Сарват ва ганҷинаи табиӣ кишвар

Тоҷикистон сарзамини кӯҳсор буда, аз сарватҳои табиӣ бой мебошад. Яке аз сарватҳои табиӣ ин чашмаҳои софу мусафо аст, ки дар тамоми гушаву канори кишвари биҳишосоямон вомехӯранд. Чашмаҳои кишварамон ганҷинаи табиӣ ва рамзи зебоиянд, ки бо мавҷудияти худ ва ҷиҳати тозагии экологӣ дар ҷаҳон машҳуру бебадаланд.

Боиси хушбахтист, ки қариб 80 фоизи чашмаҳои мо обаш ширин, яъне ошомиданӣ буда, дар баробари ин ҷиҳатҳои табобтӣ низ доранд.  Аз ин 80  фоиз бештарашон аз дили пиряхҳои кӯҳҳои баланд ва миёнаи сангу регҳо ҷорӣ мегарданд, ки ин ба тамъ ва софии он мусоидат мекунад.  Дар баробари чашмаҳои шириноб, чашмаҳои табобатии дорои минералҳо ва дигар модаҳои табобатидор низ маълум аст, ки мардум барои бемориҳои хеш аз онҳо васеъ истифода мебаранд.

Дар Фарҳанги забони тоҷикӣ дар бораи мафҳуми “чашма” чунин  омадааст:“Чашма (форсӣچشمه) ҷойи ҷӯшидани об аз зери замин ва равон шудани он”.

Зимни сафари хидматӣ ба ноҳияи Ванҷи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шоҳиди гуфтаҳои болоӣ гардидем. Бо чашмони худ дидем, ки аз синаи ҳар як қулла оби софу зулоли чашмае ба поён ҷорист. Ҳар яке аз ин чашмаҳо таърихеро дар худ маҳфуз дошта, яке аз дигаре ширину хуштамътар аст.

Дар ҷамоати деҳоти Рованд, деҳаи Рованд чашмае бо номи “Тӯғак” мавҷуд аст, ки мувофиқи итилои сокини деҳа Ҷавҳаров Гавҳаршо (с.т.1957) оби он ширин буда, 36 хоҷагии ҳамин деҳа аз оби он обёрӣ карда, ҳамчун оби ошомиданӣ ва барои сероб кардани заминҳои хоҷагӣ истифода бурда мешавад.

Ҷавҳаров Гавҳаршо хабар дод, ки дар деҳаи Гармчашмаи ҳамин ҷамоат чашмаи дигаре низ ҳаст, ки оби он нисбатан гарм буда, аз баландии 35 километр аз қуллаи кӯҳ ҷорӣ мешавад. Оби он ҳамчун манбаи табобатӣ истифода бурда мешавад. Бояд тазакур дод, ки номи деҳа аз чашма гирифта шудааст ва он таърихи қадима низ дорад. Оби чашма барои бемориҳои меъдаву рӯда, пӯст ва мӯйи сар фоидаовар буда, шулуке, ки дар дохили он аст, мардум барои макидани хуни ғафс истифода мебаранд. Барои ин ҳатто дар зарфҳои махсус шулукро бо худ мебаранд.

Мушоҳида кардем, ки оби чашма дар баробари гармӣ инчунин тамъи шурӣ дорад ва аз ҳамин сабаб замини атрофи он шуразор гардида, дар он ғайр аз чанд растании ба шурӣ тобовар дигар чизе намерӯяд. Хуб мешуд, ки маҷрои ин чашма ба як самти муайян равона карда мешуд, то ба замини атрофаш зарар намерасонд.

Дар байни мардуми маҳаллӣ ҳарду чашма ҳам ҷойи муқаддас шуморида мешавад. Аммо мо дидем, ки атрофи чашмаи “Гармчашма” ба талаботи гигиенӣ на он қадар ҷавобгуст. Бештари сайёҳоне ки ба он ҷо мераванд, шояд ба муқаддасоти чашма, ки аз тарафи мардум риоя мегардад, итоат намекунанд. Ва аз худ баъди рафтан партовҳои зиёдеро боқӣ мегузоранд, ки мардуми маҳал онҳоро тоза мекунанд.

Барои боз ҳам маъруфият пайдо кардани чашмаи “Гармчашма” ҳамчун манбаи  табобатӣ хуб мешуд, ки мисли дигар чашмаҳои маъруфи Тоҷикистон гирду атроф ва абекти онро ба танзим дароварда, ба талаботи стандарти ҷавобгӯ гардонанд. Шояд баъди ин аз ҳисоби чашмаи мазкур нафарони зиёд соҳиби ҷойи кор гардида,  буҷаи мардум то андозае беҳтар гардад.     

Дар ҷамоати деҳоти Ҷовидон, деҳаи Баравн аз чашмае дидан кардем, ки мувофиқи гуфтаҳои Дамдоров Мастон (с.т.1965) сокини ҷамоати мазкур дар баробари далелҳои болоӣ ин чашма таърихи қадима дорад ва деҳаи Баравн аз аввал то имрӯз аз оби ошомидании чашма бархурдор будаанд.

Ин чашма бо номи “Шомастун” машҳур буда, оби он баробари фарорасии сардиҳо хушк гашта,  то оғози фасли баҳор ин ҳолат давом меёфтааст. Баробари фарорасии баҳор оби чашма бо як неруву шиддат аз синаи кӯҳи баланд аз масофаи 3 километр, бо овози марғуладор ҷорӣ мегардад, ки заминҳои корами мардум аз он тамоми фасли баҳору тобистон шодоб аст.

Чашмаи Шомастун дар дохили боғи дилкушое, ки байни он хонаи истироҳатии айни ҳол корношоям, ки аз даврони Шуравӣ боқӣ мондааст, ҷойгир кунонида шудааст. Яъне ба он қубури обгузар насб карда, дар таги он ҳавзи хурдеро аз сангу симент сохтаанд, ки он барои истифодабарандагон мусоид аст.      

Пешвои муаззами кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо таъкид мекунанд: “Об – сарвати бебаҳои дунёст”.  Ин гуфтаи Пешворо дар бобати об шиор карда, ҷоиз аст, ки ҳар кадом, ҳар қатраи оби ҷонбахши на танҳо чашмаҳо балки рӯду дарёву обанборҳои кишварро ҳифз карда, сарфакорона истифода барем. Зеро маҳз обҳои ҷонфизои ватан боиси сарсабзӣ,  хуррамӣ ва ободиву гулгулшукуфоии Тоҷикистони биҳиштосост.    

        Каримова Гулзира

барчасп: