Таҳти ин унвон рӯзи 8-уми майи соли 2026 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бо иштироки донишмандон баргузор карда шуд.
Ҳамоишро муовини директори пажӯҳишгоҳ оид ба илм Ҷӯраев Мирзоалӣ ҳусни оғоз бахшида, вобаста ба саҳми халқи тоҷик дар ҶБВ маъруза ироа намуд. Мавсуф дар суханронии хеш таъкид варзид, ки Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар радифи шаҳрвандони 15 кишвари иттифоқии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон 250 ҳазор сокинони ин мамлакати офтобӣ ихтиёрӣ ба фронт рафта, барои таъмини Ғалаба бар фишизми гитлерӣ ҷонбозиҳо намудаанд. Аз ин миқдор беш аз 90 ҳазор нафарашон ҷони худро аз даст дода, барои диловариҳои беназир 57 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон зиёда аз 20 ҳазор ҷанговарони тоҷик сазовори ордену медалҳо гардиданд.
Ҳаминтариқ мизи гирд дар фазои озод идома ёфта, иштирокдорон андешаҳову хотироти ҷолиб зикр намуданд. Ходими калони илмии шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносии ПИТФИ Мирзоев Саъдӣ баромад намуда, вобаста ба таъсироти манфии ҳар гуна ҷанг сухан гуфта, анвоъи онро мавриди мазаммат қарор дода, маҳкум намуд. Ҳамзамон дар идомаи суханронии хеш шеъри пурмазмуну пурмуҳтавоеро қироат намуд.
Дар идома ходими пешбари илмии шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносии ПИТФИ Мунаввари Сафар риштаи суханро ба даст гирифта, андешаҳои худро иброз кард. Ӯ аз ҷумла таъкид варзид, ки ҷангҳо одатан ба ду навъ тақсим мегарданд, яке одилонаю дигаре аз адолат берун. Ба андешаи мавсуф набарде, ки Мамолики Иттиҳоди Шӯравӣ бар муқобили Гитлери фашист анҷом дод, он набарди одилона маҳсуб мегашт, чунки дар он ҳифзу ҳимояи Ватан ва шарафу номус тантана дошт.
Эшонқулов Эшонқул ходими пешбари шуъбаи воситаҳои ахбори омма ва табъу нашри ПИТФИ низ ба гуфтаҳо ҳамроҳ гардида, ин ҷангро ба набарди Шарқу Ғарб маънидод кард. Ҳамзамон саҳми миллати тоҷикро дар он калон арзёбӣ намуд.
Дар хотимаи ҳамоиш муовини директор оид ба корҳои методӣ Каримова Гулзира, мудири шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ Абдуллоев Шамсуддин, ходими калони илмии шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ Раҳимов Билолиддин ва дигарон вобаста ба Ғалаба дар ҶБВ бар фашизм суханронӣ намуда, хотираҳои ҷолиб зикр намуданд.



