Файзулло Каримов марди фозилу соҳибҳунар аз зумраи мутахассисонест, ки истеъдоди модарзодиаш дар ҷодаи санъати хореографияи тоҷик ба қуллаҳои баланди ҳунарӣ расида, дар рақси миллӣ услуби хоси иҷроиро ҷорӣ намудааст.
Эҳёгари мактаби рақсии Кӯлоб, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1996), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2003) Файзулло Каримов ҳунарманди асилест, ки рақси миллии кишварро ба ҳама рукну унсурҳои мардумӣ, зебогиву назокаташ ба ҷаҳониён дар Фаронса, Эрон, Лаос, Чехословакия, Арабистон, Русия, Украина, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ҳиндустон ва Узбекистон муаррифӣ намуда, машҳури олам гардидааст.
Меҳри беандоза ба санъати рақс ҳанӯз аз овони хурдсолӣ ва мактабхонӣ дар деҳаи Кули суфиёни ноҳияи Данғара дар дили кӯчаки ӯ лона гузошта буд. Ӯ яке аз фаъолони дастаи ҳаваскорони санъати мактаб ба ҳисоб рафта ба олами рақс ва мусиқӣ дар мактаб рӯ овардааст. Баъд аз тамошои рақси «Чупон» аз тариқи оинаи нилгун дар иҷрои Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Муҳаммадӣ Абдурасулов Файзуллои ҷавонро ба олами беканори рақс ворид гардонид. Соли 1975 баъд аз хатми мактаби миёнаи № 51-и зодгоҳаш, минбаъд барои аз худ намудани касби дӯстдоштааш санъати рақс Файзулло ҳуҷҷатҳояшро ба кафедраи навтаъсисёфтаи хореографияи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода супорид.
Асосгузор, ташкилотчии кафедраи хореографияи донишкада, пажӯҳишгари рақси тоҷик, профессор, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Азиза Азимова иҷрокунандаи системаи анъанавии тайёр намудани раққосон «Устод-шогирд» ба донишҷӯ Файзулло Каримов сири пурасрори рақс, истифодаи анънаҳои рақси миллӣ, мақсаднок ба кор бурдани рақҳои классикии Аврупоро омӯхта, нозукиҳои хореографияро ба ӯ таълим дода, дар пайдо намудани сабку салиқаи хосси иҷроӣ, ташаккули шахсияти эҷодиаш саҳми босазои худро гузоштааст. Фазои мусоиди ҳунарии шаҳри Кӯлоб дар камолот ва ташаккули маҳорати эҷодию ҳунарии Файзулло таъсири муҳим расонид. Ӯ ба сифати шогирди мумтоз дар вақти таҷрибаомӯзӣ эътибори хоса пайдо намуда, раёсати фарҳанги вилоят ӯро ба кор ба вазифаи балетмейстри маркази илмӣ-методии эҷодиёти халқ, корҳои маданию-маърифатӣ баъд аз хатми донишкада даъват намуд. Саҳми муассисаи мазкур дар ҳифзу пешбурди эҷодиёти мардумӣ назаррас буда, набудани мутахассиси соҳаи рақс балетмейстер дар муассисаҳои фарҳангии вилоят ба ӯ имконият фароҳам овард, ки вазъи ансамблҳои халқии тарона ва рақси ноҳияҳою вилоятро омӯхта ба шӯъбаҳои фарҳанг дар баргузории фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти бадеии халқ «Бустон»-2 ва «Бустон»-3 оид ба саҳна гузоштани рақс, сюитаи рақсӣ саҳми босазои худро гузорад. Файзулло Каримов дар тӯли зиёда аз 20 соли фаъолияташ аз ноҳияҳо ва деҳаҳои минтақаи Кӯлоб шогирдони ҷавонро пайдо намуда дар тарбияи онон, ташкили мактаби рақс ва омӯхтани нозукиҳои сабк, яклухтии бадеӣ ва маданияти баланди рақси мардумӣ хизмати арзанда намудааст.
Дар асоси таҳкурсию таҷриба, маҳорати ҳунарии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, устоди рақс Зулайхо Раҳимова, Бобо Ятим, Садбарг Қосимова ва дигар иҷрокунандагон балетмейстерон М. Абдурасулов. Ф. Каримов мактаби рақсии Кӯлоб «Шогирд-устод»-ро ташкил намуданд, ки он дар ҳифзу нигодории рақси мардумӣ ва омӯхтани суннатҳои он нақши асосиро дар бар дорад. Имрӯз шогирдони мактаби рақсии Файзулло Каримов, Абдуғафор Муродов аз ноҳияи Фархор, Хоҷамурод Кабиров аз ноҳияи Ҳамадонӣ, Нурулло Ибодов аз ноҳияи Темурмалик, Зӯҳро Назарова, Хайринисо Ватанова, Асламхон Муродов аз шаҳри Кӯлоб, Саидмурод Мирзоев аз ноҳияи Восеъ олами рангини рақс, сиру асрори онро омӯхта ҳамчун устод ба камол расида дар таъсиси ансамблҳои рақси саҳмгузоранд. Дуруст аст, ки дар ин маврид санъатшинос Низом Нурҷонов баён намудаанд: «Рақси саҳнавӣ дар театри С. Вализодаи Кӯлоб баъди омадани хатмкунандагони кафедраи хореографияи Донишкадаи санъат ба номи Мирзо Турсунзода Файзулло Каримов ва Муҳаммадӣ Абдурасулов ҷон гирифт, рақси мардонаи Кӯлоб дар иҷрои Каримов ва Абдурасулов зинда гашта дар ҳаракатҳои рақси мардона зебоӣ, хушандомӣ пайдо гаштанд». Файзулло Каримов арзишҳои гаронбаҳои рақси миллии тоҷикро мукаммалу аниқ омӯхта, рақси мардонаро бо тамоми нозукиҳояш иҷро намудааст. Ин нуқтаро дар мақолааш «Иҷрои рақси якка-яке аз шаклҳои санъати саҳнавӣ» устоди касбии рақс Ҳунарпешаи халқии Қароқалпокистон Ҷамила Охунова тавзеҳ бахшидааст: «Дар сабки иҷроиши рақсҳои миллии мардона Файзулло Каримов ва Муҳаммадӣ Абдурасулов як ҷараёни бисёр ҷонноку мавзунро истифода бурда, хусусан дар иҷрои рақси мардонаи «Ҳафтзарб» аломатҳои хоси хореографияи минтақаи Кӯлобро чун падидаи нодири ҳунарӣ арзёбӣ менамоянд».
Сабки асосии мактаби рақсии Файзулло Каримов дар заминаи омӯзиши анъанаҳои бойи рақси тоҷик асос ёфта, бо гуногунрангиву тозагӣ, хосиятҳои фалсафӣ ва амиқии маънавӣ дошта, аз нуқтаи назари зебоишиносӣ аз ҷиҳати техникаи иҷроишаш фарқ мекунад.
Файзулло Каримов бо истеъдоди нотакрораш сабки худу мактаби рақсиаш дар эҳё гардидани анъанаҳои рақси касбии тоҷик, ташаккули насли нави раққосон нақши созанда гузошта истодааст.
Роҷеъ ба фаъолияти эҷодию ҳунарии Ф. Каримов директори ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақси «Лола» ба номи Ғаффор Валаматзода Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, шогирди аввалини устод Хайриниссо Ватанова мулоҳизаҳои ҷолиб баён кардааст: «Хизмати Файзулло Каримов дар рушди санъати хореографияи тоҷик, хусусан дар эҳё намудани рақси мардона калон аст, солҳои охир иҷрокунандагони рақси мардона аз байн рафта истодааст. Ин омилро ба назар гирифта, барои барқарор ва тарғиб намудан рақси мардона дар ансамбли рақсии «Лола» ба номи Ғаффор Валаматзода ба сифати устоди рақс Файзулло Каримовро даъват намудем то фаъолияти гурӯҳи рақсии мардонаро бо хусусиятҳои хоси эҷодии нотакрораш бою рангин намояд.
Шахсияти эҷодӣ ва фаъолияти Файзулло Каримов сеҳрпаҳлӯ ва ҷолиб буда, то имрӯз таваҷҷуҳи санъатшиносон, олимонро ба худ ҷалб намудааст.
Файзулло Каримов ба ном эҷодкор ё ҳунарманд не, ҳамеша ҷӯянда, омӯзанда ва офаранда асту дар равнақи истеъдоди шогирдонаш саҳмгузор мебошад.
Фазлиддин Ғуломов
ходими калони илмии Маркази
мероси фарҳангии тоҷикон

