«Рост» ва «Соқинома»

«Рост» мақоми дуюм аз силсилаи «Шашмақом» аст. Дар силсилаи «Дувоздаҳмақом» мақоми аввал ҳисоб мешуд. Дар чанде аз рисолаҳои қадим (масалан, дар «Рисолаи мусиқӣ»-и Дарвешалии Чангӣ мақоми  «Рост» чун «Уммуладвор») тавсиф ёфтааст.
Абўалӣ ибни Сино дар асари машҳури худ «Ҷавомеъ-ул-илм-илмусиқӣ» мақоми «Рост»-ро тавсиф карда, бо таносуби математики қаторӣ овозҳои онро пурра муайян сохтааст. Ибни Сино ин ҷо тарҷумаи  арабии «Рост»-ро («Мустақим») истифода кардааст.
Истилоҳи «Рост» дар мусиқии класикии арабӣ («Расд») ва озорбойҷонӣ низ маъмул аст. Дар «Шашмақом» «Рост» чун мақоми дуюми силсила ҷой гирифтааст  ва аз ҷиҳати сохтусоз анъанавист. Қатори овозҳои ин мақом аз нотаи до-и октаван якум то нотаи до-и октаван дуюмро дар бар мегирад.
     Мақоми «Рост» аз «мушкилот» ва ду гурўҳи шўъбаҳо иборат аст ва бештар бо шўъбаи «Ушшоқ» пайванд шудааст. Аз ин сабаб дар аксар порчаҳои мақоми «Рост» номи «Ушшоқ» низ ҳамроҳ аст. Масалан, «Мухаммаси Ушшоқ», «Талқини Ушшоқ», «Насри Ушшоқ», «Уфари Ушшоқ», «Савти Ушшоқ» ва ғайра.
Дар силсилаи «Дувоздаҳмақом»-«Ушшоқ» мустақил ба шумор рафта, аз ду шўъба ва 11 нағма иборат аст. Ба шўъбаи мақоми «Рост» табдил ёфтани   «Ушшоқ» хоси анъанаи «Шашмақом» аст, ки ҳар мақоми он мақоми дуюмро  чун шўъбаи худ таълиф кардааст(масалан, дар «Бузург»-«Ироқ» дар «Наво»-«Баёт», дар «Дугоҳ» -« Чоргоҳ», дар «Сегоҳ»-«Аҷам» ва ғайра.
          Дарвешалӣ  овардааст:
Чу бо «Ушшоқ» гардад «Рост» якдил,
Шавад «Гардония» з-ин ҳар ду ҳосил.


А. Низомов Рост // Энсиклопедияи  адабиёт ва санъати тоҷик, Ҷ.3-Душанбе, 2004.

«Соқинома»

«Соқинома»,сурудест дар шўъбаи дуюми ҳар мақоми «Шашмақом» чун оҳангу матни ин суруд дар васфи соқист, онро «Соқинома» меноманд. Матни «Соқиномаҳо» асосан порчаи маснавиҳои шоирон буда, ба шакли аа, бб, вв … эҷод гардидаанд. Дар ин порчаҳо соқӣ чун базморо, як байти «Соқинома»-и савти «Сарвиноз» (аз мақоми «бузург»), ки офаридаи Абдураҳмони Ҷомист, ин тавр аст:
                   Биё соқиё барги ишрат бисоз,
                   Макун дар ба рўи ҳарифон фароз.

«Соқинома»-ҳо дар чор мақоми «Шашмақом», «Бузург», «Рост», «Наво» ва «Дугоҳ» чун силсила ҷой гирифта, бо андозаи зарбу усули 4/4 иҷро мешаванд. «Соқинома» дар қисмҳои 4 ва 5 вуҷуд надоранд. «Соқиномаҳо ҳар яке ҷиҳати хоси лаҳни оҳангнокӣ дошта, «Соқиномаи савти Ушшоқ» дар созӣ (тональност) диездор ва се «Савти Калон» бо сози бемолдор иҷро мегарданд.
«Соқинома»-ҳо дар мақомҳои панҷуму шашуми «Шашмақом»-«Сегоҳ» ва «Ироқ» амал надоранд. Баъзан барои «Соқинома» аз ғазалҳои пурра низ истифода менамоянд.

Адабиёт:Энсиклопедияи   адабиёт  ва  санъати  тоҷик Ҷ.З //ЭМТ- Душанбе,2004
                                     
Ҷ.Обидпур

барчасп: