ЗАФАРОБОД. БОҒ САРСАБЗ АСТ
БА ЁДИ ШАҲИДОНИ ВАТАН
Сафари хидматии мо ҷиҳати таҳқиқи мушкилот ва дастовардҳои соҳаи фарҳанг ва санъат дар замони муосир тибқи фармоиши директори ПИТФИ Аминзода А. №16 аз 6 04-15 04 2026 ба ноҳияҳои Мастчоҳ ва Зафарободи вилояти Суғд сурат гирифт. Рӯзи 7-уми апрел бо директори Қасри фарҳанги ноҳияи Зафаробод Наимҷон Аҳмадов вохурда аз фаъолияти кормандони бахши фарҳанг огаҳ шудем. Ба мо барои дастрас намудани маълумоти зарурӣ кормандони бахш Шаҳрбону Давлатова, Хуршеда Давлатова ва Мамлакат Боқиева ёрӣ расонданд.
Таваҷҷуҳи моро Боғи Парчами миллӣ ва маҷмааи ҷонфидоёни Ватан, ки онро сокинони маҳаллаи ба номи Муҳаммадҷон Одинаеви деҳаи Бахт бунёд кардаанд, ҷалб намуд. Ин албатта, гувоҳи эҳтиром, садоқат ва муҳаббат ба Ватан аст. Бинобар ҳамин бо мудири шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносии ПИТФИ Шамсуддин Абдуллоев ва роҳбаладии Ҳусен Одинаев, директори боғи мазкур, роҳи деҳаи Бахтро пеш гирифтем.
МУҲАММАДҶОН ОДИНАЕВ КИСТ
ВА ЧАРО НОМИ МАҲАЛЛА
БА НОМИ ӮСТ
Муҳаммадҷон Одинаев 19 январи соли 1996 дар маҳаллаи Бахти ноҳияи Зафаробод дида ба олами ҳастӣ кушод. Падараш Ҳусен Одинаев ҳанӯз соли 1991 дар қатори даҳҳо нафар аз деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ барои кушодани заминҳои навкорам ба Зафаробод кӯчид. Чун бобояш Муҳаммад Одинаев (мардум ӯро аз рӯи эҳтиром Мулломуҳаммад мегуфтанд), иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, хабари вилодати набераашро шунид, ба Зафаробод омаду ба ӯ номи худашро гузошт ва дуо дод, ки чун худаш муҳофизи Ватан ва маҳбуби мардум бошад. Дуои бобо мустаҷоб шуд. Муҳаммадҷон баъди хатми мактаби миёна соли 2013 ба мактаби олии КДАМ дохил шуда, онро соли 2018 бомуваффақият хатм намуд. Беш аз ду сол дар ВАБК дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон адои хидмат кард. 27 майи соли 2021 ба муносибати 27 солагии таъсисёбии Қушунҳои сарҳадӣ бо медали ҷашнии 20-солагии Қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуд. Аз моҳи ноябри соли 2021дар Ворух дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон адои хидмат дошт ва 16 сентябри соли 2022 дар синни 26 солагӣ дар ҳифзи Ватан –Модар қаҳрамонона ба шаҳодат расид.
Падараш Ҳусейн Одинаев зимни суҳбат бо дидагони пурнам лаҳзаҳои ҳаёти ҷигарбандашро ба ёд оварда, иброз дошт, ки шоири дӯстдоштаи Муҳаммадҷон Ҳабиб Юсуфӣ буд, ки шеърҳои ватандӯстонаи ӯро чун Савганди вафодорӣ дар баробари Модар – Ватан аз бар карда буд ва ҳамеша такрор мекард:
Ба роҳи Ватан ҷон фидо мекунем,
Ватан ҳарчӣ гӯяд, адо мекунем.
Биҷангем чандон барои Ватан,
Ки душман шавад зери пои Ватан!
Шодона ҳамсари Муҳаммадҷон баъди ду моҳи фавти шавҳараш- 30-юми ноябр тифле ба дунё овард, ки номашро Муҳаммадҷон гузоштанд ва апааш Марями 3-сола парвонавор гирдаш мегардад. Ҳама аҳли оила аз рӯи ин навзод нишонаҳои падарашро меҷӯянд...
Бо ҳидояти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, КДАМ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВАБК, Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим, Қушунҳои сарҳадӣ, ба хонаҳои шаҳидон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташриф оварда, таслият гуфтанд ва дасти ёрӣ дароз карданд. Аз ҷумла, раиси ноҳияи Зафаробод, роҳбарони мақомоти қудратии ноҳия ва дигар муассисаҳо чандин маротиба аз ҳоли оилаи Ҳусейн Одинаев хабар гирифтанд ва кумак расонданд.
Ҳусейн Одинаев – падари Муҳаммадҷон Одинаев барои таслият, қадрдонию ғамхорӣ дар ҳаққи аҳли оилааш дар он рӯзҳои вазнин, пеш аз ҳама ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси КДАМ Саймумин Ятимов, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси ноҳияи Зафаробод Раҷаб Ашӯрзода ва дигар азизоне, ки қадам ранҷа фармуданд, миннатдории самимии хешро баён месозад.
Муҳаммадҷон дар роҳи ҳифзи Ватан ҷони худро фидо кард ва ҳимояи марзу буми Ватанро барои худ қарзи фарзандӣ ва шарафи бузург ҳисобид.
Ҳанӯз дар мактаби КДАМ таҳсил карданаш суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қушунҳои сарҳадӣ аз 28 майи соли 2019 дар хотираи худ сабт кард:
“Шумо, ки дар сафи пеши ҳифзи сарҳади давлатӣ ва суботу оромии сокинони кишвар қарор доред, бояд интизоми қатъии ҳарбиро асоси фаъолияти ҳаррӯзаи худ ҳисобида, ҳамеша ҳушёру зирак ва барои ҳимояи зиндагии осоиштаи халқамон доимо омода бошед ва нагузоред, ки унсурҳои ҷинояткор тавассути марз фазои орому осуда ва дастовардҳои мардуми шарифиТоҷикистонро халалдор созанд.
Барои иҷрои ин рисолати пуршараф бояд саҳми афсарон назаррас бошад. Шумо - афсарони муҳтарам, бо ҳисси баланди миллӣ, малакаву таҷрибаи андӯхтаи хеш ва муносибати ғамхорона нисбат ба зердастон дар таълиму тарбияи насли далеру шуҷои Ватани азизамон заҳмати худро дареғ надоред ва ҳамеша ба унвони баланди афсари марзбон сазовор бошед.
Ҳар як пораи хоки Тоҷикистони маҳбубамон бояд барои тамоми генералҳо ва афсарону сарбозон азизу муқаддас бошад ва ҳар як низомии бонангу номус ҳифз кардани онро барои худ қарзи фарзандӣ ва шарафи бузург ҳисобад.
Бовар дорам, ки шумо минбаъд низ барои суботу оромӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ, амнияти сокинони кишвар ва ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ содиқона хизмат мекунед.”
Оре, ҳақ ба ҷониби Сарвари давлат аст, ҳимояи марзу буми Ватан барои ҳар як шаҳрванд қарзи фарзандӣ ва шарафи бузург аст. Ҳар як пораи хоки Тоҷикистони маҳбубамон барои сокинону низомиёни бонангу номусаш азизу муқаддас аст. Аслан ниёгони мо меҳри Ватанро ба меҳри модар баробар медонанд ва ҳифзи онро воҷиб мешуморанд. Чунончи Абулқосим Фирдавсӣ мефармояд:
Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,
Зану кӯдаки хурду пайванди хеш,
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Дар байни мардум мо ин гуфта хеле маъмул аст, ки ҳифзи Ватанро аз хифзи ҷон бартар медонанд: “Ҳифзи ҷон воҷиб асту ҳифзи Ватан аз он воҷибтар. Ва ё иборае мавҷуд аст, ки дӯст доштани Ватанро ба ҳама воҷиб мегардонад: «Ҳуббу-л-ватан мина-л-имон» яъне, дӯст доштани Ватан аз имон аст. «Ибораи мазкурро баъзеҳо ҳадис, гурӯҳи дигар хабар ё қавл медонанд. Аммо ҳамагон дар воҷиб будани «Ҳуббу-л-ватан» иттифоқ доранд.
Тамоми таълимоти диниву дунявии ҷаҳонӣ мафҳуми Ватанро дар мавқеи аввал мегузоранд, зеро инсон бидуни муҳаббати он қобили пазироии дигар анвои меҳру муҳаббат буда наметавонад. Меҳри Ватанро беҳуда бо меҳри модар дар як радиф нагузоштаанд. Агар модар инсонро ба вуҷуд оварад ва тарбия карда, ба муҳит ва оила ҷазб намояд, пас, Ватан рӯҳия ва камолоти инсониро парвариш дода, дигар арзишҳои волои инсониро ба онҳо зам мекунад.
Инсони некбахт нафақат ватанашро дӯст медорад, балки барои ободонӣ ва аз фитнаҳо нигоҳ доштани он саъю талош ба харҷ медиҳад ва бо душманони он муборизаи беамон мебарад. Паёмбари Худо (с) мефармоянд: «Ду чашмест, ки ҳаргиз дар оташи дузах намесӯзад, яке аз тарси Худо гиря мекунад, дигаре дар роҳи дӯст доштани Ватан мижа назада хидмат мекунад».
Дар ин сухани Расули Худо (с) ҳеҷ шакку шубҳае нест, пас ҳар касе барои ҳифзи Ватан ва ободии он камари ҳиммат бастааст, аз оташи дӯзах дар амон хоҳад буд.
Аз ин бармеояд, ки ҳар кас вазифадор аст, Ватани худро ҳимоя кунад, чи дар сарҳад, чи дар хона, чи дар деҳаву ноҳияву шаҳр. Вазифаи аввалини ҳар яки мо – ҳимояи Ватан тариқи фаҳмондадиҳӣ, огоҳонидани мардум аз макру ҳиллаи душманон, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи баланди ватанпарварист.
Дар ҳадисе аз Паёмбари акрам (с) омадааст: Фариштагон се овозро ба таъҷил ба осмон мерасонанд: Овози қалами нависандагон (агар хайр нависанд).
Овози чархресии занон дар хона (яъне, фазилати меҳнати ҳалол)
Овози қадами марзбонон (чун дар гармову сармо Ватани худро аз душманон ҳифз мекунанд).
Ҳомиён – марзбонони Ватан шабҳо бедорӣ мекашанд, то дигарон дар амонӣ бихуспанд, ҷони худро дар хатар мемонанд, то мардум осудаҳол бошанд.
ҚУРБОНИ ВАТАН БОШ, КИ ҚУРБОНАТ ШАВАНД
Ҳанӯз 17 сентябри соли 2022 дар феесбук матни зерин интишор ёфт, ки беш аз ҳазор нафар ҳамдиёрони азиз-шаҳрвандони Тоҷикистон шарҳ навишта изҳори ҳамдардӣ баён кардаанд:
Имрӯз на танҳо волидони Муҳаммад ва ақрабояш, балки тамоми ҳамдиёронаш-мардуми Дарғи шариф, ноҳияи Айнӣ, Зафаробод ва дар умум Тоҷикистон аз марги ин қаҳрамонписар, ки дар ҳимояи марзу буми Ватан ҷонашро фидо кард, мотамзадаанду хун мегирянд. Ному корномаи ту, ки шарафи Ватан -Модарро ҳимоя кардӣ, ҷовидонист. Ба падару модари азизат, ҳамсари меҳрубон ва фарзандон-нури чашмонат Худованди Бузург сабри ҷамил ато фармояд ва ҷоятро Ҷаннатулфирдавс гардонад.
Ва даст ба дуо бардошта мегӯем:
Ғариқи раҳматаш бинмо, Худоё,
Тариқи Ҷаннаташ бинмо, Худоё.
Аз ҷумла яке аз хоҳарони меҳрубон ва баору номуси мо эҳсоси ватандӯстӣ ва дилсӯзиашро нисбат ба ин афсари ҷонфидои Ватан-капитани амният Муҳаммад Одинаев чунин баён кардааст, ки хеле муассир аст: “Бар қошои зебот бимирам!” Оре, ин гуфта ҳамон масали мардуми моро ба хотир меорад ва бори дигар таъкид мекунад: “Қурбони Ватан бош, ки қурбонат шаванд”.
МУТТАҲИД ҶОНҲОИ ШЕРОНИ ХУДОСТ
Сароҳатан ва сидқан бояд гуфт, ки ҷонфидоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои Ватану миллат, барои ваҳдату сарҷамъии мардуми тоҷик, ки 35 сол қабл дар ҳолати ҷанги шаҳрвандӣ, парокандагӣ ва хатари нобудшавӣ қарор дошт, барои садсолаҳо намунаи ибрат аст. Чунин муҳаббату ҷонфидоӣ нисбат ба ҳифзу ободии Ватан дар хуни мардуми мост, ки ҳазорсолаҳо ба мерос мондаву дар осори ниёгонамон то ба имрӯз нигоштаву таъкид шудааст. Мавриди зикр аст, ки бо ташаббусу иқдом ва ҳидояти Пешвои миллат ҳисси худшиносии миллӣ баланд гардиду ваҳдату муттаҳидӣ ва ҳамгироии мардуми тоҷик таҳким ёфт.
Чун ғосибони давлати ҳамсоя, ки ҳукмронии худро бо шиори “Тафриқа андозу ҳукмронӣ кун” идома медоданд, борҳо аҳдшиканона марзро убур карда, аз аслиҳаи вазнин ба марзбонону мардуми осоишта оташ кушоданд ва дар натиҷа чандин марзбон ва сокинони назди сарҳадӣ, аз ҷумла занону кӯдакон, ҳатто намозгузорони масҷид аз бомби дронҳо ба шаҳодат расиданд, хашму ғазаби мардуми тоҷик ва аҳли сайёраро овард. Даҳаи сеюми сентябри соли 2022 дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар ҳазорҳо ҷавонону мардони баору номус ҷамъ омада, омодагии худро дар ҳимояи марзу буми Ватан баён намуданд.
Оре, яке аз бузургмардони мо бамаврид фармуда:
Ҷони гургону сагон аз ҳам ҷудост,
Муттаҳид ҷонҳои шерони Худост.
ЁДИ ҚАҲРАМОНОН ҶОВИДОНИСТ
Корномаҳои ҷангии Муҳаммадҷон Одинаев бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2023 №528 бо ордени“Ҷасорат” (пас аз марг) ва медали ҷашнии “20-солагии Қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон”қадрдонӣ карда шудааст.
Боиси ифтихор аст, ки бо Қарори вакилони халқи шаҳри Исфара аз 10 марти соли 2023 таҳти рақами № 15/9 яке аз куҳантарин муассисаҳои таълимӣ-муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-и Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ба номи Муҳаммадҷон Одинаев гузошта шудаст. Яке аз маҳаллаҳои пурнуфузи деҳаи Бахти Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳия -зодгоҳи қаҳрамон шарафи номи Муҳаммадҷон Одинаевро гирифт.
ЗАФАРОБОД. БОҒ САРСАБЗ АСТ
БА ЁДИ ШАҲИДОНИ ВАТАН
Соли 2024 дар даромадгоҳи маҳалла дарвоза, “Боғи Парчами миллӣ ва ҷонфидоёни Ватан” бунёд гардид, ки ба он аҳли маҳалла ва соҳибкорон саҳм гузоштанд. Онро Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода ифтитоҳ намуд. Мавриди зикр аст, ки ҳанӯз моҳи феврали соли 2023 Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба аҳли оила ва ҳамсари шаҳиди Ватан - Одинаева Шодона 150 ҳазор сомонӣ тақдим намуд, ки мавсуф он маблағро барои бунёд ва ободонии боғи мазкур бахшид.
Дар паҳлуи боғ истгоҳи замонавӣ бо номи Фарзод сохта шудааст, ки панҷоҳ дар сади маблағи онро сокини маҳалла Қамар Ҳасанов парпдохт кардааст ва мардум аз он ҷо ба маркази ноҳия мераванд. Дарвозаи маҳалла хеле баланду зебо сохта шуда, дар ду тараф суратҳои Пешвои миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон ва Дасти дуои модар насб карда шудааст. Дар канори даромадгоҳи дарвозаи боғ ба шаҳиди Ватан санге насб гардида дар он чунин ҳаккокӣ шудааст:
Одинаев Муҳаммадҷон
19.01.1996–17.02.2022
Бародарон, ба Ватан-Модар вафо кунем,
Агар ки сар талаб кунад, ба вай фидо кунем.
Масоҳати боғ қариб 60 сотих буда дар он Парчами Тоҷикистон дар баландии 20 метр парафшон аст.
Дар боғи мазкур сурат ва шарҳи ҳоли панҷ нафар фидоиёни Ватан гузошта шудааст:
Каримов Асрорқул (1968-1992)
Мавсуф зимни адои хидмат барои барқарор кардани сохти конститутсионӣ 21 октябри соли 1993 дар мавзеи Тавилдара ба ҳалокат расид. Ба хотири абадӣ гардондани номаш яке аз кӯчаҳои деҳаи Бахти Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод ба номаш гузошта шуд.
Тошев Азимқул Алиқулович (1975-1994)
Азимқул зимни адои хидмат дар қисми дидбонгоҳи Федератсияи Россия дар Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Ишкошим ба ҳалокат расид. Баҳри абадӣ гардондани хотираи қаҳрамон кӯчае дар деҳаи Бахти Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод ба номи Азимқул Тошев номгузорӣ шудааст.
Ашӯров Рустам (1974-1996)
Рустам зимни хидмат 20 октябри соли 1996 ҳангоми озод намудани деҳаи Лайрони водии Рашт ба шаҳодат расид. Пас аз фавташ бо Қарори Шӯрои омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии “№17 деҳаи Орзуи Ҷамоати деҳоти Равшан, ки мавсуф дар он ҷо таҳсил карда буд, ба номаш гузошта шуд.
Ҷаққонов Мелис (1987-2015)
Мелис донишкадаи олии ҳарбии шаҳри Москваи Федератсияи Россияро хатм карда ба ҳайси командири рота дар Вазорати Мудофиаи Тоҷикистон оғоз кард. Соли 2012 хизмати ҳарбиро ба сифати командири ротаи махсуси зудамали Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дода, 8 – июли соли 2015 ҳангоми иҷрои вазифаи фаврии хидматӣ қаҳрамонона ҳалок гардид. Капитан Мелис Чаққонов баъди фавташ бо ордени “Ҷасорат” ва медали “20 солагии Қушунҳои саҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадрдонӣ шуда, як маҳаллаи деҳаи Бахти Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод ба номаш гузошта шудааст.
Ҳамзамон, сурат ва шарҳи ҳоли Муҳаммадҷон Одинаев дар қатори ҷонфидоёни Ватан оварда шудааст, ки мо онро зикр кардем.
Бояд зикр кард, ки сокинони деҳаи Дарғи шарифи ноҳияи Айнӣ, ки 40 сол қабл ба ин ҷо муҳоҷир шуда омадаанд ва соҳибкорон дар бунёди Боғи Парчами миллӣ ва ҷонфидоёни Ватан саҳми муносиб гузоштаанд. Чунончи Сафар Боев дар сохтани як суҳбаткада (бесседка), Меҳргони Назруллоҳ ҷонфидоёни Ватан, Низомиддин Худоёров фаввора, Ғайбулло Ашӯров насби сангҳои ороишии атрофи сутуни парчам, Толиб Давлатов дарвоза, Асрор Олимов панҷараи боғ (70 метр), Шукрулло Шодиев 8-то нишастгоҳ саҳм гузоштаанд. Ғайр аз ин омӯзгорони мактаби №12 барои ободии боғ 6,5 ҳазор сомонӣ ҳиссагузорӣ кардаанд. Ҳамчунин Хуршед Ҳасанов, Наимҷон Давлатов, Меҳроҷиддин Худоёров, Давлат Давлатов, Шероз Ҷумаев, Хайриддин Боев дар бунёди боғ саҳмгузоранд. Сокинони маҳалла Ҷумъабой Холов, Қамарбой Ҳасанов, Хурсандмурод Давлатов, Юнус Шарифов, Темурқул Давлатов, Фарҳод Давлатов, Ҷумъа Ҷумаев, Фурқат Раҳимов, Саидалӣ Назриев, Нурулло Бобоев, Сафар Шодиев, Умедҷон Нуров, Илҳомиддин Бадалов, Инъомҷон Раҷабов, Муқим Расулов, Ҷовид Ҷумаев, Ҷовид Раҳимов, Вазир Шоқурбонов, Беҳрӯз Қайюмов, Пайрав Шодиев, Фаридун Боев, Саидраҳмон Назриев, Назруллоҳ Одинаев (раиси маҳалла), Мурод Муродов (духтур), Гулҷаҳон, Мирзоева, Дилнура Назриев, Давлат Давлатов, Ёрмаҳмад Раҳимов, Шоҳҷаҳон Назруллозода, Бахтиёр Мирсаидов, Нуралӣ Ҷумаев, Абдулло Мирмаҳмадов, Некрӯз Шодиев, Абдусодиқ Авезов, Абдусалим Маҳмадов, Ҳамзахон Баротов, Мизроб Ҷумъаев, омӯзгорон: Хусрав Раҷабов, Мирюнус Боев, Саидаҳмад Саидов, Абдусалом Раҳимов ва мӯйсафедон – пирони кор: Шариф Раҷабов, Шариф Назриев, Ҳаким Расулов, Абдулло Саидов, Мулошариф Суфиев, Шариф Ҷумъаев, Ҳаким Боқиев дар бунёд ва ободонию созандагии Боғи Парчами миллӣ ва ҷонфидоёни Ватан саҳми муносиб доранд.
- Имрӯзҳо соҳибкорон ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар атрофи боғ ошхонаи миллӣ-туйхона, мағозаҳои хӯрокворӣ, сартарошхона, дорухона ва дигар иншоотҳои ҷашнӣ месозанд,-мегӯяд директори Боғи Парчами миллӣ ва ҷонфидоёни Ватан Ҳусейн Одинаев.
Муҳаммадҷони чорсола ба сурати падараш ишора карда мегӯяд: - Ман ҳам мисли дадаҷонам қаҳрамон мешавам...
Оре, бунёди чунин боғ ва пос доштани хотираи ҷонфидоёни Ватан ба насли наврас, бахусус ба Муҳаммадҷони хурдсол, ки аз шафқати падар маҳрум монд ва рӯи падарро надид, мояи ифтихор аст ва онҳоро ҳомиёни ватандӯст ба воя мерасонад.
Ва дар охир мегӯем:
Аз чароғи нури имон манзилат обод бод,
Дар паноҳи раҳмати Ҳақ рӯҳи покат шод бод.
Мунаввари САФАР,
ходими пешбари илмии шуъбаи
фарҳанг ва санъатшиносии ПИТФИ
Душанбе-Зафаробод-Душанбе


