ШАШМАҚОМ - ГАНҶИНАИ БЕБАҲОИ САНЪАТИ КАСБИИ ТОҶИК

Шашмақом ҳамчун яке аз шоҳкориҳои нодири мусиқии суннатии тоҷик дар замони соҳибистиқлолии кишвар мавриди таваҷҷуҳи хоссаи давлат ва аҳли фарҳанг қарор гирифт. Бо ибтикор ва дастгириҳои фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифз, омузиш ва тарғиби ин мероси гаронбаҳои миллӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Дар ин давра ансамблҳо ва мактабҳои махсуси мақомхонӣ фаъол гардида, озмуну фестивалҳои ҷумҳуриявӣ доир мешаванд ва осори классикии Шашмақом сабт ва нашр мегарданд. Ба шарофати истиқлол Шашмақом на танҳо ҳамчун мероси фарҳангии миллӣ эҳё шуд, балки дар муаррифии ҳунару тамаддуни тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ мақоми шоиста касб намуд. Барои гиромидошти ин асолат, ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ 12-уми май ҳамчун Рӯзи Шашмақом бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мешавад.

Азҷумла, дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Шашмақом - ганҷинаи бебаҳои санъати касбии тоҷик» бо иштироки муҳаққиқон, санъатшиносон, омӯзгорон ва дӯстдорони фарҳанги миллӣ баргузор гардид.

Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии директори ПИТФИ, номзади илмҳои филологӣ Аминзода Абдулфаттоҳ Ҳаким оғоз ёфт. Мавсуф зимни суханронии худ таъкид намуд, ки Шашмақом ҳамчун мероси нодири маънавии миллат на танҳо ҷузъи муҳими фарҳанги тоҷикон, балки муаррифгари ҳунару тафаккури волои мардуми тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Ӯ иброз дошт, ки омузиш, ҳифз ва тарғиби ин санъати асил вазифаи муҳимми аҳли илм ва фарҳанг ба шумор меравад.

Дар идомаи конфронс омӯзгори факултети санъати мусиқии мардумии МДТ “Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон” ба номи Мирзо Турсунзода, номзади илмҳои санъатшиносӣ Эшонқулов Муродҷон дар мавзуи «Вижагиҳои иҷрои санъати Шашмақом дар асарҳои Толиб Шаҳидӣ» маъруза намуда, ба хусусиятҳои оҳангсозӣ ва унсурҳои мақом дар эҷодиёти ин оҳангсози маъруф таваҷҷуҳ зоҳир кард. Ба гуфтаи ӯ, асарҳои Толиб Шаҳидӣ бо нигоҳу тафаккури муосир руҳи анъанавии Шашмақомро нигоҳ дошта, онро ба сатҳи нави касбӣ баровардаанд.

Ходими калони илмии Маркази мероси фарҳангии тоҷикони ПИТФИ Каримова Шамъигул дар баромади худ таҳти унвони «Шашмақом муаррифгари санъати касбии тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ» аз мақоми байналмилалии ин мероси фарҳангӣ ёдовар шуда, гуфт ки пазируфта шудани Шашмақом дар сатҳи ҷаҳонӣ нишонаи эътирофи фарҳанги куҳанбунёди тоҷикон мебошад. Ӯ таъкид кард, ки имрӯз таваҷҷуҳи муҳаққиқони хориҷӣ ба омузиши мусиқии суннатии тоҷик афзоиш ёфтааст.

Сипас ходими калони илмии шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносии ПИТФИ Раҳимов Билолиддин дар бораи заминаҳои ташаккул ва таҳаввули санъати Шашмақом сухан гуфта, пайдоиш ва марҳилаҳои рушди онро аз нигоҳи таърихиву фарҳангӣ мавриди таҳлил қарор дод. Мавсуф зикр намуд, ки Шашмақом маҳсули тафаккури чандинқарнаи мардум буда, дар тули таърих бо вуҷуди дигаргуниҳои иҷтимоӣ ҳувияти худро ҳифз ва ҳатто рушд кардааст.

Ходими пешбари шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносии ПИТФИ Рустамова Саида бошад оид ба вазъи мусиқии суннатии Шашмақом дар замони истиқлол ибрози назар намуд. Қайд гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи Ҳукумат ба рушди фарҳанги миллӣ, аз ҷумла Шашмақом, бештар гардида, барои омода намудани мутахассисон, сабти мероси мусиқӣ ва ташкили мактабҳои ҳунарӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.

Қисмати мубодилаи афкор бештар хусусияти таҳлилӣ дошт. Ходимони пешбари илмӣ Ҷ. Обидпур, М. Сафаров, Қ. Хоҷаев ва дигарон аз завқи ҷавонон ба мусиқии суннатӣ, таъсири фарҳанги оммавии бегона ва зарурати истифодаи васоити муосири иттилоотӣ барои таблиғи Шашмақом изҳори назар карданд. Ба таъкиди эшон, агарчи имрӯз барои рушди ин санъати асил иқдомҳои муҳим амалӣ мешаванд, ҳануз ҳам масъалаи ҷалби насли ҷавон ба омузиши мақом, таҳияи барномаҳои ҷолиби телевизионӣ ва рақамисозии он аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.

Дар охир аз ҷониби ходими пешбари илмии шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ Раҳимов Билолиддин аз бархе анвои Шашмақом барои болида сохтани табъни ҳозирин суруда шуд, ки ба конфронс ҳусни дигаре бахшид.

Конфронс нишон дод, ки Шашмақом танҳо як навъи мусиқӣ набуда, балки ойинаи тафаккур, таърих ва ҳувияти фарҳангии миллати тоҷик аст.

 

Ифтихор Юсуфӣ,

мудири шуъбаи ВАО ва табъу нашри ПИТФИ.

барчасп: