Дар фарҳанги мардум гиёҳ аз қадимулайём мавқеи хосса дошта, ҷузъи ҷудонопазир дар зиндагии рўзмарра ба шумор меравад. Ҷойгоҳ ва нақши он комплексӣ буда, се ҷанбаи муҳимро дар бар мегирад, ки инҳо табобатӣ, эътиқодӣ ва ривоятӣ мебошанд. Ин ҷанбаҳо бо ҳам алоқаи ногусатанӣ дошта, дар лаҳзаи дард эътиқод ба вуҷуд омада, барои рафъ ва шифо ёфтан тановули гиёҳ оғоз меёбад. Дар ин замина дар ақидаи мардум барои афзал шуморидани гиёҳ ривоят тавлид ёфта, асоси табобатӣ будани гиёҳро инъикос мекунад. Ин алоқамандӣ ҳамчун рукни маърифати устувори таҷрибаи анъанавии фарҳанги мардумӣ арзи ҳастӣ мекунанд.
Вилояти Мухтори Кȳҳистони Бадахшон бо иқлими кȳҳӣ ва гуногунии биологӣ, яке аз сарватмандтарин минтақаҳои кишвар дар соҳаи флораи табиист. Дар ин минтақа беш аз 700 навъи гиёҳҳои табобатӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аксари онҳо дар тибби мардумиву анъанаҳои шифогарии кȳҳистон мавқеъи махсус доранд. Аз даврони қадим табибони маҳаллӣ, гиёҳдармонон гиёҳҳоро барои муолиҷаи бемориҳои гуногун истифода мебурданд. Анъанаи гиёҳдармонӣ дар ин ҷо ҳам хусусияти амалӣ, ҳам рамзиву маънавиро касб кардааст. Мардумон бовар доранд, ки табиати кȳҳистонӣ сарчашмаи шифо аст ва гиёҳҳо ҳар кадом ҷон доранд. Табибҳои мардумӣ на танҳо гиёҳҳоро барои муолиҷа истифода мекунанд, балки дониши авлод ба авлод гузаштаро бо дуоҳо, урфу одат ва боварҳои рамзӣ ҳамроҳ месозанд. Намунаи гиёҳҳои рȳзмарра ин зирдоск, тоҷи хурус (дар забони адабӣ амаранти арғувонӣ бо рȳсӣ щирица хвостатая), ширвиш, анис, верҷундак, стирахму, камолгув, ризб ва ғайраҳо мебошанд. Ҳамин тавр гиёҳҳои шифобахш дар баробари шифобахшӣ буданашон, пояи фарҳангӣ, таърихӣ ва маънавии мардум ба ҳисоб мераванд. Таҳқиқу ҳифзи ин мерос арзиши илмӣ дошта, барои рушди тибби анъанавӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ низ муҳим аст.
Зирдоск гиёҳест, ки онро дар дигар навоҳи «бӯйи модарон» ном мебаранд. Аслан, зирдоск номи маъмулии мардуми Шуғнонзамин буда, гиёҳи маъмулӣ ба шумор меравад. Дар ноҳияи Рашт «пупалоқ» мегӯянд. Дар илми тиб бо номи «артемизия» шинохта мешавад.
Дорои бӯйи хосу хосиятҳои шифобахшӣ аст, ки дар тиббӣ мардумӣ васеъ истифода мешавад. Макони афзоишаш заминҳои хушк, кӯҳдоманҳо, канори роҳҳо ва заминҳои камоб мебошад. Пояи рост, сершоха, бо рангҳои сабз ё сурхтоб дошта, баландиаш то 1 метр ё бештар аст. Баргҳои мураккаби паршакли дандонадор сабз, пушти он метавонад хокистарангу нуқратоб бошад. Гулҳои майдаи зардтоби ба буттамева монанд дорад. Бӯйяш тезу хос аст, ки маҳз аз он бо номи «бӯйи модарон» шинохта шудааст. Баҳор сабзида, то охири тобистон гул мекунад ва дар аввали тирамоҳ хушк мешавад.
Дорои хосиятҳои зиддиилтиҳобӣ, зиддимикробӣ ва оромкунандагӣ дорад. Аз ин гиёҳ малҳами «левомисетин» омода менамоянд. Онро дар тибби халқӣ барои табобати бемориҳои рӯда, асабу давраҳои занона истифода мебаранд. Аз ҳама муҳим барои дарди ишкам ва резондани кирми он мусоидат мекунад. Ҳангоми бо обаш оббозӣ кардан таспу тоби одами гриппро мегирифтааст. Модарон барги наврӯстаи онро кӯфта, болои нофи кӯдак, ҳангоми шикамравиву хунукии рӯдаҳо мебастанд. Ба мисли тахарч талх буда, барои дарди дандон тавсия дода мешавад. Барои осон шудани таваллуд оби онро ба зан менӯшонанд. Дар рафти мусоҳиба дар мавриди ишкамдард сокини 68 - солаи ҷамоати Сучони деҳаи Маними ноҳияи Шуғнон, Карамшоева Зебогул (с.т. 1957) қайд намуданд: «Зудоск алафест ба забони Шуғнонӣ. Барои шикамдард онро мегиранд дам мекунанд дар оби ҷӯш, баъди 20 минут мехӯранд. Лекин талхи бад аст. Бо қанд низ мехӯранд. Хӯрданаш фарқ надорад, дар кадом вақте хӯрӣ».[1]
Ривоятеро қисса мекунанд, ки як модари пир бо духтари бемораш зиндагӣ мекард. Духтарро бемории номаълум фаро гирифта буд, на механдид, на хоб мекард. Модар бошад ҳар шаб ба кӯҳ баромада, дуо мекард: «Эй Худои кӯҳҳо, нафаси табиатро бар дили духтрам фуруд ор». Як шаб, дар пушти дашти чашмае модар рӯйи замин нишаст. Аз ду чашмаш ашк мерехт. Субҳ дар ҷое, ки ашки ӯ рехта буд, як гиёҳи нозук, сабз ва парбарг рӯйида буд. Бо бӯйе, ки мисли бӯйи сару либоси модар буд. Модар гиёҳро чида, ба хона оварда, ҷӯшонда, ба духтар дод. Духтар нӯшиду хоб кард. Дар хоб аввалин бор пас аз моҳҳо лабонаш табассум карданд. Аз он лаҳза мардум ба муқаддас будани гиёҳ бовар карданд. Имрӯз дар ҳар хонадони Бадахшон ин гиёҳ дар гӯшае маскан гирифтааст.
Тоҷи хурус аслан илми ботаника ба дигар гиёҳ такя карда, онро тоҷи хурус номидааст, ки гули он хӯрду мисли тоҷи хурус аст. Вале бештар мардуми Шуғнонзамин ин навъи гиёҳҳро тоҷи хурус номида, барои давогӣ истифода мебаранд. Дар дигар манотиқҳо шинохти ин гиёҳ бо номҳои «сари гов» (мағзи сари он), думи хурӯс, қирғизгул, хӯроки мурчаҳо (дар баъзе мавзеъҳо) дониста мешавад. Баландиаш аз 80 см то 150 см мерасад. Гулҳои сурх ё арғувониаш дар шакли ресмонмонаду дароз овезон мешаванд. Бештар ҳамчун гиёҳи ороишӣ ё хӯрока парвариш меёбад. баргҳои он дар баъзе кишварҳо хӯрдани мебошанд, хусусан дар Ҳинду Покистон ва Африқо. Ҳамчунон дар баъе манотиқи ҷумҳурӣ барги сабзи он дар шӯрбоҳо истифода мешудааст. Дар тибби мардумӣ барои тоза кардани хун, сӯзондани чарбу пешоброн ва тоза кардани ҷигар тавсия дода мешавад.
Мавқеъи гиёҳ дар васати мардуми Шуғнон хело қадимию хос мебошад. Занони кӯҳансол пас аз таваллуди зан чой ё оби ҷӯшонидашудаи гиёҳро ба зан менӯшонанд. Ин амал реша дар таҷрибаи ҳазорсола дошта, дорои шифои тиббӣ, рӯҳонию рамзӣ аст. Пас аз таваллуд дар бадан хунҳои бозмондаю моддаҳои ифлос боқӣ мемонанд, ки дар анъанаҳои мардумӣ онҳоро «сардӣ» ва «сиёҳхунӣ» меноманд. Нӯшидани чой, оби ҷушидашудаи гиёҳ бачадонро пок карда, хунравии зиёдатиро боз дошта, гармии табииро барқарор месозад.[2] Гиёҳи думи хурӯс пешгирӣ аз дарди бачадону бемориҳои пас аз таваллудро мекунад. Гиреҳҳои бачадонро кушода, дардҳои «кӯрд» ва «кашиш» - ро сабук карда, сардшавии бачадонро пешгирӣ менамояд. Гулу барги хушки онро дам ё ҷӯшонида, дар як рӯз се мартиба менӯшанд. Асосан дар се рӯзи аввали пас аз таваллуд. Ҳамчунон барои ҳайзи зане, ки бисёр ё кам мешавад, нӯшидани оби гиёҳ мувофиқ мекунонидааст.
Ширвиш лаҳҷаи ноҳияи Ишкошим буда, дар забони адабӣ «бобуна» ё «гули бобуна» ном мебаранд. Дар Рӯшонзамин «қайсаргула» мешиносанд. Вале истеъмоли маъмулии он бо забони иқтибосгаштаи русиаш барои аксарияти одамон «ромашка» мебошад. Гиёҳи шифобахшии маъруфест, ки дар тибби қадимаю муосир мавқеъи хосса дорад. Гиёҳи яксола буда, баландиаш аз 20 то 50 см мерасад. Баргҳояш резаи паршакл, гулҳояш сафеду зард бо маркази зард мебошад. Бӯйи гул хушу равғандори эфирӣ аст, ки дар тамоми минтақаҳои мӯътадилу гарм мерӯяд. Бобуна яке аз гиёҳҳои серистеъмолу шинохтаи шифоӣ дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ аст. Бо вуҷуди худрӯй буданаш, онро инчунин парвариш мекунанд. Ҷузъи муҳими фарҳанги тибби халқӣ, табиати зебои кишвар ва мероси маънавии мардум ҷойгоҳи сазовор дорад.
Дар тибби мардумӣ он барои муолиҷаи дарди меъда, илтиҳоби рӯда, рафъи изтиробу беҳсозии хоб, дар шакли буғгирӣ ва шӯстани бемориҳои занона, муолиҷаи захмҳо, экзема, илтиҳоби пӯсту аллергия ва шӯстани чашму даҳон истифода мешавад. Ҷанбаи шифобахшии он дар тамоми минтақаҳои Бадахшони Кӯҳӣ, хоса дар деҳотҳои кӯҳдоман ба баландкӯҳи Ишкошим, Рӯшону Бартанг чун давои асосӣ дар табобати анъанавӣ истифода мешавад, ҳатто баъзе хоҷагиҳо онро махсус кишт мекунанд. Таҷрибаи табибони халқӣ ва калонсолони ин ноҳияҳо нишон медиҳад, ки бобуна на танҳо ҳамчун чойи оромбахш, балки воситаи миқёси муолиҷавии васеъеро дар бар мегирад. Кӯҳансолони маҳаллӣ бобунаро дар субҳи барвақт, баъди хурӯҷи шабнам ва пеш аз тафсиши офтоб мечинанд, эътиқод бар он ки «гул вақте ки хобашро пурра хӯрдааст, доруяш қавист». Чойи бобуна яке аз василаҳои маъмули хонагӣ барои табобати дарди ишкаму дандон ба шумор меравад. Гулҳои хушккардашудаи он бештар дар фасли баҳору тобистон ҷамъоварӣ шуда, барои тамоми сол захира мегарданд. Бо ҷӯшонидани гули бобуна ва нӯшонидани он ишками кӯдакону калонсолонро ором мекунад. Шабона нӯшидани чойи бобуна барои беҳбуди хобу сабук кардани фикрҳои изтиробовар тавсия дода мешавад. Ҳаммом дорондани тифлон бо гулоб ё оби бобуна, варами пӯст, гази рӯда ва иллати сӯзишро пешгирӣ мекунад. Ҳамчунон шӯстани чашмҳои сурху захмҳои рӯйро бо оби бобуна мувофиқ медонанд. Барои дарди дандон оби бобунаро малҳам ба ҷон мешуморанд, ки табобатии онро пиразани ҷамоати Рустамбек Юсуфбекови ноҳияи Ишкошим Камаридинова Бибиҷон (с.т. 1960) шарҳи комил доданд: «Ҳамин бобунай давоест, ки Худо дода, аз давраи бобокалонамон омадаст. Мо дар деҳа, вақте кас дандондард шавад, якум намеравем даркорӣ ё ба духтур. Як кай бобунай мегирем, дар дегча об мекунем, ҷуш мекунем. Як коса оби гарм, ки шуд, камак намак меандозем дарунаш. Баъди он даҳонро мешӯем, тӯф мекунем, пагоҳаш гӯё дандон надошта бошӣ, ҳамин қадар осон мешавад. Баъзан ки милк варам кунад ё дандон ба асаб расида бошад, бобунайро сахттар ҷӯш мекунем, як пора матоъи пок мегирем, дар обаш тар мекунем, баъд мепечонем, монда мекунем ба тарафи дард. Вақти шаб як хоб меравад, пагоҳ милк нарм, дард нест. Мо мегӯем, «бобунай – давои беатоб», яъне бе он ки шуморо азоб диҳад, мулоим аст, вале қавист. Аз кӯдак то калон, ҳама истифода мекунанд».[3]
Афсонаву эътиқодоти мардумӣ яке аз пояҳои муҳими фарҳанги шифоҳии кӯҳистони Бадахшон маҳсуб мешавад. Мардуми маҳаллӣ бовар доранд, ки бобуна на танҳо як гиёҳи табобатӣ, балки «гиёҳи муборак» аст, ки қувваи поккунанда дорад. Пошидани оби он дар гирду атрофи хона, нооромии хонаро бартараф мекунад. Чидани онро бо дасти занони кӯҳансол шифобахштар меҳисобанд. Мегӯянд: «Гуфтаанд, ки бобунае, ки дасти модарҷон бурида бошад, пеш аз он «Бисмиллоҳ» гуфта бошад, ба ҳар дард шифо аст». Занони кӯҳансол чидани бобунаро хоса дар моҳи Рамазон ё шаби қадр муборак мешуморанд. Барои рафъи дарди дандон ин дуоро мехонанд: «Бобунайи Худо, ба номи Расул, дарди дандонро ба хок бар».
Ривоят мекунанд, ки бобуна аз ситораҳои афтида ба вуҷуд омадааст. Вақте ки ситораҳо аз осмон афтида, ба замин мерасиданд аз он бобуна мерӯйид. Барои ҳамин ҳам ин гиёҳ чунин хосиятҳои табобаткунанда дорад.
Анис растании яксола буда, дар минтақаҳои нисбатан гарм мерӯяд. Бештар вақт дар заминҳои назди ҳавлигӣ низ парвариш меёбад. Қадаш 50 – 70 см, пояаш тунук, росту сершоха, баргҳои нарму пармонанд ва бориктари шохадор, гулҳои сафеди реза ва меваҳои хӯрди хокистаранги тухмшакл дошта, бӯйи хушу таъми ширинча дорад. Дар гӯйишҳои мардумии манотиқи ҷумҳурӣ бо номҳои «анеса», «бӯидавот», «анеша», «зираи ширин», «анисон», «бодиёни сафед», «чӯби хушбӯ», «суд», «донаи ширин», «кȳфтаи бȳйдор» ва ҳоказо ном мебаранд. Баъзеи номҳоро ба ин гиёҳ шабеҳ дода, анис меноманд. Анис реша дар фарҳанги ботинию тиббии суннатии мардумони Шарқ дорад. Дар табобатҳои қадимаи Юнон, Миср, Эрону Ҳиндустон корбурди он низ сабт шудааст, вале дар тибби мардумии тоҷикон нақш ва мақоми хоса касб кардааст.
Дар фаҳмиши мардумӣ ҳар гиёҳ дар баробари табобатӣ буданаш дорои мавҷудияти хосе мебошанд. Гиёҳи анис дар ин замина гиёҳест барои оромишу рȳҳу ҷисм, таҳкими ҳазм, таскини сулфа ва баланд бардоштани қувваи таббии бадан хизмат мекунад. Хосиятҳои гармкунандаи анис дар зимистону таъсири оромбахшии он дар фасли баҳор мавриди таваҷҷуҳи мардумон дар давоми сол қарор доштааст. Дар анъанаи табобатии сокинони Ишкошим, гиёҳи анис унсури муҳими тибби фитотерапевтӣ ба ҳисоб меравад. Гарчанде анис растании маҳаллӣ набуда, онро аз дигар минтақаҳо, ба хусус аз бозорҳои Хорȳғу шимол оварда, дар табобати як қатор дардҳо ба таври васеъ истифода менамоянд. Ҳамчун воситаи муқаввиву таскинбахши меъда истеъмол мегардад. Мардум мегȳянд, ки меъдаро нарм карда, гармии меъдаро паст мекардааст. Танҳо тухми гиёҳро дар оби ҷȳш ба муддати 10 – 15 дақиққа дам андохта, пасон каме намак намуда менȳшанд. Давои пешоброну поккунандаи роҳҳои гурда мешиносанд. Чойи гарм ё оби ҷȳшонидаашро дар ҳолатҳои суст кор кардани ҷигар, ки пас аз хȳрокҳои вазнин дучор меоянд, тановул мекунанд. Дар баъзе ҳолатҳо онро бо бобунаю шираи торон низ якҷо намуда, чой дам мекунанд. Аз ҷанбаҳои муҳимтарини истифодаи анис дар Ишкошим, барои арақи баданро баровардан мебошад. дар тавсифи гуфторҳои мардумӣ омадааст, ки гармии пинҳониро аз тан бароварда, танаффусу нафасро боз мекунад. Рафти табобат бо усули анъанавӣ иҷро мегардад. Чойи гармшудаи анисро бо гули мурч ё бо каме асал менȳшанд. Баъдан баданро бо кȳрпа то арақ пурра баромаданаш мепечонанд. Мегȳянд, ки ин гуна нȳшокӣ на фақат шамолхȳриро рафъ мекунад, балки «нȳшҳои бад» - ро низ аз бадан мерондааст.
Мақоми маънавии анис рамзи «гармии ботин», «покии нафас» ва «оромии рȳҳ» ба як гиёҳи муқаддас дар тасаввури мардум табдил ёфтааст. Дар боварҳои мардумӣ бȳйи анис қудрати муҳофизатӣ дорад. Бонувон якчанд донаи онро дар болишти навзод мегузоранд ё ба гиребони кȳдак онро медȳзанд. Ҳамчунон дар ҷуздони шахси сафаркунанда доноҳои он гузошта мешавад. Ба ин маънӣ, дар гуфторҳои шахсони рȳзғордида шунида мешавад, ки «Анис бȳи пок дорад. Бȳйи пок чашми бадро месȳзонад». Аксар вақт оби анисро бо гули ромон ҷȳшонида, бо дуо ба кȳдак медиҳанд, ки ин бар зидди хавфу тарс будааст.
Верҷундак гӯйиши мардуми Шуғнонӣ буда, дар манотиқи дигар «решатак», «ресмони девона», «ресмони зард», «парвин», «ғилғилак», «печак» ном бурда мешавад. Дар забони адабӣ «алафи печак», «зарпечак» ё «заҳрпечак» сабти ном гаштааст. Вале дар баъзе навоҳи бо номи «зарпечак» низ шунида мешавад. Бештар онро бо номи иқтибосгаштаи рӯсиаш «повилика» мешиносанд. Дар заминҳои корам, марғзорҳо, назди об, боғҳо ва саҳроҳо мерӯяд. Гиёҳи бепояю бехазон буда, реша надорад ва аз растаниҳои дигар зинда мегардад. Пояаш беранг, лоғару печон аст, ки рангаш зардтоб ё сурхтоб мешавад. Барг надорад. Гиёҳи зарпечак ба шакли паразити ба растаниҳои дигар часпида, онҳоро мемакад, ки боиси хушкшавиву аз даст рафтани ҳосил мешавад. Дар соҳаи кишоварзӣ яке аз бадтарин алафҳои бегонаи зараровар ба шумор меравад. Бо вуҷуди табиати паразитиаш дар тибби қадимаи Юнону Рум, Форсу Араб ва тибби суннатии мардумони Осиёи Марказӣ ҷойгоҳи намоён дорад. Ин гиёҳ дар замони қадим бо номи «эпифитон» ёд мешуд ва ҳамчун гиёҳи дорои хосиятҳои шифобахш шинохта мешуд.
Бадахшон сарзамини саршор аз фарҳанги ғании шифобахшӣ ва табобати мардумаш омезиш бо донишҳои қадимаи ориёӣ, нуқтаҳои тиббии шарқӣ, таҷрибаи зиндаи зиндагӣ бо табиатро дорад, ки бо забони содда, аммо фаҳмидаву пурмуҳтаво байни мардум гардиш мекунад. Гиёҳи заҳрпечак дар миёни анбȳҳи гиёҳҳои шифобахши Бадахшон, хосатан дар Шуғнон ҳамчун табобати ҷигару талха ҷойгоҳи арзишманд дорад. Дар Шуғнон истифодаи верҷундакро барои муолиҷаи бемориҳои ҷигару талха муфид медонанд. Тибқи ақидаи мардуми Шуғнонзамин варамии ҷигар ва талха бо аломатҳое чун «сахтшавии ишкам», «дарди зери қабурға», «зард шудани чашм», «зарду пажмурда гардидани рȳй» зоҳир мешавад. Ин бемориҳое мебошанд, ки табобати онҳо каме мураккабтар ҷарраён мегирад ва гиёҳи эпифитонро поксозандаи ҷигару фурȳнишонандаи варам истифода менамоянд. Мардуми маҳаллӣ онро гирдоварӣ намуда, хушк карда, захира барои ин бемориҳо мекунанд. Зарпечак хунро соф намуда, гармии ҷигарро мешиканад, ки омили аслии варамии ҷигар талха мебошад. Гиёҳи хушкшударо мисли чой дам намуда, дар як рȳз ним истакони 3 маротиба менȳшанд. Рафти табобат 10 рȳз идома меёбад.
Дар тибби қадимаи мардуми форсинажодон ин гиёҳро барои пок кардани хун аз моддаҳои зараровар ба кор мебаранд. Дар баъзе мавридҳо нȳшобаашро барои хароб гардидани асабу дарди пайи ҳами дарди сар менȳшанд. Гардонидани варамии пешобдону ихроҷи бавл давои хуб ба ҳисоб меравад. Дар зимистон мардум онро барои нарм кардани шушу коҳиши сулфаи хушк истифода менамоянд. Ба ин мақсад тановули онро бо шир ё оби гарм ҷȳшонида, нȳшобаашро тановул мекунанд. Ин амал дар бархе аз рустоҳои Ванҷ дида мешавад, ки кȳдакони гирифтори илтиҳоби шуш ва сулфаро аз маҳлули омодагаштаи гиёҳ бо асалу шир, менȳшонанд. Дар минтақаҳои Вахшу Панҷ сокинон истифодаи онро барои рафъи дарди сутунмȳҳраи баромадашуда (грижа) малҳам мешуморанд. Гиёҳро чинда, дар об ҷȳшонида, бо он оби гарм латтаро тар карда дар ҷойи грижа мегузоранд. Ё ресмонҳояшро бо равғани маска омехта карда, ба пушт мемоланд.
Стирахму сипанддонаи бадахшонӣ буда, дар забони гуфтории мардуми Шуғнон ба кор меравад. Дар рафти ҷȳстуҷȳй маълум гардид, ки дар гуфтори забони адабии тоҷикӣ бо номҳои дармана, явшон ва шавлӣ маъмул будааст. Вале яке аз дигаре вобаста ба муҳити рȳйидан тафовут доранд, яъне явшон шавлии талх ва дармана шавлии одиро ном мебаранд. Истеъмоли он дар забони русӣ бо номҳои «цитварная полынь» ва «полынь обыкновенная» ба кор меравад. Маҳз аз ҷустуҷȳйҳои пайи ҳами забони русӣ, вожаи асосии исми гиёҳро пайдо намудем. Гиёҳи маъруфи қадимӣ буда, дар гȳйишҳои маҳаллӣ бо номҳои «обирȳш», «давоталх» ва «тавсиён» шинохта мешавад. Дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, махсусан дар дашту доманакȳҳҳои хушку санглох мерȳяд. Ин гиёҳ бо таъми талхи хос, бȳи сахт ва хусусиятҳои зиёди табобатии худ шȳҳрати баланд дорад. Баландиаш аз 30 то 80 см, баргҳояш буридаи пȳсида, хокистарӣ ва сабзтоб шуда, гулҳои майдаи зарди сабук дорад.
Истифодаи дармана дар тибби мардуми тоҷик на танҳо бар асоси таҷрибаи таърихии муолиҷаи бемориҳои гуногун, балки бо эътиқодҳои мардумӣ ҳамбаста аст. Ҷȳшонидашудаи баргҳои онро барои бартараф кардани газ, дарди ишкаму кирмҳои рȳда истифода мешавад. Нȳшидани миқдори обаш пеш аз хȳрок иштиҳоро меафзояд. Гармии гиёҳ бошад барои паст намудани ҳарорати бадан ва таскин бахшидани илтиҳоби гулȳ муфид аст.
Аз пажȳҳиши саҳроии бошандагони ноҳияи Шуғнон танҳо ҷанбаи эътиқодиву рамзӣ ва унсурҳои фарҳангии гиёҳро вохȳрдем. Ҷанбаи табобатии он ба мушоҳида намерасид. Онро ҳамчун сипандонаи Бадахшонӣ ном мебаранд, ки дуди он рафъкунандаи зиёну зарар ва нерȳдиҳандаи баракоту файз ва покизагӣ будааст. Дуд кардани гиёҳҳои бȳйнок, бахусус стирахму як анъанаи қадимист, ки онро мардум на танҳо ҳамчун расм, балки амали муҳофизатӣ бар зидди ҷину аҷина ва чашми бад иҷро менамоянд. Дар рафти мусоҳиба доир ба расму оинҳое, ки дуд кардану баровардани бȳйи хушбȳйро зарур мешуморанд, зани кȳҳансоли деҳаи Маними ноҳия Карамшоева Зебогул (с.т. 1957) шарҳи баён намуданд: «Ҳангоми сафар ба ҷойҳои дур, гузоштани хишти хонаи наву пас аз сохтан ворид шудан ба он, аз хонаи падари баромадани арусу домод, ба ин монанд ба хонаи домод қадами аввал ниҳодани арȳс, рȳзҳои Хидирайем (Ҷашни Наврȳзро дар назар дорад), Идҳои Қурбон ва Рамазон, баҳорон бо испор бори нахуст шудгор кардани замин, сари моҳ (яъне оғози ҳар моҳи нав) дар лаъличае гиёҳи «стирахм» - ро сȳзонда, дуд меандозему бȳйи хуши онро дар атроф давр мезанонем, ин амал покизаву озода нигоҳ доштани макон ва дур сохтани тамоми ҷину аҷинаву деву париҳо мебошанд».[4]
Камолгув гиёҳест, ки дар омȳзиши саҳроии мардуми Рȳшонзамин дучор омадем. Ҳангоми таҳқиқ маълум гардид, ки дар бархе аз манотиқи кишвар бо номи шираи камол маъруф будааст. Мардуми Шуғнон камолнез мегȳянд. Дар кȳҳдоманҳои минтақаҳои хушку баланд, бахусус дар ноҳияҳои кȳҳии даштҳои ҷанубу шарқӣ ҷумҳурӣ мерȳяд. Бо номи афюн – камол низ шунида мешавад. Гиёҳи бисёрсола буда, то 2 метр қад кашида, пояи ғафсу сершираи зардрангу баргҳои шохасохти резанда дорад. Шираи гиёҳ дар дохили пояи реша ҷойгир аст, ки онро бо буридани қисми поёнии поя ё реша мегиранд.
Таърихи қадима дошта, дар тибби халқии тоҷикону дигар халқҳои Осиё Марказӣ мавқеъи хосса дорад. Шираи онро бо равған ё равғани зайтун омехта намуда, ба ишкам мемоланд, дард ва хунукии рȳдаҳоро мегирад. Каме аз шираи гиёҳро дар об ё шир ҳал карда, барои ҳазми таом бо миқдори муайян менȳшанд. Истеъмоли шираи онро бо асал ё шир барои нарм кардани сулфа ва шуш муҳим медонанд. Ба мисли испанд дудаш хосияти зиддимикробӣ дошта, барои шамолхȳрдагию назла давои хуб ба шумор меравад. Худи гиёҳро сȳзонда, дуд мекунанд.
Дар деҳаи Рошорви ҷамоати Савноби ноҳияи Рушон шираи камол аз воситаҳои маъмули табобати мардум маҳсуб меёбад. Гарчанде худи растанӣ дар ин минтақа кам рȳйида мешавад, шираи онро ба таври хушк ё тайёр аз дигар минтақаҳо ба деҳа оварда, захира нигоҳ дошта мешавад. Табобат бо ин шира аз насл ба насл интиқол ёфта, то имрȳз дар амалиёти мардумӣ роиҷ аст. Таҷрибаи чандинсола нишон медиҳад, ки ин шира бо вуҷуди талхиву бȳйи шадидаш таъсири оромбахшӣ ва поксозандагиро касб намудааст. Сокинон шираи камолро бо равғани гови обкардашудаю каме намак дар тоба андохта каме таф медиҳанд. Пас аз ширгарм гаштанаш онро дар ишкам молида, бо рȳймоли пашмин мепечонанд. Ҳамзамон як қошуқча аз ҳамон маҳлулро дар оби гарм ҳал карда, менȳшанд. Пас аз чанд соат варам вурȳ нишаста, ишкам сабук мешавад. Муҳлати табобат се рȳз идома меёбад, танҳо бо миқдори миёна.[5]
Табобати сокинони Рошови Рушон шираи камолро як воситаи поксозандаи меъдаву ҳозима мешиносанд. Таъсири он, махсусан дар ҳолатҳои варамии ишкам, газнокӣ, дарди муваққатии рȳда ва ҳисси вазнинӣ пас аз хȳрок мушоҳида мешавад. Омезиши он бо равғани гов, асал таъсири шифобахширо афзун карда, ба бадан оромиш мебахшад. Раванди ин табобат низ дар ноҳияи Фархор бар ало мушоҳида мешавад. Сокинон новобаста аз синну соли шахс ҳангоми дарди ишкам, дамиш ё гирифтагӣ қатрае аз шираи гиёҳро бо об ва каме чизи ширинкунанда ҳамроҳ карда, ба нафари бемор менȳшонанд. Табобат бо гиёҳро қадима шуморида, ҳамчун давои зудрасон дар доруққутиҳои ҳар хона нигоҳ дошта мешавад.
Мардуми ноҳияи Фархор таърихи гиёҳрро қадима шуморида, рȳйиданашро аз шири модарон медонанд, ки ҷойгоҳи он ҷаҳонбинии мардумро ба таври рамзиву ахлоқӣ бозгȳ мекунад. Ривоят мекунанд, ки шираи камол аз шири модарони меҳрубон ба вуҷуд омадааст. Вақте ки модарон фарзандони худро бо меҳрубонӣ шир медоданд, шири онҳо ба замин мечакид ва аз он шираи камол мерӯид. Барои ҳамин ҳам ин гиёҳ чунин хосиятҳои шифобахшӣ дорад.
Ризб низ гȳйиши мардуми Рушон буда, дар забони адабӣ зардчȳба мебошад. Дар байни мардум бо номи «ҳалдӣ», “ҷадвор” низ машҳур аст. Ибни Сино онро «уруқуссабоғин» ва «момирон» овардааст. Гиёҳи решадоре аз оилаи занҷабилҳост. Ин хокаи зарди равшан, ки аз решаи хушкшудаи гиёҳ омода мешавад, дар васати мардуми тоҷик роҳ ёфта, то рафт ҷойгоҳи хосе дар таомҳои миллӣ ва табобати тиббӣ пайдо кардааст. Гарчанде ки зардчȳба гиёҳи бумии минтақаи Ҳинд, Чин ва Шарқи дур бошад, тавассути тиҷорату муҳити фарҳангӣ дар Тоҷикистон низ мавқеъи хоссагирифтааст. Қисми истифодашавандаи он дар тиб ин решаи гиёҳ мебошад. Шаклаш лȳламонанд, шабеҳ ба занҷабил, вале бо рангу бȳйи хос. Ранги зардноранҷӣ дорад. Пас аз хушконидан, реза карда шуда, ба шакли хока табдил дода мешавад. Бȳйи шаддиду маззаи каме талх ва тунду гарм дорад. Шакли худи гиёҳ пȳшидаи бо баргҳои васеъи танги басташуда аст, ки қадаш аз 60см то 1 метр мерасад. Баргҳои сабзи дарозшакл дорад, ки то 50 см мешавад, ки мустақиман аз реша мерȳяд. Гулҳои сабз, сафедтоб ё гоҳе гулобӣ дошта, дар пояи марказӣ мерȳянд.
Зардчȳба ҳамчун гиёҳи шифобахш дар зеҳни мардуми тоҷик ҷойгоҳи махсус пайдо кардааст. Бо вуҷуди он ки реша дар Ҳиндустон (на танҳо ватани зардчȳба, балки бузургтарин истеҳсолкунандаи он дар ҷаҳон аст) дошта бошад, дар хоки Тоҷикистон дар рȳҳияи мардум реша давонидааст. Барои беҳтар шудани ҳазму сабук кардани дарди меъда як қошуқча зардчȳбаро дар об ё шири гарм ҳал карда, дар шаб менȳшанд. Боварии мардум ин аст, ки зардии он даруни баданро пок карда, сардиро аз меъда мебарорад. Дар илми машшота онро беҳтарин малҳами рȳй, поксозандаи доғҳои пȳст шȳморида, сафеду ҷавон нигоҳ медоштааст. Хокаи онро бо асал, равғани какос ё равғани кунҷит хуб омехта намуда, ҳамчун ниқоб ба рȳй мемоланд. Барои захму варамии буғумҳо истифода мешавад. онро бо равғани гарм якҷоя карда, ба ҷойи дарднок мемоланд. Ин усул барои сабук кардани вараму дард ва гарм кардани мушакҳо истифода мешавад.
Зардчȳба дар ошхонаи мардуми тоҷикон ҳамчун масолеҳи хушбȳйдиҳанда ва рамзи гармию шифо ба кор бурда мешавад. Дар бархе аз манотиқи ҷумҳурӣ истифодаи онро ба ош, оши реза ва шȳрбои мȳрғ илова менамоянд. Ҳангоми пȳхтани хȳрокҳои гȳштӣ бо дигар масолеҳ мисли зира, кашничу барги гулпар истифода мешавад. Он гȳштро хушбȳйю ҳазмшаванда мекунад. Дар маҳаллаҳое, ки моҳидорӣ вуҷуд дорад, масалан Қабодиёну Норак дар таомҳои бо моҳӣ истифодаи онро муҳим медонанд. Он маззаи заҳрдории моҳиро гирифта, таъми онро мулоим мекардааст. Бархе аз мардум бар он назаранд, ки «Хȳроки безарчȳба беҷон аст» ё «Зардчȳба ҳам таомро ширин мекунад, ҳам ҷисмро гарм».
Дар ноҳияи Рушон, хусусан дар деҳаҳои кȳҳистон, зардчȳба бо унвони гиёҳи шифобахш барои дарди меъда ба кор меравад. Табибони мардумӣ ва пиразанони хонадон табобат бо онро соддаву муассир мешиносанд. Усули истифодаи зардчȳба барои дарди меъда бо чунин тарзҳо сурат мегирад. Як қошуқи чойнȳши зардчȳбаро дар як пиёла шир андохта, омезиш медиҳанд. Ширро гарм мекунанд, вале ҷȳш наменȳшанд. Нȳшиданашро пеш аз хоб ё субҳона муфид мебинанд. Бар он бовар доранд, ки зардчȳба меъдаро ором карда, гази зиёду варамии сардиро мекȳшад. Усули дигари он бо асалу оби гарм аст, ки дар ишками гурусна саҳар менȳшанд. Чирки даруни рȳдаҳоро пок карда, сардии меъдаро мебаровардааст. Ҳамчунон бо равғани зард ё равғани гȳсфанд якҷо карда, пеш аз хоб тановул менамоянд. Ин усул меъдаи сарду дарди шабонаро рафъ менамудааст.
Мардуми ноҳияи Панҷ истифодаи онро барои зани таваллудкардагӣ муҳим медонанд. 3 рȳз пайи ҳам хока ё решаи онро бо шир ҷȳшонида саҳар дар дили гурусна ба зан медодаанд. Ин амал пайвандҳои занро пас аз таваллуд мустаҳкам менамудааст. Ҳамчунон барои рȳдаҳои хунукзадашудаю дарди ишками пайи ҳам тухми хонагиро дар равғани зағер пȳхта дар рȳяш 1 қошȳқча хокаи зардчȳбаро пошида дар рȳйи ноф гузошта, салофан монда, бо дока мепечонанд. Пас аз се рȳзи табобат шахс шифо меёбад.
Пажӯҳиши мазкур нишон медиҳад, ки истифодаи растаниҳои шифобахш дар зиндагии рӯзмарраи сокинони Бадахшон ҷойгоҳи муҳим дошта, воситаи табобати табиӣ ба шумор мераванд. Донишҳои мардумӣ дар ин замина, ки асосан тавассути таҷриба ва муҳити зист ташаккул ёфтаанд, то имрӯз корбурди онҳо дар байни ашхоси кўҳансол дида мешаванд. Бо назардошти арзиши баланди тибби мардумӣ, пешниҳод мегардад, ки ҳамкории миёни мутахассисони соҳаи тиб, ботаника ва фарҳанг таҳким ёбад. Ин раванд метавонад ба таҳияи барномаҳои таълимӣ, тарғиби истифодаи босамари растаниҳои шифобахш, эҳёи анъанаҳои ниёгон ва ба солимии ҷомеа замина гузорад.
[1] Гӯянда: Карамшоева Зебогул, с.т. 1957, сокини ҷ. Сучони д. Маними н. Шуғнон.
[2] Гӯянда: Карамшоева Зебогул, с.т. 1957, сокини ҷ. Сучони д. Маними н. Шуғнон.
[3] Гӯянда: Камариддинова Бибиҷон, с.т. 1960, сокини д. Намадгути ҷ. Рустамбек Юсуфбекови н. Ишкошим.
[4] Гȳянда: Карамшоева Зебогул, с.т. 1957, сокини д. Маними ҷ. Сучони н. Шуғнон.

