Об ҳамчун моеи берангу бебӯй дар фарҳанги мардум мавқеъи хоса дошта, оид ба он олимони соҳаҳои гуногун тадқиқотҳо анҷом додаанд. Коршиносони илмҳои дақиқ хусуситҳои кимиёвӣ, физикӣ, геологӣ, паҳншавии об дар рӯи Замин, хотираи об ва амсоли инҳоро омӯхта, асарҳои зиёди илмӣ таълиф намудаанд. Дар бораи баъзе аз ҷанбаҳои фолклорӣ, аз қабили гиромидошти об дар фарҳанги мардум низ ба таври алоҳида мақолаҳо интишор шудаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки умумияту алоқамандӣ байни илмҳои дақиқ ва илмҳои ҷомеашиносӣ хеле зиёд мебошад. Зимни ковишҳои фолклорӣ муайяан гардид, ки дар бораи хусусиятҳои физикӣ ва кимёвии об, ки мардум дар тӯли асрҳо мушоҳида кардаанд, дар жанрҳои гуногуни адабиёти шифоҳӣ ба кор рафтааст. Дар ин мақола мехостеб оид ба бархе аз чунин ҳамбастагиҳо андешаронӣ намоем.
Зарбулмасалу мақолҳои тоҷикӣ мавқеи обро дар фарҳанги мардум зиёд инъикос намуда, онро ҳамчун неъмати бебаҳо арзёбӣ намудааст. Барои ба вуҷуд омадани зарбулмасал ва мақолҳо хусусияти табии об ба назар гирифта шудааст. Дар мақолҳо табиист, ки матлабҳо ба маънои аслияшон оварда мешаванд ва ба назар мерасад, ки баъдан онҳо маънои маҷозӣ касб кардаанд. Гурӯҳе аз зарбулмасалу мақолҳоро дар бораи об ҳам ба маънои аслӣ ва ҳам бо маънои маҷозӣ истифода кардан мумкин аст. Масалан, дар мисолҳои зерин инро дида метавонем: «Оба бину мӯза каш» , «Кулол дар мундӣ об хӯрдай», «Об дар ҷои сахт меистад», «Обу ободонӣ» ба маънои аслӣ фаҳмидан мумкин аст. Об дар ҷои сахт меистад, маълум аст, ки ба хусусияти об ишора шудааст. Аммо баъдан маънои маҷозӣ касб кардааст.
Об дар табиат дар намуди сахт – ях, моеъ ва газ – бухор вомехӯрад. Ин хусусиятҳои обро дар зарбулмасал ва мақолҳои халқӣ метавонем ба мушоҳида гирем. Масалан, «Об аз таги ях меравад» (вариантҳояш: Об а таги ях мерад, Об ат таги ях мерад) мебошад. Албатта, дар ин мисол як хусусияти об, ки болояш ях кардаасту аз зераш об меравад, ба назар оддӣ менамояд, аммо он маънои маҷозиро гирифтааст ва ифодагари кори пинҳонӣ мебошад.
Хусусияти дигари физикии об ҳангоми ҷорӣ гаштан ба як самт равона мегардад. Дар асоси мушоҳидаҳои дурудароз мардум хулоса кардаанд, ки агар оби дарё ва ё ҷӯйбор зиёд ҷорӣ шавад, соҳили ростро зиёдтар хароб мекунад. «Об тарафи роста мезанад» - гуфта мешавад, дар як шугуни халқӣ.
Як хусусияти об дар он аст, ки баъди аз ҳам ҷудо шуданашон, агар онҳоро пайваст кунед, боз як ҷо мегарданд, яъне молекулаҳояшон бо ҳам пайванд мегарданд. Ин хусусияти физикии об дар як зарбулмасали халқӣ акс ёфтааст: «Об агар сад пора гардад, боз бо ҳам ошност».
Дар тӯли таърих мардуми тоҷик бо сохтани гупсару ясолу заврақу кема аз дарё мегузаштанд. Ҳангоми заврақронӣ ба равиши об нигоҳ карда белзанӣ тавсия мегардид. Дар зарбулмасали халқӣ гуфта мешавад: «Бел ба равиши ов» ва ё «Бел ба раванди об». Дар ин ҷо низ ба назар мерасад, ки маънои маҷозии як ҳодисаи табиӣ истифода карда шудааст, яъне ба равиши замона нигоҳ карда ҳаракат кун.
«Кӯзаи наву оби хунук» аз таҷрибаи кулолгарон гирифта шудааст. Баъди пухта гирифтани кӯзаҳо дар хуми сафолгарӣ ба онҳо об пур карда мемондаанд ва мушоҳида мекардаанд, ки аз он об мешорад ва ё не. «Кӯзаи наву оби хунук» хусусияти иҷтимоӣ гирифта нисбати касе гуфта мешавад, ки ба кори наве шуруъ кардааст ва мардум мушоҳида мекунанд, ки чӣ тавр ӯ аз уҳдаи иҷрои он мебарояд.
Олимон муайян кардаанд, ки дар қабатҳои замин дар чуқурии гуногун об мавҷуд аст. Чоҳканҳо бо истифодаи донишҳои касбӣ дар куҷо будани обро муайян мекунанд. Дар як мақоли халқӣ истифодаи ин хусусияти об инъикос гаштааст: «Гапа ковӣ гап меброя, замина ковӣ об меброя».
Яке аз хусусиятҳои физикии об дар худ ҳал кардани моддаҳои гуногун мебошад. Намак, шакар ва дигар маҳсулот дар об ҳал мешаванд. Ҳатто металҳои вазнин ҳам дар ин моеъи шаффоф дар муҳлати тӯлонӣ ҳал шуда метавонанд. Обро барои мулоим ва ё худ майда кардани қурут истифода мебаранд. Табиист, ки дар оби гарм моддаҳо худ ҳал мешаванд, ки ин хусусияти об дар мақоли «Давои қурут оби ҷӯш» ифода ёфтааст. Дар зарбулмасали «Давои қурут оби ҷӯш» дидан мумкин аст, ки воқеан бо оби ҷӯш қурутро мулоим кардан мумкин аст, ки дар ин маврид он бо маънои аслӣ омада, ҳукми мақолро дорад. Бо маънои маҷозӣ омада, дар ин ҷо қурут ба маънои нодонӣ ва ё мушкилӣ ва оби ҷӯш бошад, рамзи ҳалли он аст. Дар байни мардум нодонро ба қурут баробар мекунанд, ки ин барои ба вуҷуд омадани варианти дигари он «Нахондагия давош оби ҷӯш» мусоидат кардааст.
Як хусусияти об худашро зуд тоза карда тавонистанаш мебошад. Яъне, лою гарду ифлосиҳоро худаш тоза мекунад. Агар об ҷорӣ бошад, саргаҳ лой мешавад ва дар поёнтар он худаш тоза мегардад. Дар зарбулмасали «Об аз сар лой» ва варинатҳои дигари он ҳамин хусусияташ истифода гардида, маънои маҷозӣ касб кардааст.
Хусусияти дигари об он аст, ки зуд метаровад ва ба ҷойҳои холигии замин меравад. Ин хусусияти об ба пайдо гардидани мақолҳои «Об дар ҷои сахт меистад», «Об хушкиба намеистад, Об ҷои сахта меистад», «Об дар сахтӣ меистад» пайдо гаштаанд.
Ҳамин хусусияти обро дар гузашта кӯзагарон истифода мекарданд. Ба кӯзаҳои нав об андохта мемонданд, то бифаҳманд, ки об аз он мешорад ва ё не. Бо ин амал сифати кӯзаҳои нав санҷида мешуд. Мақоли «Кӯзаи нава овуш хунукай» агар ба маънои аслӣ истифода шуда бошад, пас дар қаринаи «Кӯзаи наву оби хунук» маънои маҷозӣ гирифта, онро мефаҳмонад, ки каси нав ба кори дигар чӣ гуна муносибат мекунад. Махсусан, ин зарбулмасал нисбати нафароне, ки нав ба мансабе соҳиб мешаванд, гуфта мешавад. Гоҳо нақиза карда ба ин зарбулмасал илова ҳам кардаанд: «Кӯзаи наву оби хунук, раиси наву қилиқи хунук».
Дар шароити кӯҳистон фаромадани селу борон зиёдтар ба назар мерасад, ки дар зарбулмасалу мақолҳо ин ҳолат инъикос гаштааст. Мақоли халқӣ бо назардошти хусусияти обу сел гуфта шудааст: «Болоя об бараду поёна сел».
Ба андешаи мо зиёд будани зарбулмасалу мақол перомуни об ва ё бо дарназардошти хусусиятҳои об пеш аз ҳама дар он аст, ки он обро аз давраҳои бостони мардум медонанд ва хусусиятҳои онро омӯхтаанд. Масалан, дар ин мақолҳо мебинем: «Санги вазнинро об намебарад». Агар дақиқан бинем, ба маънои аслияш ҳам онро фаҳмидан мумкин аст, ки санги вазнинро об гирифта намеравад. Аммо минбаъд ин мақол маънои маҷозӣ гирифта, санг дар он тимсоли шахси пуртоқат ва сабур омадааст.
Таърихан, ҳар зарбулмасал дар гузаштаи дур ҳикояеро доштааст, ки сабаби ба вуҷуд омадани онро тавзеҳ медиҳад. Ҳикояҳои зарбулмасалу мақолҳо дар бораи об дар адабиёти бадеӣ ҳам ҷой доранд
Бисёрвариантӣ будани зарбулмасалу мақолҳо дар бораи об дар фолклори тоҷик ифодагари он аст, ки нисбати об дар ҳар минтақа тасаввуроти якхела ҷой доранд, танҳо мазмуни як зарбулмасал ва мақол бо лаҳҷа ва гӯиши гуногун ифода мегардад. Аммо чуноне ишора шуд, ҳанӯз аз замонҳои қадим байни илмҳои дақиқ ва илмҳои ҷомеашиносӣ ҳамбастагӣ вуҷуд доштааст. Табиист, ки ҳама илмҳо дар асоси ҳодисаҳои табииӣ ба вуҷуд омадаанд. Илми фолклоршиносӣ низ дар пайдоиши илмҳои дигар, алалхусус илмҳои дақиқ хеле манфиатовар мебошад. Зеро дар асоси мушоҳидаи ҳодисаҳои табииӣ ва амалу таҷрибаҳои инсонҳо, ҳамзамон тавассути гуфтану шунидан онҳои сайқал ёфтаву шакл мегиранд ва бо мурури замон ба исботи худро ёфта ба илми воқеӣ табдил меёбанд. Аз ҳама муҳим он ки аксари ҳодисаву воқеъот дар жанрҳои фолклорӣ, ба вижа дар зарбулмасалу мақолҳо мунъакис шудаанд, ки намунаҳои боло як ҷузъи хурди онҳо мебошанд.
Ҳусейнзода Зафар

