Устоди беназир ва шогирди сазовор (Ба ифтихори ҷашни 115- солагии Мирзо Турсунзода ва 85-солагии Лоиқ Шералӣ)

Мирзо Турсунзода бо фаъолияти пурсамари эҷодӣ ва афкори адабию эстетики худ дар ҷараёни адабиёти навини тоҷик нақши пурҷилое гузоштааст. Ў фарогири дониши ҳамаҷониба, ба вижа донандаи мероси фаровони адабиёти бою рангини гузаштаи худ маҳсуб шуда, бо илҳом аз он ганҷинаи пурбаҳо асарҳои пурқимату оламгире офаридааст. Дар баробари ин ў ҳамчун инсони некхоҳ, некбин ва ватандўсту сулҳхоҳ дар парвариши истеъдодҳои ҷавон як қатор корҳои арзишмандеро ба анҷом расонидааст. Аз ҷумла устод Турсунзода аз рўзҳои аввал дар симои Лоиқ Шералӣ як истеъдоди нотакрору худододро дарёфта, дар тарбия ва  ба ҷодаи адабиёт ҷалб намудани ў нақши муҳим бозидааст.

Ошноӣ ва дилбастагии устоди равоншод Лоиқ Шералӣ ба шеъри пуровозаи Мирзо Турсунзода хеле барвақт, ҳанўз аз замони наврасӣ ва мактабхониаш оғоз шуда буд. Чуноне ки худи ў мегўяд: «Дар китобхонаи қишлоқ ягона китоби шеър, ки мавҷуд буд, ин достони «Ман аз Шарқи озод»- и Мирзо Турсунзода буд ва ман онро азёд медонистам». Тавре ки маълум аст, Лоиқ ҳангоми вориди майдони адабиёт шудан кайҳо шеъри Турсунзода дилҳоро тасхир намудаву оламгир гашта буд ва дар эҷоди шеър барои Лоиқи ташнаи шеър таъсири амиқ гузошта буд.

Турсунзода шоири замони худ буд, баробари замони худ қадам мениҳод ва аз боду ҳавои он нафас мекашид. Ҳодисаву воқеаҳое, ки он замон ба вуқўъ мепайвастанд, диққати ўро ҷалб менамуд ва онҳоро дар асарҳояш моҳирона ба қалам медод. Аз ҷумла, мавзўъҳои ватан, озодӣ, инқилоб, мактабу маориф, сулҳ, зан-модар, ки дар адабиёти гузаштаи мо хеле камрангу хира ба чашм мерасиданд, дар эҷодиёти ин шоири барнодил равшан ба ҷилва омаданд. Ба вижа мавзўи зан-модар дар ашъори Мирзо Турсунзода мавқеи муҳим пайдо кард. Боиси тазаккур аст, ки Турсунзода баъд аз Эраҷ Мирзо  нахустин шоир аст, ки ба мавзўи мазкур таваҷҷўҳ зоҳир намуд  ва як силсила шеърҳояшро ба ин мавзўъ бахшид  ва шоирони баъдӣ ин ибтикори ўро идома доданд. Яъне мавзўи модар ва зан яке аз мавзўҳои ҷолиб ва марказии адабиёти навини тоҷик гардид. Имрўз шоиреро наметавон пайдо кард, ки дар ин мавзўъ шеъре нагуфта бошад.  Алиасғари Шеърдўст – пажўҳишгари эронӣ дар китоби худ «Чашмандози шеъри имрўзи тоҷикӣ» нигоштааст: «Дар шеъри Тоҷикистон зан бештар дар ҳайати як модар чеҳра менамояд. Камтар маҷмўаи шеъре метавон ёфт, ки дар он шеър ё шеърҳои ба модар ихтисосёфта набошанд».

Устоди равоншоди мо Лоиқ Шералӣ ба унвони яке аз шогирдони вафодору сазовори Турсунзода ин мавзўи оғознамудаи устодашро такмил бахшид. Ў дар васфи зан- Модар шеърҳои зиёде эҷод намуд, ки онҳо дар маҷмўаи «Дасти дуои модар» ҷамъ омадаанд. Маҷмўаи мазкур аз ғазал ва дубайтиву рубоиҳо иборат буда, дар байни мардум шўҳрати беандоза касб карда, баҳои баланди ҳаводорони шеъри шоирро сазовор гардидааст.

Дар таълифи шеърҳои дар мавзўи модар бахшидаи Лоиқ  ашъори дар ин мавзўъ эҷоднамудаи Турсунзода нақши муҳим дорад. Мавзўи ашъори Лоиқ худ аз зиндагӣ ва рўйдодҳои мухталифи замонаш сарчашма мегирад. Ў ҳамеша кўшиш мекард аз зиндагӣ андешаву бардошти тозае дошта бошад. Аз ин ҷост, ки дар ҳар шеъри ў як нигоҳи тоза ва ҳикмати то ҳанўз нашнидаву даркнашуда  ба чашм мехўрад ва ба хонанда нуру сафо  мебахшад.

Лоиқ аз нахустин шоиронест, ки ба шеъри кўҳан рўй овард ва аз шеъри шоироне чун Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳофиз, Саъдӣ ва Мавлавӣ истифода ба амал овард ва онро ба шеъри имрўз омезиш дод. Аз ҷумла бо пайравӣ аз Фирдавсӣ силсилаи ашъори худро зери унвони «Илҳом аз Шоҳнома» ва бо илҳоми саршор аз Хайём дафтари шеъри «Ҷоми Хайём»-ро ба вуҷуд овард. Лоиқ дар баробари эҷод ва омўзиш аз шеъри гузашта ҳамчунин ба тарҷумаи шеъри шоирони машҳури ҷаҳон пардохт. Тарҷумаи ашъори шоири номдори рус Сегей Есенин, ба хусус «Савтҳои форсӣ» дар эҷодиёти  ў нақши амиқ боқӣ гузошт. Лоиқ зери таъсири шеърҳои ба модар бахшидаи С.Есенин аз зиндагии  модари пираш – як зани оддии кўҳистонии тоҷик ва олами орзуву ормонҳои ў шеъре офарид, ки дар он бузургии модари шоирофар бо як самимият ва муҳаббати беандоза ба ҷилва омадаст:

 

Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо, модари пирам!

Ту шояд ҷомаи домодӣ медўзӣ ба сад ният,

Ки рўзи тўй дида бар қади ман, бишканӣ армон,

Бубинӣ то ба ранги нав, ба ҳусни нав ҷавоният,

Ба он дастони ларзони шарафмандат бимирам ман!

 

Наёбад чашми камбинат ба ҷустан чашми сўзанро,

Биларзад дасти пурэъҷози ту дар қабзаи пирӣ,

Валекин боз медўзӣ ту дастархони гулдўзӣ,

Ки рўзи маърака дар байни мардум обрў гирӣ,

Чӣ дунёест дунёи умеди ту,

Аё модар, аё модар!

 

Ин шеъри самимӣ ва хеле баланд пеш аз ҳама мавриди ситоиши  устод Мирзо Турсунзода қарор гирифта, боиси пазируфтани Лоиқ ба узвияти Иттиҳодияи Нависандагони собиқ СССР гардида  буд.

 Лоиқ дар ин шеър аз он ифтихор дорад, ки модари муштипари ў шоир ба дунё овардааст. Ба модари пираш, ки бо чашмони хирабин ва дастони ларзон ҷомаи домодӣ медўзад ва байтҳои кўҳнаро зери лаб замзама мекунад, бо сад ифтихор муроҷиат мекунад:

 

Суруди ҳузнангези қадимиро махон, модар!

Дилатро бо суруди аввалини ман даме афрўз!

 

Устод Мирзо Турсунзода ҳарчанд дар васфи зан-модар шеъри зиёде эҷод намудааст ва Лоиқ Шералӣ ҳамчун шогирди вафодор ба шеърҳои ў пайравӣ кардааст, вале ба гумони мо шеъри мазкури Лоиқ як илҳоме шудааст барои ба вуҷуд омадани ана ҳамин шеъри  машҳури устод Турсунзода «Модар». Чун Лоиқ дар шеъри худ аз модари пираш ёд мекунад, хислатҳои неки ўро ба қалам медиҳад ва аз доштани чунин модар ифтихор менамояд, гўё устод Турсунзодаро ба ёди тифлӣ бурдааст ва ў ба суроғи модари худаш, ки чеҳраву қомату чашму абрўяшро ёд надорад, баромадааст. Чеҳраи нуронии модари ҷонашро дар симои занҳои пири деҳааш ҷўё мешавад:

 

Тифл мондам аз ту модар, рўи ту дар ёд нест,

Қомати ту, чашми ту, абрўи ту дар ёд нест.

Да суроғат мезанам худро ба ҳар як кўю дар,

 Чунки то имрўз модар кўи ту дар ёд нест.

 

Рафтам, аз занҳои пири деҳа кардам ҷустуҷў,

Рафта бо санги мазори ту намудам гуфтугў.

Гўш кардам, рафта ҳар як ҷунбиши шохи дарахт,

 Бо гиёҳу сабзаҳои дашт гаштам рў ба рў….

 

Модарам, дар ёди ту гашту гузоре мекунам,

Баҳри меҳри ту дили худро мазоре мекунам,

Хизмати шоиста бар ёру диёре мекунам,

Назми худро бар сари қабрат шиоре мекунам.

 

Таърихи эҷоди ин ду шеър – шеъри Лоиқ соли 1964 ва шеъри Турсунзода  соли 1966 моро ба чунин хулоса овард.

Дар ҳақиқат дар  мавзўи Модар ва эҳтироми зан  касе дар адабиёти муосир ба дараҷаи  устод Лоиқ шеър нагуфтааст ва ин мазўъ як қисмати муҳими эҷодиёти Лоиқро ташкил медиҳад, вале тавре ки гуфтем мавзўи мазкур аввалин бор дар шеъри муосири тоҷик худро дар осори Турсунзода намоён сохта буд. Имрўз қариб ҳамаи шоирон ба ин мавзўъ рў овардаанд ва анъанаи шеъри зан ва Модари устод Турсунзодаро идома медиҳанд.

Лоиқ дар шеъри «Ҳасрат» симои модар, орзуву омол ва ҷаҳони пурасрори ўро бо тамоми нозукиҳояш ба қалам додаст. Шоир пас аз марги модар худро дилшикаста ва танҳо дармеёбад, ба ёди модар  зор-зор мегиряд ва бо ҳасрат мегўяд:

 

Ту дигар ба пешвозам дами дар намебароӣ,

Ту дигар ба лаҳҷаи худ бари ман намесароӣ;

«Писари азизам омад,

Писари ғазалнависам омад».

 

Чу ба хонаат дароям, ҳама бўи дард ояд,

Дили ман ба дард ояд зи хурўҷи дардҳоят,

Шунавам фиғони шабҳот

Зи баҳамфишурда лабҳот.

 

Писари ғазалнависат акнун ғазали азо бигўяд,

Ғазале агар бигўяд, ғазали туро бигўяд,

Ки куҷост модари ман,

Ки куҷост модари диловари ман.

      

Устод Лоиқ  аз замоне, ки ба арсаи адабиёт ворид шуд, ҳамчун шогирд аз муҳаббату хайрхоҳии Турсунзода бархурдор буд. Ба Турсунзода ва шеъри ў эътимоди қавӣ дошт. Ғайр аз оне, ки дар пайравии ў шеърҳои зиёде эҷод намуд, ҳамчунин  дар як қатор шеърҳояш ин эътиқоду эътимоди худро ҳамчун шогирди вафодор ба қалам дод, ки он шеърҳо зери силсилаи «Сипоснома» мунташир шудаанд. Шеъри «Баъди ту», шомили ин силсила буда, бо чунин суханҳо оғоз меёбад:

«Солҳои охир аз забони устоди бузургвор Мирзо Турсунзода байти зеринро такрор ба такрор шунидаам:

          Тарсам, ки ман бимираму ғам бепадар шавад,

          Ин тифли нозпарвари ман дарбадар шавад.»

 Ва Лоиқ шеърашро чунин оғоз менамояд:

 

          Тарсам, ки низ баъди ту ғам бепадар шавад,

           Ин бепадар ба ўҳдаи мо бештар шавад.

           Шеъре, ки аз дил ояду аз ҷону аз ҷигар,

           То боз бар диле расад, хуни ҷигар шавад.

 

          Дар шоирӣ зи баъди ту гар кўҳна, гар навем,

          Аз офтоби назми ту як мила партавем.

           Ғам бепадар шавад, чӣ ғам, ин худ сазои ўст,

          Тарсам, ки баъди марги ту мо бепадар шавем.

 

Дар шеъри «Ворисон» бошад, худро ба таври хеле мушаххас ва ошкор пайрави Турсунзода арзёбӣ намудааст:

Мо ҳам аз мардони меҳнатзодаем,

Сина бар амри Ватан бикшодаем.

Баҳри ҷуброни ҳама қарзи замон,

Дил ба рўи дасти даврон додаем.

Ҳам ба азму ҳам ба назму ҳам ба разм,

Пайрави Айниву Турсунзодаем.                                  

 

Дарвоқеъ  Турсунзода ба ҳайси як падари маънавии тамоми шоирони пасин эътироф шудааст. Вале нақши ў барои ҳамчун шоир ва ҳамчун шахсият ба воя расидани Лоиқ ниҳоят бузург аст.

Саъдии Қосимӣ (тав.7.06.1969, деҳаи Паткуноби ноҳияи Дарвоз). Фолклоршинос,номзади илмҳои филологӣ. Солҳои 1987- 1992 дар факултаи филологияи тоҷики Институти  давлатии педагогии ба номи Т.Г.Шевченко, ҳоло(ДДОТ) таҳсил намудааст. Фаъолияти меҳнатиаш аз соли 1992 ба ҳайси дастёр (лаборант)-и калони кафедраи усули таълими забон ва адабиёти тоҷики факултаи мазкур оғоз ёфтааст.  С.1994-97 аспиранти рўзонаи ДДОТ ба номи Қ. Ҷўраев ва гирандаи нахустин стипендияи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шўъбаи аспирантураи  донишгоҳи мазкур мебошад. Пас аз хатми аспирантура фаъолити илмӣ омўзгории хешро ба ҳайси ассистент, муаллим, муаллими калон ва и.в. дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик идома додааст. Соли 1998 зери унвони «Бадеияти латифаҳои халқии тоҷикӣ» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст.

С.Қ. муаллифи зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ, илмӣ-методӣ, васоити таълимии «Назмшиносӣ»(бо ҳаммуаллифии С.Саидов), мураттиби  барномаҳои таълимӣ аз фанҳои «Эҷодиёти даҳанакии халқи тоҷик», «Адабиёти шифоҳии халқи тоҷик», «Адабиёти хориҷа» ва дастури таълимию методии «Дастури наврўзӣ»(бо ҳаммуаллифии Б. Ҳабибулло), «Корҳои санҷишӣ аз таърихи адабиёти тоҷики асрҳои 9-15-16- 19 ва ибтидои асри 20»(бо ҳамроҳии С. Саидов), муҳаррири масъули барномаҳои таълимӣ аз фанҳои «Адабиёти муосири тоҷик», «Адабиёти халқҳои бародар», «»Адабиёти ИДМ», китоби дарсии «Фаҳангшиносӣ» ва чандин китобҳои илмиву оммавӣ мебошад.

 С.Қ. ҳамчун шахси масъулиятшинос солҳои 1996-2008 дар вазифаҳои ҷонишини декани факултаи филологияи тоҷик оид ба тарбия, ҷонишини декани факултаи мазкур оид ба таълим, декани факулта ва ёвари ректори ДДОТ баноми С. Айни кор кардааст. Аз соли 2008 ёвари ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.

Шарофат Мирзоева

номзади илмҳои филологӣ,

ходими пешбари Маркази

мероси фарҳангии тоҷикон

 

барчасп: