РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК, ҲАМВАТОНОНИ АЗИЗ!

Табрикоти идонаи Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.ф. Аминзода Абдулфаттоҳ Ҳаким
Соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафи давлатҳои соҳибистиқлол ворид гардид, аммо воқеаҳои пурошӯб ва хатарноки сиёсиву иҷтимоии ҷанги шаҳрвандӣ нобасомониҳои зиёдеро ба бор оварда буд. Ҷанги шаҳрвандӣ, ки тақрибан панҷ сол идома ёфт ба ҳаёти мардум, иқтисод, фарҳанг ва руҳияи ҷомеа зарбаи сахт ворид кард. Ин давра барои таърихи навини Тоҷикистон як санҷиши сахти давлатдорӣ ва миллӣ гардид.
Маҳз дар ҳамин шароити душвор зарурати таҳияи Конститутсия ба миён омад. Санаде, ки тавонад ба кишвар субот, қонунмандӣ ва ваҳдат бахшад. Конститутсия ҳамчун рамзи ваҳдати миллӣ ва кафолати сулҳ ба саҳнаи таърих ворид гашт. Он меъёрҳои асосии давлатдории навини тоҷиконро муайян намуд, азҷумла Тоҷикистонро давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон кард; ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун арзиши олӣ эътироф намуд; сохтори ҳокимиятро бар асоси қонуният ва тақсимоти се шоха (қонунгузор, иҷроия, судӣ) муқаррар кард ва муҳимтар аз ҳама ваҳдат, сулҳ ва якпорчагии миллиро ба меъёри конститутсионӣ табдил дод.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 яке аз рӯйдодҳои муҳими таърихии замони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб меравад. Ин санади сарнавиштсоз пояи қонунии давлатдории миллӣ ва роҳи устувори сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии ҷомеаи мо гардид. Маҳз дар партави Конститутсия давлати мо ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эътироф шуда, ҳамаи асосҳои ҳуқуқиву сиёсӣ ва маънавии рушди минбаъдаи Тоҷикистон муайян карда шуданд. Конститутсия ифодаи олии иродаи халқ ва рамзи ваҳдату ҳамбастагии миллӣ буда, дар заминаи арзишҳои умумибашарӣ ва миллӣ таҳия гардидааст. Он инсонро бо тамоми ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шараф ва масъулияташ меҳвари сиёсати давлатӣ ва иҷтимоӣ эътироф мекунад. Моддаҳои он кафолати ҳуқуқи инсон, баробарии шаҳрвандон, адолати иҷтимоӣ ва таъмини шароити мусоиди зиндагӣ барои ҳар як шаҳрванд мебошанд.
Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меъёрҳои Конститутсия дар тӯли се даҳсола ба ҳуҷҷати воқеан амалкунанда табдил ёфтанд. Дар асоси Конститутсия низоми давлатдорӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, ваҳдати миллӣ ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар таҳким ёфт.
Имрӯз Конститутсия барои ҳар як шаҳрванд на танҳо рамзи давлатдорӣ, балки китоби зиндагӣ ва роҳнамо ба сӯи рушди устувор, адолат ва эҳтироми инсон мебошад. Ҳар як моддаи он ифодаи масъулияти давлат дар назди шаҳрванд ва масъулияти шаҳрванд дар назди давлат аст. Мо бояд ба ин санади муқаддас бо эҳтиром муносибат кунем, меъёрҳои онро дар зиндагии ҳаррӯза амалӣ намоем ва барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, сулҳу субот ва ҳамбастагии ҷомеа пайваста кӯшиш ба харҷ диҳем.
Бо эҳсоси баланди ифтихор аз Ватани азиз ва садоқат ба арзишҳои миллӣ халқи шарифи Тоҷикистонро бо фарорасии Рӯзи Конститутсия самимона табрик мегӯям. Бигзор Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи ваҳдат, адолат ва шарафмандии миллати тоҷик ҳамеша пояндаву ҷовид бимонад!
барчасп: