанд.

Дар раванди таҳқиқ ҳолати кунунии хонаҳои фарҳанг ва мушкилоту дурнамои онҳо ба инобат гирифта шуд. Мушкилоти асосии хонаҳои фарҳанг, пеш аз ҳама, нарасидани кадрҳои баландихтисос буда, таъмини муассисаҳо бо мутахассисон ва ҷалби истеъдодҳо амри зарурӣ ба шумор меравад. Муҳаққиқ С. Шосаидзода нигоштааст, ки “барои хуб ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ роҳу воситаҳои ҳавасмандгардонӣ ба кор бурда шавад. Зеро ин усул майлу рағбати одамонро бештар карда, сатҳу сифати фаъолиятро самаранок мегардонад” . Дар воқеъ таваҷҷуҳи ками мардум ба чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, маоши ночиз бештари мутахассисонро ба тарк кардани соҳа маҷбур сохтааст.

Мушкилоти дигаре, ки дар бисёре аз хонаҳои фарҳанг ба мушоҳида мерасид, ин ҳолати биноҳо аст. Аксари биноҳои муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ дар нимаи дуюми асри ХХ бунёд гардида, дар зарфи 50-60 сол онҳо таъмири ҷиддиро надидаанд. Танҳо баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, аниқтараш даҳсолаи охир қисме аз қасрҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо таъмиру тармим ва сохта ба истифода дода шудаанд. “Дар замони Истиқлолият садҳо иншооти муассисаҳои соҳаи фарҳанг на танҳо дар марказ дар шаҳрҳои бузурги кишвар, балки дар навоҳии гуногун низ бунёду навсозӣ гардиданд” .

Аз дастовардҳои муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ муҳаққиқону донишмандон ёдовар шуда, изҳори қаноатмандӣ кардаанд, ки дар зарфи зиёда аз 30 соли соҳибистиқлолӣ муассисаҳои зиёди фарҳангӣ таъмиру тармим ва навсозӣ гардидаанд. Орумбекзода Шамсиддин собиқ вазири фарҳанг чунин қайд намудааст: “Бунёду азнавсозии муассисаҳои фарҳангӣ бо тарҳи замонавӣ, таъмини онҳо бо технологияи инноватсионӣ ва ба ин васила таҳкими фазои фарҳангӣ дар манотиқи кишвар дар роҳи таҳаввули фарҳанги миллӣ мебошад”.

 Ҳаминтариқ раванди ҷаҳонишавӣ тақозо менамояд, ки ҳар як самту масъалаҳои ҳалталаби кори муассисаҳои фарҳангӣ, бахусус хонаҳои фарҳанг ҳаматарафа омӯхта шуда, роҳи беҳтаргардони ҷараёни онҳо мувофиқи талаботи замони имрӯз ба роҳ монда шавад.   

Мудири шуъбаи

фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ

Шарипов Абдусамад

 

барчасп: