Ғояҳои Ваҳдат дар осори шоирон ва мутафаккирони форс-тоҷик

Мафҳуми ваҳдат дар адабиёти форс-тоҷик рукни аслӣ буда, дар се сатҳ: ирфонӣ (ваҳдати вуҷуд), ахлоқӣ (ваҳдати инсонӣ) ва миллӣ (ваҳдати сарзаминӣ) ҷилва кардааст. Орифон ва шоирони бузург бар ин боваранд, ки тамоми офаридаҳои олам бозтоби як ҳақиқати воҳид-Худованд ҳастанд.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар “Маснавии маънавӣ” борҳо бар нафи тафриқаҳо пардохта инсонҳоро ба бозгашт ба асли хеш даъват мекунад:

Ҳар касе к-ӯ дур монд аз асли хеш,

Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.

Ваҳдати навъи башар дар осори шоирони классикӣ паёмовари сулҳ буда, ҳамдилӣ ва ягонагии тамоми инсонҳоро фаро гирифта, фориғ аз нажоду ранг аст. Машҳуртарин байт дар тарвиҷи ваҳдату бародарии инсонҳо мутааллиқ ба Саъдии Шерозист:

Бани Одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад, рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор,

Ту к-аз меҳнати дигарон беғамӣ,

Нашояд номат ниҳанд одамӣ.

Ваҳдати миллӣ дар шеъри ҳамосӣ ва ашъори шоирон ба маънои якпорчагии арзӣ ҳувияти муштарак ва ҳамбастагӣ дар баробари бегонагон аст. “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ бо ҳадафи зинда кардани ҳувияти миллӣ ва эҷоди ваҳдат миёни ақвоми мухталифи иронӣ суруда шудааст. Аз ин ҷост, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 китоби “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ ба табъ расид ва ба ҳар як оилаи тоҷикистонӣ ба таври маҷонӣ тақдим гардид.

Аслан ниёгони мо меҳри Ватанро ба меҳри модар баробар медонанд ва ҳифзи онро воҷиб мешуморанд. Чунончи Абулқосим Фирдавсӣ мефармояд:

Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,

Зану кӯдаки хурду пайванди хеш,

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Ваҳдати миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳо ва саодати рӯзгори мардум аз он маншаъ мегирад. Он барои ҳастии миллати соҳибфарҳанги мо дар баробари забони модарӣ, Ватан – модар ва дигар унсурҳои давлатдориамон нақши муассир дорад.

Ваҳдат, яъне иттифоқу ягонагӣ ва ҳамбастагӣ ҳанӯз аз аҳди бостон дар байни мардуми соҳибтамаддуни мо, хоса дар осори олимону шоирон ва мутафаккирони тоҷик тавсифу тарғиб мегардид.

Чунончи Саъдии Шерозӣ мегӯяд:

Мурчагон гар бикунанд иттифоқ,

Шери жаёнро бидаронанд пӯст.

Сайидои Насафӣ низ ба ин маъно гуфтааст:

Аз иттифоқи мурчагон ғофилӣ магар,

В-арна чаро ҳақир шуморию нотавон!?

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ пирӯзиро аз иттифоқу ваҳдат медонад:

Пирӯзӣ аз иттифақ хезад,

Паркандагӣ аз нифоқ хезад.

Ту ноз куниву ёри ту ноз,

Чун ноз ду шуд талоқ хезад.

Бубинед, ноз дар ин ҷо ба маънои такаббур варзидан аст, яъне аз рӯи кибр ҳарф задану паст наомадан аст. Аксари ҷудоӣ дар оилаҳо ба ҳамин минвол сурат мегиранд.

Ривояту зарбулмасалҳо дар байни мардуми тоҷик хеле зиёд аст, ки моро ба ваҳдату иттифоқ ва ҳамбастагӣ даъват ва талқину тарғиб мекунад. Чунончи марде зимни мурдан фарзандонашро ба наздаш даъват карда, як даста навдаи бо ҳам бастаро ба дасти онҳо дод то онро шикананд. Зӯри ҳеҷ яке аз онҳо нарасид. Он бастаро кушуду ба дасти ҳар кадомаш яктои навда дод. Онҳо ба суҳулат навдаҳоро шикастанд. Ва дар охир он мард гуфт: - Фарзандонам, то он даме ки бо ҳам иттифоқ бошед касе шуморо мағлуб карда наметавонад.

27 июни соли 1997 – пас аз 8 даври гуфтушунид (дар солҳои 1994 то 1997) миёни ҳукумати ҷумҳурӣ ва мухолифин, дар шаҳри Маскав, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (5 майи соли 1992-27 июни соли 1997) беш аз 100 ҳазор кас кушта ва тахминан 1 млн кас гуреза ва муҳоҷири иҷборӣ шуд. Хисороти иқтисодии ин ҷанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ баровард шудааст. Имзои «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» кишварро аз нобудӣ ва мардумро аз парокандашавӣ нигоҳ дошт.

Бино бар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», 27 июн ҳамчун «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтаст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Ба муносибати рӯзи ид бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷузъу томҳои низомӣ чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ доир мешавад, ки яке аз онҳо ҳамин ҷамъомади имрӯзаи мост.

Чунончи Абӯшакури Балхӣ мегӯяд:

Чу аз оштӣ шодӣ ояд ба чанг,

Хирадманд ҳаргиз накӯшад ба ҷанг.

Таҳияи Мунаввари САФАР,

ходими пешбари илмии ПИТФИ

барчасп: