Моҳи май моҳест, ки дар он баробари дигар иду ҷашнҳо зодрӯзи ду шоири шаҳрири миллат Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Бахшида ба ҳамин муносибат, азҷумла дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот мизи мудаввар таҳти унвони “Турсунзода ва Лоиқ – ду марҳилаи як роҳ” бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ва 85-солагии Лоиқ Шералӣ баргузор гардид. Ҳамоиш бо иштироки олимон, муҳаққиқон, аҳли адаб ва фарҳанг сурат гирифта, дар он ҷойгоҳи ин ду шахсияти барҷаста дар таърихи адабиёти муосири тоҷик мавриди баррасии амиқи илмӣ қарор дода шуд.
Нахуст директори ПИТФИ, номзади илмҳои филологӣ Аминзода Абдулфаттоҳ Ҳаким бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, таъкид кард, ки осори Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ ду марҳилаи муҳимми ташаккули тафаккури адабӣ ва худшиносии миллии тоҷиконро таҷассум менамояд. Ба гуфтаи ӯ, агар Мирзо Турсунзода адабиёти тоҷикро ба фазои ҷаҳонии адабиёти шӯравӣ ва байналмилалӣ ворид сохта бошад, Лоиқ Шералӣ бо эҳёи руҳи миллӣ, забон ва ҳувияти фарҳангӣ дар замони нави таърихӣ нақши муассир гузоштааст.
Сипас, ходими пешбари илмии шуъбаи фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангии ПИТФИ, доктори илмҳои педагогӣ Хоҷаев Қурбон дар мавзуи “Нақши Мирзо Турсунзода дар адабиёти муосири тоҷик” маърӯза намуда, саҳми шоирро дар ташаккули адабиёти иҷтимоӣ ва ватандӯстонаи тоҷик муҳим арзёбӣ кард. Мавсуф таъкид намуд, ки Турсунзода тавонист шеъри тоҷикро ба минбари ҳимояи сулҳ, дӯстии халқҳо ва арзишҳои инсонӣ табдил диҳад. Ба гуфтаи ӯ, осори шоир то имрӯз аҳаммияти тарбиявӣ ва маънавии худро гум накардааст.
Дар идомаи ҳамоиш ходими пешбари илмии Маркази мероси фарҳангии тоҷикони ПИТФИ, номзади илмҳои филологӣ Мирзоева Шарофат дар мавзуи “Устоди беназир ва шогирди сазовор” суханронӣ намуда, робитаи маънавӣ ва эҷодии байни Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ-ро таҳлил кард. Ӯ зикр намуд, ки Лоиқ ҳамчун идомадиҳандаи мактаби устод Турсунзода, дар шароити нави иҷтимоӣ тавонист бо нигоҳу сабки тоза руҳи миллӣ ва эҳсоси худогоҳиро дар адабиёти тоҷик тақвият бахшад.
Ходими калони илмии шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносии ПИТФИ Саъдӣ Мирзоев дар мавзуи “Он шоире, ки бо фалак овез кардааст” ҷанбаҳои фалсафӣ ва ирфонии ашъори Лоиқро мавриди таҳлил қарор дод. Ӯ таъкид кард, ки дар осори Лоиқ масъалаҳои ҳастӣ, инсон, Ватан Модар ва тақдири миллат бо забони баланд ва тасвирҳои пуррамзу шоирона инъикос ёфтаанд. Ба андешаи ӯ, Лоиқ аз ҷумлаи шоиронест, ки тавонистааст миёни анъана ва тафаккури муосир пуле устувор эҷод намояд.
Дар бахши дигари ҳамоиш ходими пешбари шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносии ПИТФИ Рустамова Саида дар мавзуи “Мавқеи ашъори Лоиқ дар санъати мусиқӣ” баромад намуда, аз таъсири амиқи ашъори шоир ба рушди мусиқии тоҷик ёдовар шуд. Қайд гардид, ки шеърҳои Лоиқ бо сабаби оҳангнокӣ, эҳсоси баланд ва руҳи миллӣ ба яке аз манбаъҳои муҳими эҷоди сурудҳои касбӣ ва мардумӣ табдил ёфтаанд. Ҳамзамон таъсири ашъори Лоиқ дар эҷодиёти адибону рӯзноманигорон ва санъаткорон махсус зикр гардид.
Ҳамоиш бо иҷрои сурудҳо аз ашъори Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ дар иҷрои ходими калони илмии шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносии ПИТФИ Раҳимов Билолиддин ранги тозаи фарҳангӣ гирифт. Иштирокчиён таъкид намуданд, ки пайванди шеър ва мусиқӣ яке аз омилҳои асосии зинда мондани осори ин ду шоири бузург дар хотираи мардум мебошад.
Дар қисмати мубодилаи афкор иштирокчиён оид ба аҳаммияти омӯзиши осори Турсунзода ва Лоиқ дар шароити ҷаҳонишавӣ, нақши онҳо дар тарбияи худшиносии миллӣ ва рушди адабиёти муосири тоҷик андешаҳои худро баён карданд. Таъкид гардид, ки осори ин ду адиби бузург имрӯз низ ҳамчун мактаби маънавият, ватандӯстӣ ва фарҳангпарварӣ муҳиммияти бузурги тарбиявӣ дорад.
Ифтихор Юсуфӣ,
мудири шуъбаи ВАО ва табъу нашр.





