35- СОЛИ МУЗАФФАРИЯТҲО (нуктае чанд оиди дастовардҳои бахши фарҳанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ)

Тоҷикистони соҳибистиқлол зери парчами ваҳдату ҳамбастагӣ, бунёдкорию созандагии пурсамар ва дар партави сиёсати хирадмандонаю фарҳангпарваронаи  Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷойгоҳи шоистае дар арсаи  минтақавию  байналмилалӣ  касб намудааст. Президенти кишвар ҳануз 8-сентябри соли 2005 зимни суханронӣ дар таҷлили  14- солагии Истиқлолияти давлатӣ  иброз дошта буданд: “Мо имрӯз ифтихор дорем, ки тоҷикон аз ҷумлаи қадимтарин миллатҳои ҷаҳон буда, бо осори  гаронбаҳои моддӣ  ва маънавии худ барои пешрафти фарҳанг ва маънавиёти халқҳои дигар хизмати шоиста кардаанд. Ба ибораи дигар, тоҷикон маҳз аз файзу баракати ҳамин арзишҳову анъанаҳои аҷдодӣ  тавонистанд, ки ҳастии худро нигоҳ доранд ва ҳам дар минтақаи Осиё нақши  тамаддунсозиро бозида, дар радифи қадимтарин миллатҳои дунё ҷой гиранд ва худро ба оламиён ҳамчун миллати фарҳангӣ муаррирфӣ намоянд”.

Моҳиятан падидаи таърихиву фаҳангии миллати мо аз ҷавҳари тамаддуни ориёӣ, аз замони пайдоиши Авасто, давраҳои гузаштагони бузургамон аз аҳди  давлатдории Каёниён то Сомониён ва тамаддуни оламгири ҳазорсолаҳо сарчашма мегирад. Маҳз ҳамин тамаддуни пешрафта ва маърифати баланди ақлонии ниёкони мо буд, ки онҳо ба ганҷинаи тамаддуни башарият аз Зардушту Монӣ сар карда, то Рӯдакиву Фирдавсӣ, Абуалӣ Синову Носири Хусрав, Шайх Аттору Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдиву Ҳофиз, Ҷомиву Сайидо ва садҳо нобиғаҳои илму адабу фарҳангро эҳдо намудаанд. Хизматҳои ин фарзонафарзандони миллат дар устуворӣ ва побарҷо мондани фарҳанги тоҷик хело назаррас аст. Мисоли ин гуфтаҳо, аз асрҳои IX- X то  ба имрӯз “Шоҳнома”-и безавлои Абулқосим Фирдавсӣ, “Қонуни тибб”- и Абуалӣ Сино, “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, ғазалиётҳои ноби  Рӯдакиву Низомӣ, Бедилу Ҷомӣ, Камолу Ҳилолӣ, Ҳайрату Шоҳин  ва дигарон дар хазинаи бои фарҳанги миллати мо чун дурри гуҳари суфтаю пурҷило маскан гирифтааст.

Пешвои хирадманду фарҳангпарвари миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати ин фарҳанги оламшумулро дар эъмори давлатдории навини тоҷикон мақому манзалати баланд бахшида, пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, новобаста аз мушкилоти ҷойдошта, пайваста ба рушди фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи махсус  зоҳир намуда, гуфтаанд: “Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз қарну асрҳо то имрӯз  симои миллати худро, тавассути фарҳанг нигоҳ доштааст ва байни халқу миллатҳои дигар соҳиби нуфузу эътибор гаштааст”.

Мавриди зикр аст, ки ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ яке аз ноҳияҳои муҳими фарҳангии вилояти Хатлон ба шумор рафта, дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди фарҳанг, ҳунарҳои мардумӣ, мусиқии суннатӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, сиёсати фарҳангии давлат барои ҳифз ва рушди мероси миллӣ имкониятҳои нав фароҳам овард ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ низ аз ин равад дур намонд. Рушду эҳёи фарҳанги миллӣ ва  азнавсозиҳои  созгор дар радифи дигар минтақаҳои кишвар дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  ҷой дорад ва  фаъолияти хонаҳои фарҳанг, китобхонаҳо, мактаби санъати бачагонаи мусиқӣ, марказҳои фарҳангиву фароғатӣ далели гуфтаҳои боло мебошад.

Пеш аз ҳама масъулини бахши фарҳанги ноҳия баҳри  баланд бардоштани сатҳи  маълумотнокии  кормандони бахш  иқдом пеша намуданд. Дар мусоҳиба мудири бахши фарҳанги ноҳия Давлатов Ф. чунин иброз дошт: “Истиқлолият ба мо имконият фароҳам овард, ки кормандон соҳибмалумот гардида, хатмкардаҳои мактаби санъати бачагонаи ноҳия, ҷавонони боистеъдод бори аввал ба консерваторияи миллӣ ва донишгоҳи фарҳанг ва санъат ҳуҷҷат супурда таҳсил намуда истодаанд. Дар ноҳия раванди тарбияи  кадрҳои соҳибтахассус мавқеи хоси худро дорост ва ин  раванд  барои дар амал татбиқ  намудани яке аз самтҳои афзалиятноки  сиёсати давлат вобаста  ба таъмин намудани муассисаи таълимӣ  бо  мутахассисони  соҳибмаълумот мебошад”.

Дар ноҳия мактаби санъати бачагона фаъолият  менамояд, ки барои тарбияи  мутахассисони соҳаи фарҳанг таҳкурсии асосӣ мебошад. Солҳои соҳибистиқлолии кишвар фаъолияти муассиса  рушд намуда, шавқу рағбати насли ҷавон барои аз худ намудани мусиқии суннатӣ бештар гардид. Бо ташаббуси бахши фарҳанги ноҳия ҷалби бештари наврасон ба  ҳунаромӯзӣ, дар назди мактаби санъати бачагонаи ноҳия  афзуд ва дар  баробари синфҳои овозхонӣ, навозандагӣ инчунин бахши ҳунарҳои дастӣ синфхонаҳои кандакорӣ, чеварӣ ва рассомӣ таъсис дода шуд, ки боиси ҷалби наврасон гардида, теъдоди толибилмон як  чанд маротиб афзуда аз 20- нафари солҳои пешин то ба имрӯз то ба 150 нафар расидааст, ки  дар оянда барои таъмини кадрҳои соҳавӣ мусоидат менамояд.

Аҳли ҳунари ноҳия дар замони истиқлолият дар як қатор фестивалу озмунҳои бонуфузи  сатҳи вилоятиву ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ба дастовардҳо ноил гардидаанд. Масалан, соли 2017 иштироки аҳли ҳунари ноҳия дар озмуни “Бӯстон”, соли 2003 дар Фестивал озмуни ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ “Андалеб” далели ин гуфтаҳои болост. Дар ин озмун ҳунармандони ноҳия сазовори ҷои дуюм гардида, бо диплом қадрдонӣ шудаанд. Ин муваффақиятҳо таваҷҷуҳи насли ҷавони ноҳияро нисбати фарҳанг, ба хусус ба мусиқии суннатӣ бештар намуда, истеъдодҳои зиёдеро ба арсаи эҷоди ҳунар овард.Тибқи таҳлилу нишондиҳандаҳо дар зарфи шаш соли охир дар озмуни “Тоҷикистон- Ватани азизи ман” аҳли фарҳанги ноҳия, хусусан мутахассисони ҷавони умедбахш иштирок намуда, соҳиби  ифтихорномаву мукофотҳои арзишманд гардиданд. Соли 2020 дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон- Ватани азизи ман” мутриб Ҳасанов Каримҷон дар номинатсияи  навозандагӣ, жанри анъанавӣ иштирок намуда, дар даври ниҳоӣ сазовори ҷои аввал гардида, бо диплом ва мукофоти пулӣ сарфароз гардид. Соли 2021 мудири бахши фарҳанги ноҳия Давлатов Ф. дар номинатсияи бастакорӣ жанри эстрадӣ иштирок намуда, дар даври ниҳоӣ сазовори ҷои аввал гардида, бо диплом ва мукофоти пулӣ сазовор гардид. Солҳои 2024-2025 низ иштироки ҳунармандони ноҳия дар ин озмуни бонуфуз назаррас буд  ва иштироки Боймуродов Ф. дар номинатсияи  бастакори жанри эстрадӣ  исботи ин гуфтаҳо мебошад.

Дар маҷмуъ мусиқии суннатӣ ва халқӣ дар ноҳия мавқеи муҳим дорад ва барои рушди он мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҳама имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, кумак менамоянд.

Инчунин соли 2024 дар озмуни ҷумҳуриявии “Гулзори маърифат” Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид.

Ин нишондиҳандаҳо дар соли 2026 афзуда, аз  вусъати корҳои ташкилӣ ва талошҳои рӯзафзуни аҳли фарҳанги ноҳия баҳри рушди фарҳанг ва бештар намудани таваҷҷуҳи насли наврас ба мусиқии суннатӣ далолат медиҳад. Соли 2026  шумораи иштирокунандагони муҳассилини мактаби санъати бачагонаи  ноҳия дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ба маротиб зиёд гардида, дар номинатсияи навозандагӣ-жанри академӣ 4 нафар, жанри академӣ (созҳои миллӣ) 5 нафар, номинатсияи сарояндагӣ- жанри академӣ 5 нафар, номинатсияи санъати тасвирӣ (жанри рассомӣ) 4 нафар, номинатсияи санъати тасвирӣ (жанри ороиши амалӣ) иштирок намуда, ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол намудаанд.

Бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Итиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ тибқи нақша-чорабинӣ ҳайти тадорукот таъсис  дода, кор дар ин самт мунтазам  идома дорад.

Дар маҷмуъ метавон хулоса намуд, ки вазъи фарҳангии ноҳияи  Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҳама бахшҳо хело назаррас мебошад ва ин нишондодро метавон  ба фаъолияти пурсамари мудири бахши фарҳанги ноҳия Давлатов Ф, роҳбари бадеии ансамбли эстрадии “Шабчароғ” Зокиров Ш,  роҳбари бадеии ансамбли тарона ва рақсии “Ғунча” Ҳалимов М, директори хонаи фарҳанги Ҷамоати деҳоти “Хуррамдиёр” Ризвонов Э. ва дигарон рабт дод. Инчунин раванди таълимии мактаби санъати бачагонаи ноҳия, таваҷҷуҳи бештари насли ҷавон ба омузиши  мусиқии суннатӣ, иштироки онҳо дар озмунҳои сатҳи вилоятиву ҷумҳуриявӣ аз он шаҳодат  медиҳад, ки  масъулини соҳаи фарҳанги вилояти Хатлон, бахусус ноҳияи мавриди назар нисбати фарҳанг таваҷҷуҳ ва ғамхории зиёд доранд.

Ин нишондодҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки вазъи фарҳанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар даврони истиқлол ба марҳилаи  нави рушд ворид гардидааст. Эҳёи анъанаҳои миллӣ, рушди муассисаҳои фарҳангӣ, дастгирӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва болоравии маърифати фарҳангии сокинон  нишон медиҳад, ки фарҳанг ҳамчун ҷузъи муҳими ҳаёти ноҳия мавқеи устувор касб намудааст. Имрӯз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҳифзу рушди фарҳанги миллӣ саҳми арзанда гузошта, барои тарбияи насли худогоҳу ватандӯст заминаи мусоид фароҳам  меорад.

Раҳимов Билолиддин

ходими калони илмии шуъбаи

фарҳанг ва санъатшиносӣ

барчасп: