РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК, ҲАМВАТОНОНИ АЗИЗ!

Табрикоти идонаи директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон,

н.и.ф. Аминзода Абдулфаттоҳ Ҳаким

Ҳамкорони гиромӣ, аҳли зиёи кишвар, мардуми шарафманди Тоҷикистон!

Бо камоли эҳтиром ва ифтихори миллӣ ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рамзи муқаддасии давлати соҳибистиқлоли мо ва ифодагари ҳувияти миллӣ мебошад, самимона табрик менамоям.

Дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик парчам дар баробари меҳану забон, дин ва фарҳанг аз муҳимтарин нишонаҳои истиқлолу шукӯҳ ва ваҳдати сиёсӣ маҳсуб меёфтааст. Таърихи парчамдории тоҷикон аз давраҳои бостон то замони истиқлол пайваста рушд ёфта, дар ҳар марҳила хусусиятҳои фарҳангӣ, сиёсӣ ва ахлоқии худро таҷассум кардааст. Тибқи маълумоти таърихӣ, яке аз қадимтарин намунаҳои парчам дар сарзамини тоҷикон ба давраи аҳди Куруши Кабир рост меояд. Дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ низ парчамдорӣ мавқеи хоса дорад. Парчами Коваи оҳангар – «Дирафши Ковиён» – рамзи муқовимат, адолат ва соҳибихтиёрии миллӣ будааст.

Парчами давлатӣ ҳамчун ойинаи давлатдорӣ ва пойдевори ваҳдати миллӣ мақоми хоса дорад. Рангҳо ва рамзҳои он арзишҳои воло, ормонҳои таърихӣ, нангу номуси миллии тоҷикон ва иродаи қавии миллат ба сӯи ояндаи нек ва зиндагии шоистаро таҷассум мекунанд.

Сурх - рамзи ҷасорату шуҷоати фарзандони Ватан;

Сафед - рамзи покизагӣ, сулҳу субот ва меҳнати созанда;

Сабз - рамзи шукуфоӣ, табиати биҳиштосо ва умеди фардои боз ҳам дурахшон мебошад.

Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бо ҳисси ифтихор парафшон мешавад ва Тоҷикистони моро ҳамчун давлати сулҳпарвар, мустақил ва рӯ ба рушд муаррифӣ менамояд. Шони ин парчам дар дилу дидаи ҳар як шаҳрванди мамлакат эҳсоси масъулият, ватандӯстӣ ва меҳри хос ба арзишҳои миллиро бедор месозад.

Ҳамкорони гиромӣ!

Дар пешбурди корҳои муассиса, баланд бардоштани сатҳи масъулият, таҳкими интизоми меҳнатӣ, боло бурдани нақши тарбиявию маърифатӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол саҳми ҳар яки шумо назаррас аст. Бовар дорам, ки минбаъд низ таҳти ин рамзи муқаддаси давлатӣ - Парчами Тоҷикистони азиз фаъолияти мо боз ҳам ҳадафманд, созанда ва самаранок хоҳад шуд.

Ба ифтихори ин рӯзи фархунда ба ҳар яки шумо саломатии бардавом, рӯзгори шоиста, дастовардҳои нав ва дар ҳамаи ҷабҳаҳои фаъолиятатон барору рӯшноӣ таманно дорам.

Бигузор Парчами муқаддаси Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша дар осмони софу беғубори Ватан парафшон бошад ва моро ба сӯи зиндагии ободу ояндаи нек раҳнамо созад!

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!

барчасп: