ТЕАТР ВА СИНАМО ТАРҒИБГАРИ ДАСТОВАРДҲОИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

Театр ҳақиқати воқеиро ба воситаи образҳои бадеӣ таҷассум мекунад ва ифодагари набзи зиндагӣ ва рӯҳияи мардум буда, бо ҳаёти рӯзмарраи одамон зич алоқаманд аст. Театр вижагиҳои хосси худро дорад, ки онро аз навъҳои дигари санъат фарқ мекунонад. Заминаи асосии намоиши театриро асари драмавӣ ташкил медиҳад, ки он офаридаи нависанда (драматург) аст. Ҳамин аст, ки театр аз драматургия оғоз мегардад. Драматург дар заминаи воқеаҳои рухдода, шунида, хонда ва ё мушоҳидакардааш асар (драма) меофарад. Драма аз ҷониби режиссиёр (басаҳнагузоранда, коргардон) интихоб ва коркард мешавад. Барои амалан нишон додани мундариҷаи драма коргардон актёронро интихоб мекунад.

Ҳамин тавр, театр ҳунари коллективӣ маҳсуб гардида, дар тавлиди асари театрӣ нафарони касбу кори гуногун: драманавис, коргардон ё режиссиёр, актёр, оҳангсоз, хореограф, рассом, ороишгар, равшанидиҳанда ва амсоли ин саҳм мегузоранд.

Истиқлолияти давлатӣ, ки арзишмандтарин дастоварди миллӣ маҳсуб меёбад, барои рушди соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ заминаи боэътимод фароҳам овардааст. Тӯли зиёда аз 34-соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон соҳаи санъат, ки яке аз рукнҳои асосиии сиёсати фарҳангии кишвар ба ҳисоб меравад, ба дастовардҳои бузург ноил гардидааст.

Ҳамасола 7 ноябр таҷлили Рӯзи театри тоҷик ба анъанаи нек табдил ёфтааст. Дар ин рӯз ҳунарпешаҳо, коргардонон, драмнависҳо, рассомон, оҳангсозон, тамоми аҳли театри кишвар ҷамъ омада, дастоварду комёбиҳои эҷодӣ, бурду бохт, нақшаҳои ояндаи санъати театрии тоҷикиро баррасӣ мекунанд.

Дар рушду нумӯ ва пешрафти санъати театрии тоҷик дар замони истиқлол нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят чашмрас арзёбӣ гардида, тӯлу арз ва шебу фарози санъати театрии тоҷик аз нигоҳи нуктасанҷи ӯ берун намондааст. Ҳануз дар маросими ифтитоҳи Амфитеатр дар Боғи Ирам (5 сентябри соли 2011) Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нуқтаи назари худро доир ба ин соҳа чунин изҳор дошта буданд: «Театр воситаи пуриқтидортарини таъсиррасонӣ ба тафаккури инсон аст, зеро рӯйдодҳои зиндагиро дар саҳна дида, тамошобин худро хаёлан ба қаҳрамонҳои мусбат монанд мекунад ва бо ҳамин роҳ олами ботинии хешро мустақилона комил мегардонад. Лозим ба ёдоварист, ки ҳаёти фарҳангии Тоҷикистонро низ бе театр тасаввур кардан ғайри имкон аст, зеро театр дар душвортарин лаҳзаҳои ҳаёт ҳамеша паҳлӯи мардум қарор гирифта, дар сарнавишти миллати тоҷик нақши босазои муассир гузоштааст. Имрӯзҳо метавон даҳҳо ҳунарпешаҳои маъруфро номбар кард, ки дар пешрафти театри тоҷик ва дар ин замина, дар рушду такомули фарҳанги миллии мо саҳми беандоза калон доранд». Театр дар даврони соҳибистиқлолӣ масъулияти бештареро ба уҳда гирифта, дар роҳи баланд бардоштани афкори ҷамъиятӣ ва рӯҳияи ватандорию ватанхоҳӣ, пос доштани анъанаҳои миллӣ ва ташаккули ҳофизаи таърихии халқи тоҷик хизмати босазоеро анҷом дода, рисолати худро бо масъулияти баланд иҷро карда истодааст.

Ҳунари синамо дар даврони истиқлолият тавассути дастгирӣ ва ғамхории бевоситаи Пешвои муаззами миллат рӯ ба рушд ниҳод, ки он асосан ба масоили худшиносӣ, ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ, ҳаёт ва фаъолияти олимону шоирони баруманди тоҷик бахшида шудааст.

Синамо он чизе, ки дар ҳаёт ҳаст на бо сурат, балки дар амалиёту ҳаракат онро (айнан) инъикос менамояд. Он ҳунарест дорои технологияи ба худ хос ва аз дастовардҳои фаннии замони муосир бархӯрдор мебошад. Кино як бахши иқтисодӣ аст ва иртиботи пешину пасини бисёре бо тамоми бахшҳои иқтисодӣ дорад. Ҳамасола теъдоди зиёди филмҳои ҳунарӣ, мустанад, телевизионӣ ва ғайра тавлид мешаванд.

Барои истифодаву баҳра бурдан аз он савод лозим нест, фақат чашми бинову гӯши шунаво ва андаке завқу дарки зебоӣ кофист. Зотан ин ҳунар як навъ шинохти ашё, муҳит, авзои сиёсию иҷтимоӣ ва билохира, худшиносию худогоҳист.

Ба таҳқиқ, синамо як ҷузъи таркибии шуури ҷамъиятӣ буда, оламест, пур аз таҷрибаи ҳаёту нигоришоти таърихӣ, пур аз шебу фарозҳои зиндагӣ ва моломоли такомулу тарокумҳои иҷтимоӣ. Яъне, ҳунари синамо ҳунарест омӯзанда, фарогиранда ва такмилдиҳандаи донишҳои инсонӣ...

Кинои тоҷик дар давраи аввали Истиқлолият ба ду шакл фаъолият намуд: дар дохил ва дар хориҷи кишвар.

Кинематографистони тоҷик дар хориҷи кишвар тавонистанд филмҳое офаранд, ки бе шубҳа, мақому мартабаи кинои тоҷикро боло бурда, миллати тоҷикро ба оламиён муаррифӣ созанд. Мисоли равшани он филмномаҳои “Қош ба қош” (соли 1993) ва “Падари маҳтобӣ”-и Бахтиёр Худойназаров (соли 1999), “Парвози занбӯр” (соли 1998) ва “Фариштаи китфи рост”-и Ҷамшед Усмонов (соли 2002) мебошанд.

Дар дохили кишвар, бо сабаби буҳрони молиявию технологӣ бештар филмҳои рақамиву видеоӣ ба навор гирифта мешуданд. Ташаббускори ин бахши нави кинематография каналҳои телевизионии кишвар гардиданд. Аз ҳамин боис филмҳои бисёрсериягии телевизионӣ шуҳрати бештар пайдо намуданд. Аммо филмҳои рақамие, ки дар чорчӯбаи эстетикаи кинои ҳунарӣ таҳия шуданд, низ ба вуҷуд омаданд. Дар байни шумораи зиёди ин қабил филмҳо, ки бештар эстетикаи Болливудро пайгирӣ кардаанд, филмҳои тозабунёд ба мисли “Ва ман равам ба сӯи сарнавишт” (коргардон М. Орифов, аввалин филми касбии видеоии тоҷик, соли таҳияаш 1998), “Муҷассамаи ишқ” (У. Мирзоширинов, соли 2003), “Овора” (Г. Муҳаббатова, Д. Раҳматов, соли 2006), “Тақвими интизорӣ” (С. Солеҳ, соли 2005), филмҳои кӯтоҳметражи “Хушбахтӣ” (соли 2006), “Синамои муҳаррик” (соли 2007)-ро метавон ёдовар шуд, ки ба тарзи нави истеҳсолӣ (тибқи кинематографияи продюсерӣ) ва эстетикаи ҷолиб баррасӣ шуданд. Маҳз дар ҳамин давра студияҳои мухталиф аз қабили “Синамо”, “Киносервис”, студияҳои телевизионӣ ба вуҷуд омаданд.

Кинофестивали байналмилалии “Дидор”, ки ҳар ду сол дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, аз мақому нуфузи кинои тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад. Маҳз тавассути ширкати кинематографис-тони тоҷик дар кинофестивалҳои байналмилалии кишварҳои мухталиф ва ба маърази тамошо пешкаш намудани филмҳои дорои мундариҷаи миллӣ, барои муаррифӣ гардидани фарҳангу маданияти оламшумули тоҷикон ба ҷаҳониён мусоидат намуд. Кинои тоҷик дар ин фурсати таърихии мавҷудияти худ, ҳамчун яке аз падидаҳои фарҳанги миллӣ вазифаи муқаддаси худро дар назди давлату миллати хеш ба андозае иҷро кардааст. Кинои тоҷик ҳамчун оинаи қаднамои миллат ғаму шодии мардумро дар худ таҷассум карда, миллатро ба худи ӯ ва ба мардуми ҷаҳон муаррифӣ намудааст.

Ҳамин ҳадафҳо имрӯз ҳам пеши назари ояндабинии кино қарор доранд. Яке аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ филми “Қиёми рӯз”-и Носир Саидов мебошад ва ин филм аз ҷониби Носир Саидов дар кинопленкаи 35 мм ба навор гирифта шуд (соли 2009) ва дар замони истиқлол бо касбияти воло ва дар сатҳи байналмилалӣ ба навор гирифта шудааст. Ин филм дар 17 кишвари дунё ба намоиш гузошта шуда, барандаи 12 ҷоизаи байналмилалӣ шудааст. Аз ҷумла, филми “Қиёми рӯз” дар кинофестивали ҷаҳонӣ дар шаҳри Кералаи Ҳиндустон, ҷашнвораи кинои “Кеш” дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ дар Русия, Ҷопон, Ҳиндустон, Италия ва Ҳоланд ширкат карда, ҷоизаҳо ба даст овардааст. Дар ҷашнвораи кинои “Кеш” дар Ҷумҳурии Исломии Эрон “Қиёми рӯз” дар миёни 266 филм ҷоизаи “Самандари тиллоӣ”-ро соҳиб шуд. Ин ҷоиза ба ин филм барои беҳтарин кори коргардонӣ дода шудааст.

Филми дигари Носир Саидов “Оинаи беҷило” соли 2013 ба навор бардошта шуд, ки он ҳам дорои касбияти баланд аст.

Филми “Муаллим”-и ӯ ҳам аз нигоҳи мавзӯъ хусусияти ахлоқиву тарбиявӣ дошта, бинандагонро ба дарки хубиву бадӣ ва фарқи аслии сиёҳу сафед раҳнамун месозад ва аз дастовардҳои киностудияи “Тоҷикфилм” маҳсуб мегардад.

Ҷанбаи дигаре, ки хусусияти баланди таъсиррасонӣ дорад, ин санъати зебои филмофарии коргардонҳо мебошад. Бояд гуфт, ки яке аз филмҳои машҳури тоҷик-“Коса”-и Суғдсинамо дар Фестивали IX филмҳои афғонӣ чанде қабл дар шаҳри Стокголми Шветсия дар байни филмҳои хориҷӣ сазовори ҷоизаи “Беҳтарин филми кӯтоҳмуддат” гардид. Филми “Коса” доир ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ба навор гирифта шудааст.

Филмҳои замони шуравӣ моломоли ҳувияти миллӣ буд. Дар оинаи таърихи миллат, фарҳанги оламшумули он ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ба маърази намоиш гузошта мешуд. Ҳамчунин он филмҳо дар тарбияи насли наврас дар руҳияи хештаншиносӣ нақши босазое доштанд. Тавлиди филмҳои “Дохунда”, “Ҳасани аробакаш”, “Қисмати Шоир”, “Коваи Оҳангар” (1961), “Достони Рустам” (1970), “Рустам ва Суҳроб” (1971), “Достони Сиёвуш” (1976) далели гуфтаҳои болоанд.

Баъди соҳибистиқлол шудани кишвар кинои тоҷикро буҳрони иқтисодӣ фаро гирифта, таваҷҷуҳ ба филмҳои таърихӣ коста гардид. Чеҳраҳои бузурги таърихии халқи тоҷикро маҳз ҳунари кино метавонад эҳё созад. Шинохти чеҳраҳои таърихӣ, мисли Спитамен, Шерак, Абумуслими Хуросонӣ, Фазли Бармакӣ, Тоҳир ибни Ҳусейн, Яъқуб ибни Лайс, Темурмалик ва ғ. мардумро ба худшиносии миллӣ раҳнамун карда, бахусус насли наврасро дар руҳияи ватандорию ватанхоҳӣ тарбия менамояд.

Вале дар замони ҷаҳонишавии тамадунҳо моро зарур аст, ки қаҳрамонони худро тариқи филмҳо ба худ ва ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Ифтихороти миллӣ дошта бошем, бо гузаштагони бошарафи худ ифтихор намоем ва донем, ки дар муборизаҳои ватанхоҳию ватандорӣ аз миллатҳои дигар ҳеҷ камӣ надорем. Эҳсоси баланди озодипарастӣ, ғурури ватандорӣ ва хештаншиносиро бо тамошои филмҳои таърихӣ дар вуҷуди ҳар як фарди миллат тарбия намоем.

Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Э. Раҳмон аст, ки бо ҷиддияти тамом иброз медоранд: «Вақти он расидааст, ки филмҳои дарбаргиранда ва ифодагари арзишҳои неку созандаи миллӣ наворбардорӣ шуда, дар онҳо таъриху фарҳанг ва пешрафту дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол инъикос гарданд ва ба ҳамин васила пеши роҳи бозори филмҳои таҳмилии дорои хислат ва мазмуни фаҳшу зӯроварӣ ва таблиғи арзишҳои барои мо бегона гирифта шавад».

Ба қавле, ҳунари синамо муъҷизаи асри ХХ буда, барои Душанбеи солҳои 20-ум дар ҳақиқат муъҷизаовару муъҷизаофар буд. Инак Душанбе метавонист кинои хоси худро тавлид сохта, ба ҷаҳониён онро намоиш диҳад.

Дар солҳои 30-юм дар пойтахти тоҷикон ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳрии марбут ба кинематография – «Тоҷиккино» (шабакаи кино ва кинопрокат), киностудияи «Тоҷикфилм», «Тоҷиккинотехника» ва 13 кинотеатр ташкил ёфтанд. Таъсиси воқеии кинои касбии тоҷикро бояд аз ҳамин давра ба ҳисоб гирифт, ки маҳз кинематографистони миллӣ Комил Ёрматов (таҳиягар, филмноманавис, актёр), София Тӯйбоева (актриса), Фирӯз Баҳор (таҳиягари филмҳои мустанад ва бастакор), Р. Қурбонов, Р. Пирмуҳаммадов, Д. Саидов (актёрон), Қ. Олимӣ (асосгузори дубляжи тоҷик), М. Раҳимӣ (филмноманавис) ва дигарон вориди олами синамо гардида, бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ рӯзгори миллати худро аз тариқи синамо ба оламиён муаррифӣ карданд. Вале набояд инкор кард, ки дар таъсис ва ташкили синамои тоҷик кинематографистони рус ва халқҳои дигар саҳми бебаҳои худро гузошта, дар тавлиди синамои миллӣ нақши ниҳоят бузург доранд.

Борис Кимёгаров нахустин коргардоне буд, ки бо чунин қадрдонӣ ва эҳтиром ба мероси бойи халқҳои эронӣ рӯй овард ва аввалин шуда ин меросро дар марҳилаи нави таърихӣ ба шакли ҳунари нав – киноро дубора ба арзишҳои тамаддуни ҷаҳонӣ табдил дод. Дар паҳлуи Кимёгаров таҳиягарони шинохта ба мисли Давлат Худоназаров, Валерий Аҳадов, Тоҳир Собиров, Марат Орифов, Анвар Тӯраев, Марворид Қосимова, Абдусалом Раҳимов, Суҳбат Ҳомидов, Муқаддас Маҳмудов, Майрам Юсуфова ва чанде дигарон фаъолият намуда, филмҳои хотирмон таҳия кардаанд.

Шамсуддин АБДУЛЛОЕВ

ва Саъдӣ МИРЗОЕВ,

мудир ва ходими калони

илмии шуъбаи фарҳанг

ва санъатшиносӣ

барчасп: