Ҳамасола 6-уми ноябр дар саросари кишварамон Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Конститутсия ҳамчун санади олӣ, пояи қонуният ва давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад.
Бо ҳамин муносибат, 5-уми ноябри соли 2025, дар Маҷлисгоҳи Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот мизи мудаварри илмӣ таҳти унвони “Конститутсия – кафили эҳё ва пойдории фарҳанги миллӣ” баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ директори ПИТФИ, номзади илмҳои филологӣ Аминзода Абдулфаттоҳ Ҳаким бо сухани ифтитоҳи баромад намуда ҳамаи иштирокчиёнро табрик гуфта зикр кард, ки Конститутсия пояи қонуният ва пешрафти ҷомеаи тоҷик мебошад. Дар ҷараёни чорабинӣ маърӯзаҳои зерин шунида шуданд:
Табаров Нурулло ходими пешбари шуъбаи фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангии ПИТФИ номзади илмҳои педагогӣ дар мавзӯи “Нақши Конститутсия дар таҳкими фарҳанги миллӣ” маърӯза ироа намуд. Мавсуф зимни суханронии худ гуфт, ки калимаи “Конститутсия” аз забони лотинӣ гирифта шуда, маънояш муқарраркунӣ, сохтор мебошад. Ӯ зикр кард, ки Конститутсия низоми меъёрҳои ҳуқуқиро дар ҷомеа муайян намуда, муносибатҳои байни давлат ва шаҳрвандонро ба танзим медарорад. Табаров Нурулло хотиррасон намуд, ки 6-уми ноябри соли 1994 бо роҳи райпурсӣ нахустин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ҳамчунин илова кард, ки вожаи “Конститутсия” дар Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 35 маротиба зикр гардидааст.
Пасон Каримова Шаъмигул, ходими калони илмии Маркази мероси фарҳангии тоҷикони ПИТФИ ба мавзӯи “Фарҳанг пояи давлату Конститутсияи сипари он” суханронӣ намуд. Мавсуф ҳамаи иштирокдорони мизи мудаварро табрик гуфта, иброз намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми давлатдорӣ ва шаҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат дар ҳаёти ҳамешагии мо боқӣ хохад монд. Бешубҳа, пояи бақо ва сутуни асосии ҳар миллат фарҳангу қонуни асосии он ба шумор меравад. Номбурда зикр кард, ки миллати тоҷик аз умқи ҳазорсолаҳо бо фарҳанги бостонӣ, забони ширину пурғановат ва тамаддуни созанда ба ҷаҳони имрӯз қадам ниҳодааст. Каримова Шаъмигул иброз дошт, ки имрӯз миллати тоҷик бо ифтихор зери Конститутсияи соҳибистиқлоли худ зиндагӣ дорад ва маҳз ҳамин санади тақдирсоз имконият дод, ки мо арзишҳои миллиро ҳифз намоем.
Сипас, суханронии навбатиро ходими калони илмии шуъбаи китобдории ПИТФИ Наимҷонзода Нигора ба мавзуи “Конститутсия муҳимтарин санади таърихӣ в тақдирсози миллат” маърӯза ироа намуд. Мавсуф дар баромади худ зикр намуд, ки дар таърихи башарият маҳз Конститутсия ҳамчун сарчашмаи дигаргуниҳои куллӣ ва пешравии ҷомеа хизмат кардааст. Мардуми тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ бо кабули нахустин Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас шуморида вазифаи асосии худ эълон намуд. Ӯ зикр кард, ки бо шарофати ин санади олии сиёсӣ, Тоҷикистон тавонист истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии худро устувор намояд.
Дар бахши мубодилаи афкор ходимони илмии ПИТФИ профессор Ҷўрахон Обидпур, доктори илмҳои филологӣ, профессор Мурод Муродӣ, инчунин Эшонқулов Эшонқул, Сафаров Мунавар, Саъдӣ Мирзоев, мудири шуъбаи Агентии миллии Созмони байналмилалии раќамгузории стандарти китоб - Хонаи китоби Тољикистон Аминов Фирдавс ва дигарон оид ба Рӯзи Конститутсия фикру андешаҳои худро баён намуданд.
Баҳодурова Озарбону


