Ноҳияи Зафаробод 20-уми декабри соли 1965 таъсис дода шудааст. Маркази ноҳия шаҳраки Зафаробод асту аҳолии ноҳия зиёда аз 83000 нафарро ташкил медиҳад. Масофа аз маркази ноҳия то шаҳри Хуҷанд 106 км аст.
Тибқи маълумотҳои ҷойдошта, дар аввали соли 1970 мардум аз шаҳру навоҳии гирду атроф, аз ноҳияи Айнӣ, Шаҳристон, Хуҷанд, Ғончӣ ба ноҳияи Зафаробод муҳоҷир шуда буданд. Ҳатто аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳам мардуми зиёде омада, муқимӣ гаштаанд. Русзабонон, тотору чувашҳо ва дигар халқу миллатҳои зиёд дар ин ноҳия истиқомат мекардаанд. Ҳоло асоси халқи ноҳияро мардуми тоҷику ӯзбек ташкил медиҳад. Дар он солҳо азхудкунии биёбони Мирзочӯл амалӣ гардид, ки ҳамагӣ ду деҳа бо 60 хоҷагӣ вуҷуд дошт. Имрӯз ноҳия дорои 18 деҳа, се шаҳрак-Зафаробод, Меҳнатобод ва Ҳамид Алиев ва даҳҳо маҳалҳои аҳолинишин аст.
Зафаробод ноҳияи аграрӣ маҳсуб ёфта, кишоварзӣ шуғли асосии сокинон ба ҳисоб меравад. Парвариши пахта соҳаи сердаромад ва содиротии ноҳия аст. Тибқи маълумотҳо аз 90 дар сади маҳсулоти саноатӣ ин истеҳсоли пахта аст. Пахтакорӣ сарчашмаи таъмини ҷойи кор ва манбаи хуби даромади сокинон мебошад. Мутахассисони соҳа қайд намуданд, ки бештари заминҳои ҳудуди Зафаробод бо усули обёрии мошинӣ бо об таъмин карда мешавад.
То оғози солҳои Истиқлолият қариб, ки корхонаҳои саноатӣ вуҷуд надоштанд. Имрӯз 15 корхонаи нави саноатӣ таъсис дода шуд, ҳазорон нафар сокинон бо ҷойи кори доимию мавсимӣ таъмин гардиданд, чунки бештари корхонаҳо фаъолияти мавсимӣ доранду тули сол чор-панҷ моҳ кор мекунанд.
Дар қиёс бо солҳои шуравӣ вазъи рафту омад беҳтар гардида, барои иртибот бо пойтахти кишвар роҳи мошингарди Зафаробод–Истаравшан пурра таъмир карда шудааст, ки фосилаи роҳи мазкур 22 километрро ташкил медиҳад. Имрӯз рафту омади сокинони ноҳияи Зафаробод бамаротиб осон гардидааст.
Дар моҳи апрели соли равон гурӯҳи тадқиқотчиёни Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот аз муассисаҳои фарҳангии ноҳия, бахусус аз Қасри фарҳанг дидан намуданд. Муайян гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати кишвар 22-юми августи соли 2019 аз ҷониби Роҳбарияти Олии кишвар Қасри фарҳанги ноҳияи Зафаробод ифтитоҳ шуда, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ мавриди истифода қарор дода шудааст.
Муассисаи фарҳангии дигар ин Театр буд, ки бо ҳама ҳастиҳо ҷавобгӯй ба замони муосир омодаи кору фаъолият аст. Дар соли 2026 дар театр зиёда аз 24 барномаи фарҳангӣ, сиёсӣ, таърихӣ ба нақша гирифта зина ба зина иҷро шуда истодаанд. Бардошт аз ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда бармеояд, ки тули соли гузашта барномаи консертӣ ва намоишҳо бо теъдоди хеле зиёд пешкаши мардуми ноҳия гардидааст, ки сокинон бо доштани касбу кори гуногун тамошобин шудаанд.
Дар озмуни “Даргоҳи ҳунару маърифат”, ки бо фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, 21-уми апрели соли 2025, таҳти рақами 60 ба истиқболи 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба тасвиб расида буд, Қасри фарҳанги ноҳияи Зафаробод ҷойи дуюмро ишғол намуд. Дар раванди таҳқиқот ва мушоҳидаҳои бевосита дида шуд, ки муҳаққиқон расонидани кумаки методии худро ба кормандон дареғ надошта, барои дар оянда рушд намудани самти фарҳанг тавсияҳои муфид ва пешниҳодҳо манзур мекунанд, ки кормандони муассисаҳои фарҳангии тобеи бахши фарҳанг дар иҷрои вазифаҳои ба онҳо гузошташуда қодиранд бечуну чаро иҷро намоянд. Ва ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки соҳаи фарҳанг дар баланд бардоштани ҳисси фарҳангии ноҳия дар таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми бориз доранд.
Кормандони бахши фарҳанги ноҳияи Зафаробод дар омӯзиш, такмили фаъолият, тарбияи маънавӣ, ахлоқӣ, ҳуқуқӣ, ватандӯстӣ, зебоипарастӣ кушишҳои зиёде ба харҷ дода истодаанд, то нуфузу эътибори ноҳияро баланд бардоранд.
Дар бинои Қасри фарҳанги ноҳия пайваста чорабиниҳои давлатӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, аз қабили ҷашни байналмиллалии “Наврӯз”, ҷашни “Сада”, “Меҳргон”, “Рӯзи артиши миллӣ”, “Рӯзи модар” гузаронида мешаванд, ки баёнгари ҷаҳду талоши кормандони он, бахусус директори Қасри фарҳанг Наимҷон Ахмедов мебошад, ки дар ташкилу ба роҳ мондани чорабиниҳо саҳми назаррас дорад.
Хушбахтона имрӯз муассисаҳои фарҳангӣ дар фазои орому осуда кору фаъолият доранд. Гулу гулкориҳои гирду атрофи биноҳо, тозагӣ, дарахтони сояафкану мевадиҳанда симои ноҳияро дигаргун сохта, ба инсон ҳаловат ва дилхушӣ ато мекунад.
Бояд тазаккур дод, ки ҳангоми омӯзиш дар ноҳияи мазкур 13 адад пурсишномаи сотсиологӣ бо роҳбарони ансамблҳо, бо роҳбарони муассисаҳои фарҳангӣ ва кормандони дигар пур карда шуда, теъдоди зиёди аксҳо бардошта шуданд, ки дар таҳқиқоти минбаъда истифода хоҳанд шуд.
Дар ноҳияи Зафаробод мактаби мусиқии бачагона фаъолият мекунад ва яке аз муассисаҳое маҳсуб меёбад, ки дар рушду нумуи фарҳанг саҳми беандоза дорад. Дар мактаб 23 нафар кормандон кору фаъолият доранд, ки аз ин 17 нафар омӯзгоранд ва 6 нафар кормандони техникӣ. Мактаб 158 нафар хонанда дошта, дар он асосан дарси «рубоб», «рубоби қашқарӣ», «доира», «най», «рақс», «актёрӣ», «дӯзандагӣ» ва «компютерӣ» ба роҳ монда шудаанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки фаъолияти мактаби мусиқии бачагона, хонаи фарҳанги деҳаи Гулистон, ансамбли халқии тарорна ва рақси “Зафар”, клуби деҳаи Ҳаёти нав, хонаи фарҳанги А. Ҷомӣ, клуби деҳаи Сарибоғ, хонаи фарҳанги Ҳамид Алиев, хонаи фарҳанги шаҳраки Меҳнатобод фаъолияти хуб ба роҳ монда, дар чорабиниҳои фарҳангӣ иштирок ва саҳми худро мегузоранд.
Бояд гуфт, ки дар баробари пешравиҳо ва дастовардҳо муассисаҳои фарҳангӣ аз камбудӣ орӣ нестанд. Масалан, набудани бинои замонавӣ хоси мактаби мусиқии бачагона, ки айни ҳол дар ошёнаи сеюми муассисаи хоҷагии коммуналию манзилӣ иҷоранишин аст. Паст будани маоши кормандон, нарасидани созҳои мусиқӣ аз ҷумлаи мушкилоте мебошанд, ки дар рафти суҳбат кормандон изҳор намуданд.
Вобаста ба ин пешниҳод мегардад:
а). Кормандони бахши фарҳанги ноҳияи Зафаробод ба курсҳои кутоҳмуддати «такмили ихтисоси кормандони соҳаи фарҳанг» ҷалб шаванд;
б). Барои мактаби бачагонаи мусиқӣ созҳои мусиқӣ харидорӣ шавад;
в). Барои мактаби бачагонаи мусиқӣ бинои алоҳида бунёд карда шавад.
Шамсуддин АБДУЛЛОЕВ,
мудири шуъбаи фарҳанг
ва санъатшиносии ПИТФИ

