«Дар баёни дувоздаҳмақом»

Ин «Рисола дар баёни Дувоздаҳмақом ва бистучаҳор шӯъбаҳои ҳар мақом»аст, дар асри 16 рӯйи кор омадааст.
Муаллиф Наҷмуддин Гавҳарии Кавкабии Бухороӣ (ваф. 1535).
Рисолаи манзуму мансур буда, аз муқаддима (наср) ва ҳафт фасл (боб) таркиб ёфта, бо хати натаълиқи хоно дар Бухоро китобат шудааст. Дар муқаддима ҳадафи нигориши рисола, тафсири мӯҷази ҳар мақом, таркиботи он (шӯъбаҳо, овозҳо ва гӯшаҳои мусиқӣ) қаламдод шудааст. Дар фасли аввал («Дар баёни нағмаҳои шӯъбаҳо») бештар масоили сохт, тартиби 12 мақом (парда), 24 шӯъба, иртиботи ин таркибот, ҷанбаҳои бадеию зебоишиносии онҳо дар ҳамоҳангӣ ба мавқеи ҷойгиршавиашон (дар адвори маъмула) тафсир шудаанд. Кавкабӣ мавқеъ, тартиби ҷойгиршавии мақомҳоро чунин ба қалам оварда:

Раҳовӣ шуд мақому шӯъбаи ӯ,
Ту «Наврӯзи Араб»-ро аз «Аҷам» ҷӯ
Зи «Наврӯзи Араб» шаш нағма ҷӯӣ
«Аҷам»-ро ҳам зи шаш нағма бигӯӣ.
«Ҳусайнӣ» шуд, мақом, эй некахтар,
Зи нав омад «Дугоҳу» ҳам «Муҳайяр».

Шаш овоза (Гавашт, Ноя, Салмак, Гардуния, Шаҳноз, Наврӯз) аз шохаҳои муҳими савтияти мақомҳо буда, ин мавзӯъро мусаннифи рисола дар фасли дуввум («Дар баёни шаш овоза») тавзеҳ додааст. Дар фаҳмиши таркиботи мақомҳо дар рисолаҳои мусиқии а-ҳои16 –17 тафсиру маънидоди онҳо гуногун сурат гирифта, дар осори манобеи мусиқии ин асрҳо бештар равиши баррасии фалакии мақомҳо шоеъ аст. Аз ин нигоҳ дар боби саввум («Дар баёни нағмаҳо, ки аз дувоздаҳ бурҷ аст») мавзӯи истихроҷу пайванди таркиботи мақомҳо бо 12бурҷи фалакӣ дар иртибот тавсиф шудааст.
Кавкабӣ аз усул, раванди тафсирии мақомҳо (тавсифи фалакӣ) дур нарафта, ин мавзӯъро дар ҳамбастагӣ ба диди фалакӣ тавзеҳ медиҳад.
Муаллиф дар фасли чаҳорумДар баёни усули мухталифа») вазну зарб ва усулҳои мусиқиро мавриди бахс қарор дода, афкору андешаҳои мухталифи хешро бо образҳои рангини шеърӣ баён намуааст:

Гӯям адади усулҳо боз,
Ҳафдаҳ баҳр аст, эй хушовоз.
Баҳре, ки қабули ҳар кас омад,
Он баҳр бидон «Мухаммас» омад.
Баҳре, ки бинои авҷу паст аст,
Он баҳр бидон, ки «Туркзарб» аст
.

Дарки маҷмӯии мақомҳо ва таркиботи он (оваза, шӯъбаю гӯшаҳояш бо дигар шохаҳои созию овозӣ) дар амалиёти мусиқӣ аз муҳимтарин усули фарогирии мақомҳо маҳсуб шуда, муаллиф дар фасли панҷум («Дар донистани дувоздаҳмақом, бистучаҳор шӯъба ва шаш овоза») аз равиши дарки маҷмӯъ, тарз ва усули иҷрою эҷоди таркибҳои созию овозӣ, дарки қавонини устодонаи мақомҳо ва ғ. ибрози назар намудааст. Дар ин фасл Кавкабӣ чун донандаи номвари маҷмӯи устодонаи мақомҳо дар иртибот ба таҳаввулоти эҷодию иҷроии асрҳои15 – 16 Мавароуннаҳру Хуросон ба хулосаҳои назарию зебоишиносии мусиқӣ дастёб шудааст.
Чунонки пайдост, ки дар маҷмӯи даврии мақомҳо шаш овоза аз шохаҳои муҳими назарию амалӣ маҳсуб шуда, равиши эҷоди амалии 12- мақом ва таркиботи он ба ин қисми мақомҳо (овозаҳо) дар иртибот буда ва ин ҳамсонӣ Фасли шашум («Дар баёни он, ки шаш овоза дар дувоздаҳ мақом бошад») давоми мантиқии фасли панҷум буда, хусусияти хоси шаш овозаро, ки ҳар яке ба ду мақом марбут аст, тахлил менамояд.
Дар фасли ҳафтум («Дар баёни таркиботи мақомҳо») бештар тавсифи шаш овоза, ҳафдаҳ баҳру усулҳои мусиқӣ, таносуби ҳамсонии мавзӯӣ, оҳангӣ, тараннумӣ, хатти ягонаи иртиботи бадеию зебоишиносии маҷмӯи даврии мақомҳо тавсиф шудаанд.
Пайдост, ки муаллиф дар баёни мавзӯи ин фасл ҳам донишу таҷрибаи хуби эҳсоси ҳунариашро ба кор бурда, дар тавзеҳи бисёр муаммоҳои мусиқӣ (мақомҳо) назари нави тавсифиро пеш овардааст. Ин рисолаи шаклан манзуму насрӣ аз манобеи нодири назарӣ, бадеӣ, зебоишиносии мусиқӣ буда, дар рушди тафаккури назарию бадеии мусиқии асрҳои баъдӣ нақши мондагор гузоштааст.

Адабиёт: Наҷмуддин Кавкабии Бухороӣ, Рисолаи мусиқӣ,
Рисола дар баёни дувоздаҳмақом, таҳия таҳқиқи А. Раҷабов, Д., 1985;
Нағмаи ниёгон, таҳияю таҳқиқи А. Раҷабов, Д., 1990; Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ. 1 Д., 1988; Мусиқинома, маҷ. «Ҳунар ва мардум», ш. 135, Теҳрон, 1346.

барчасп: