Activities calendar

19 мая 2026

Имрӯз, 19 май пораи хоки қаҳрамонони Тоҷикистон – Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва сиёсатмадори маъруф Нисор Муҳаммад ба Ватан оварда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии ин шахсиятҳо, дар маросими расмӣ капсулаҳои хокро қабул карданд. Маврид ба зикр аст, ки Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 18 май дар шаҳри Маскав бо Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров мулоқот анҷом дода, масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Русияро баррасӣ намуд...

барчасп: 

Устоди беназир ва шогирди сазовор (Ба ифтихори ҷашни 115- солагии Мирзо Турсунзода ва 85-солагии Лоиқ Шералӣ)

Мирзо Турсунзода бо фаъолияти пурсамари эҷодӣ ва афкори адабию эстетики худ дар ҷараёни адабиёти навини тоҷик нақши пурҷилое гузоштааст. Ў фарогири дониши ҳамаҷониба, ба вижа донандаи мероси фаровони адабиёти бою рангини гузаштаи худ маҳсуб шуда, бо илҳом аз он ганҷинаи пурбаҳо асарҳои пурқимату оламгире офаридааст. Дар баробари ин ў ҳамчун инсони некхоҳ, некбин ва ватандўсту сулҳхоҳ дар парвариши истеъдодҳои ҷавон як қатор корҳои арзишмандеро ба анҷом расонидааст...

барчасп: