Рӯзи Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин ҷашнҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳамасола 27 июн таҷлил мегардад. Ин рӯз ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 марбут аст, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои барқарории сулҳ, субот ва ваҳдати ҷомеа заминаи устувор фароҳам овард. Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои таърихии даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Маҳз ба шарофати Ваҳдати миллӣ сулҳу субот дар кишвар барқарор гардида, барои рушди иқтисод, фарҳанг, маориф ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа заминаи мусоид фароҳам омад.
Бахшида ба ҳамин санаи таърихӣ дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Рисолати фарҳанг дар ҳифзи ваҳдати миллӣ» бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
Чорабиниро директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, номзади илмҳои таърих Сафарзода Некрӯз Шодӣ ифтитоҳ намуда, аҳаммияти таърихии Ваҳдати миллӣ ва нақши онро дар таҳкими давлатдории миллӣ, рушди фарҳанг ва пешрафти ҷомеа таъкид кард. Зикр гардид, ки дастовардҳои имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон самараи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошанд ва саҳми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт бесобиқа ва беназир арзёбӣ мешавад.
Пасон сухан ба сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода Абдуфаттоҳ Ҳаким дода шуд. А. Аминзода қайд кард, ки Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои таърихии даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Маҳз ба шарофати Ваҳдати миллӣ сулҳу субот дар кишвар барқарор гардида, барои рушди иқтисод, фарҳанг, маориф ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа заминаи мусоид фароҳам омад.
Дар идомаи ҳамоиш муовини директор оид ба корҳои методӣ ва умумии ПИТФИ, доктори фалсафа (PhD) Гулзира Каримова дар мавзуи «Эмомалӣ Раҳмон – меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ» суханронӣ намуда, саҳми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар барқарорсозии сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ мавриди таҳлил қарор дод. Ҳамзамон мавсуф бобати рушду тараққиёти соҳаҳои хоҷагии халқ ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат дар ин самтҳо муфассал истода гузашт.
Сипас, мудири шуъбаи фаъолияти китобдории ПИТФИ Наимҷонзода Нигора дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи кишвар» андешаронӣ карда, нақши сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлатро дар таъмини амният, субот ва рушди ҷомеа муҳим арзёбӣ намуд.
Ходими пешбари илмии шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносии ПИТФИ Мунаввар Сафаров «Ғояҳои Ваҳдат дар осори шоирон ва мутафаккирони форсу тоҷик» ба инъикоси арзишҳои сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ дар мероси адабӣ ва фарҳангии халқи тоҷик таваҷҷуҳ зоҳир намуд. М. Сафаров аз ашъори Ҷалолуддини Балхӣ, Сайидои Насафӣ, Аллома Иқбол, Бедил ва дигар шоирони маъруфи форсу тоҷик мисолҳо оварда, зикр кард, ки ҳанӯз дар адабиёти классики мо ваҳдат мавқеи меҳварӣ дорад ва имрӯз он тобиши хосса касб кардааст ва нақши таърихии он дар ин зимн бештар аст.
Ҳамчунин, ходими илмии шуъбаи илмӣ-методии ПИТФИ Саидзода Мафтуна дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили рушди устувори ҷомеа: таҳлили иҷтимоӣ-фалсафӣ» баромад намуда, аҳаммияти ваҳдатро ҳамчун заминаи асосии пешрафти ҳама соҳаҳо шарҳу тавзеҳ ва бобати ҷанбаҳои педагогӣ-фалсафии ваҳдат маълумоти бештар дод.
Дар анҷоми чорабинӣ миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, масъалаҳои марбут ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими ваҳдат ва нақши фарҳанг дар рушди ҷомеаи муосир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Азҷумла, ходимони пешбари илмӣ Қ. Хоҷаев, М. Муродӣ, Ш. Комилзода фикру ақидаҳояшонро дар ин самт мухтасар иброз доштанд. Махсус таъкид гардид, ки ҳифз ва таҳкими Ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон буда, фарҳанг дар ин самт рисолати муҳим ва муассирро иҷро менамояд. Пасон аз ҷониби шоирон Содиқ Завқӣ ва Саъдӣ Мирзо шеърҳои ҷолиб ва пурмазмун дар бораи Ваҳдат ва Президент қироат гардиданд.
Ифтихор Юсуфӣ,
мудири шуъбаи ВАО ва
табъу нашри ПИТФИ.




