РАҲМОНОБОД шаҳраке, ки зарардидагонро ба оғӯши худ гирифт

Ҳанӯз моҳи марти соли 2016 тибқи Қарори Маҷлиси миллӣ дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳудуди деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон деҳаи нав таъсис дода шуда, он Раҳмонобод номгузорӣ гардид.
Мавриди зикр аст, ки тобистони соли 2015 бар асари ҳодисаҳои табиӣ -омадани сел деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон хисороти зиёд дида, бисёре аз хонаҳои сокинони ин ҷамоат хароб гардиданд. Бо саъю талоши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҷойи бехавф қитъаи замин ҷудо гардида, барои зарардидагони офати табиӣ дар муддати кӯтоҳ 82 хона сохта шуда, бо тамоми ҷиҳоз пешкаши сокинон гардонида шуд. Аз ин рӯ Раҳмонобод гузоштани номи деҳаи нав дар деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон арзи сипос ва шукргузории сокинони ин деҳаи навбунёд ба Президент ва ба Ҳукумати кишвар арзёбӣ мегардад.

Ӯ дасти модари пирашро гирифта, аз ҳавлӣ берун шуд ва ба кӯдаконаш гуфт, ки аз пасаш оянд. Мардум ба талвоса афтода буданду садои гиряву фиғони занону кӯдакон ба фазо мепечид. Осмонро абрҳои тирафом фаро гирифта буд. Марде ба ёрии онҳо шитофт ва ҳар ду кӯдакашро бардошта, ба баландие, ки аз он ҷо роҳ ба тарафи Хоруғ мерафт, расиданд.

Ин ҳодиса тобистони соли 2015 замоне ки Саврибегиму фарзандонаш ба деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон, ба аёдати модар омада буданд, иттифоқ афтод.

- Рӯзи 22-юми июл, тақрибан соати 15 хабари мудҳиши омадани селро расонданд ва аз тамоми сокинон хоҳиш карданд, ки зуд деҳаро тарк намоянд ва ба кӯҳ бароянд.  Ман ҳайрон будам, ки дасти модарамро гирам ва ё фарзандони хурдсоламро, - афзуд Саврибегим ва аз дидагонаш ашк пайдо шуд.

Дар идомаи роҳ модари Саврибегим Ёрмаҳмадова холаи Амалбегим Абдуназарова нафасгир шуда, дигар маҷоли роҳ рафтан надошт. Саврибегим модарро ба канори роҳ шинонд. Сели даҳшатнок бароқосо бо шӯру шааф хонаҳои наздисоҳилиро чун хаспора бардошта, тагурӯкунон мебурд. Саврибегим шоҳиди он гардид, ки сел чӣ тавр хонаи бародарашро валангор кард ва аз он осоре намонд. Аммо ба модараш дар ин бора ҳарфе нагуфт, зеро бе ин ҳам фишори ӯ хеле баланд буд. Вақте ки сел хонаи модарашро пахш кард, аз яъсу ноумедӣ дидагонаш пурнам гардид ва сарашро ба осмон бардошт, лабашро зери дандон гузошт, то аламу ғиреве, ки дар гулӯяш ҷамъ шуда буд, фурӯ барад ва модар аз ин ҳолат чизеро пайхас накунад. Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданиву намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷамъомадагонро водор менамуданд, ки боз ба баландӣ бароянд. Вале модари Саврибегим тавони роҳ гаштан надошт. Аз ин рӯ, онҳо хостанд тавассути нақлиёт ба тарафи Хоруғ раҳсипор шаванд. Намояндагони мақомот ба ин амр иҷозат надоданд, зеро хавфи баъзе аз манотиқи роҳро гирифтани сел вуҷуд дошт. Онҳо масъулиятро ба дӯши худ гирифта, ба роҳ баромаданд ва хушбахтона, бе ягон осебу ташвиш ба маркази вилоят расиданд.

Баъди чанд рӯз ба деҳаи Барсем баргаштанд ва ба қавле дуд аз димоғашон баромад. Хонаҳоро вайрону валангор ёфтанд. Аз аксарияташ осоре намонда буд. Оҳи модар гӯё осмонро сӯрох мекард. Ба зарардидагони офати табиӣ дар хамворие баландтар аз деҳаи Маним хаймаҳо барафрох-танд.

Бо ҳидояти Сарвари давлат ҳар рӯз аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба онҳо ёрӣ, аз қабили маводи ғизоӣ, либосворӣ ва дигар амволи рӯзгор меомад.

- Аввалин мошине, ки омад, дар пеши он навиштаҷоти «Ёрӣ аз ҷавонони Хатлон» буд. Сипас, шоҳиди ёрӣ аз Кӯлобу Рашт, Ҳисору Хуҷанд ва дигар шаҳру ноҳияҳо гардидам, - мегӯяд Саврибегим. - Ман он лаҳзаҳоеро, ки рӯзи 29-уми июли соли 2015 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба назди зарардидагони офати табиат омаданд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам. Заррардидагон бо дидагони пурумед Сарвари раиятпарвари хешро истиқбол гирифтанд. Президенти кишвар онҳоро дилбардорӣ карда гуфтанд, ки ман барои шумо хона месозам. Пас аз ин дидор ва суханони Сарвари давлат мардум рӯҳбаланд гаштанд, аз дидагонашон ашки шодӣ равон шуд ва боварӣ ба фардои босаодати зиндагӣ дар вуҷудашон шуълавар гардид. Муҳлати хонасозӣ ду моҳ таъйин шуд. Воқеан, дар ин муҳлат хонаҳо бунёд ёфта, тамоми ашёи рӯзгорро то сӯзан муҳайё намуданд. Мардум неруи иттиҳод ва ваҳдату якдилиро бештар ҳис карданд. Аслан, фоҷиа мардумро ба ҳам меоварад. Аз ин ҷост, ки Шайх Саъдӣ фармудааст:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Оре, дар як муддати кӯтоҳ бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як дашти беобу нообод шаҳраке бунёд гардид, ки бо тақозо ва исрори худи мардум онро Раҳмонобод номиданд.

Назар ба гуфтаи Саврибегим Ёрмаҳмадова, дотсенти кафедраи кимёи татбиқии факултаи кимёи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, як сайёҳи амрикоӣ ҳангоми боздид ва шиносоӣ аз шаҳраки навбунёд ба ваҷд омада, иброз доштааст, ки ягон давлати абарқудрат дар чунин фосилаи кӯтоҳ ба зарардидагони офати табиат дар шароити баландкӯҳ чунин шаҳраке насохтааст.

Мунаввари САФАР,

ходими пешбари

илмии ПИТФИ

барчасп: