Театрҳои кишвар дар ним соли сипаришуда

Истиқболи сазовори ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон яке аз самтҳои асосии фаъолияти шашмоҳаи аввали Вазорати фарҳанги кишвар маҳсуб меёфт. Бахшида ба ин санаи муҳими таърихӣ бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани  шароити мусоид барои вусъати нерӯи эҷодӣ, дарёфти чеҳраҳои нав – овозхонҳо, навозандагон, раққосон, раққосаҳо, тарғиби ҳунару истеъдодҳои асил Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Тараннуми истиқлол»  баргузор ва давраи ниҳоии он дар пойтахти кишвар ҷамъбаст гардид.
Ҳунармандони муассисаҳои консертӣ дар танатанаҳои ҷашни  Ваҳдати миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирок намуда, ҳамзамон барои сокинони вилоят 43 барномаи консертӣ намоиш дода, барномаи ҷашнӣ дар ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намоиши ҳақиқии ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва дар атрофи сиёсати созандаи Сарвари давлат зич муттаҳид будани тамоми табақаҳои ҷомеа табдил ёфт.
Дар ин муддат,  ҳайати оркестри симфонии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ мукаммал гардонида шуда, ҳамзамон ҳайати нави оркестри симфонӣ аз ҳисоби донишҷӯёни болаёқат ва хатмкунандагони равияи академии муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг ва санъат  дар ҳайати 90 нафар таъсис дода мешавад.
Дар нимсолаи аввали соли 2016 дар театрҳои касбии кишвар 30 асарҳои нав аз ҷумла, 14  намоиш дар театрҳои пойтахт ва 16  намоиш дар театрҳои музофотӣ ба саҳна гузошта шуданд.
Бо иштироки театрҳои  кишварҳои Федератсияи Русия, Туркманистон, ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Беларус ва Тоҷикистон Фестивали панҷуми байналмилалии  «Чодари хаёл» баргузор гардид; 100-солагии Ҳофизи халқии Тоҷикистон Нериё Аминов таҷлил шуд,  муаррифии барномаи ҳунарии Ансамбли давлатии рақсии «Зебо» дар сатҳи баланди эҷодиву ташкилӣ доир шуд. Инчунин, тамошобинони тоҷик бо санъату ҳунарнамоии волои ҳунармандони маъюби Чин шинос гардиданд.Зарфи ин шаш моҳ ҳунармондони муассисаҳои консертӣ бо барномаҳои фарҳангӣ дар кишварҳои Қатар, Кувайт ва Ҷумҳурии Туркманистон барномаҳои консертӣ доир намуданд, Сирки тоҷик дар кишвари Миср санъату фарҳанги  миллатро муаррифӣ намуд.

Театр

Фаъолияти театрҳои касбӣ ва муассисаҳои консертӣ густардатар аз қабл буд. Чунончӣ, ҳайати эҷодии Театри давлатии академӣ драмавии ба номи устод Лоҳутӣ  намоишҳои «Чархи гардон»-и Н.Табаров, «Чодар найранг»-Т.Аҳмадхонов, «Пизишки паррон»-и Ж.Б. Молйер, «Раъду барқ»-и Тсао Юй, «Аёдат»-и Ҳ.Раҳмат, «Муҳаббат»-и Ш.Сайфиддинов, «Ориёӣ»-и С.Аюбӣ, «Занги бемаҳал»- и А.Ҳамдам,  «Ойоро»- и  Н. Фамилиант, «Вийд»-и Ҷ.Қуддус, «Буратино ва Гарри Поттер»-и И.Правдинаро пешкаши тамошобинон гардонид.
Ду намоиши ғайринақшавии «Санам ва Ғулом» дар таҳияи Н.Абдуллоев ва моноспектакли «Қайдҳои як марди девона»-и Н.В.Гогол дар таҳияи Қ.Собир рӯйи саҳна омаданд.
Театр бо намоишҳои «Вийд»-и Ҷ.Қуддус  ва «Пизишки паррон»-и Ж.Б.Молйер ба шаҳри Норак ва ноҳияи Ёвони вилояти  Хатлон  ва бо намоишномаҳои «Раъду барқ» - Тсао Юй, «Занги бемаҳал» – и А. Ҳамдам ва «Афсонаҳои мӯйсафед» – и Н. Абдулло ба  Рашту  вилоятҳои Хатлон  ва Суғд  сафари ҳунарӣ дошт.
Дар нимсолаи аввал  119 спектакли театри ба номи Лоҳутиро бештар аз 23 ҳазору 315 нафар тамошо намуданд. 
Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ барои дӯстдорони санъати касбӣ операи бачагонаи С.Балевич «Маликаи барфӣ», балетҳои П.Чайковский «Шелкунчик» ва «Маликаи хуфта», операи Ш.Сайфиддинов «Рӯдакӣ», балети С.Баласанян «Лайлӣ ва Маҷнун», намоишномаи бачагонаи П.Валдгардт «Хонаи гурба», балети бачагонаи К.Хачатурян «Саргузашти Чиполино» ва барномаи консертӣ бахшида ба 100-солагии композитори маъруф З.Шаҳидиро барои  иштирокчиёни Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз пешниҳод намуд.
Барои иҷрои нақши Феррандо дар операи Ҷ.Верди «Трубадур» аз  Театри миллии опера ва балети ба номи А.Малдибаеви Ҷумҳурии Қирғизистон, солисти опера Нурлан Суймоналиев даъват карда шуд.
Дар ин давра ҳайати эҷодии театр чор асари нав – балети Ф.Шопен «Шопениана», операи П.И.Чайковский «Евгений Онегин» дар таҳияи коргардони ҷавон Суҳроб Усмонов, балети «Золушка”-и Прокофьев С. дар таҳияи М.Левицкая ва «Ҳангома дар ҷангал»-и С.Маҳзун дар таҳияи Ҳ.Нуровро манзури тамошобинон гардонид.
Сивуҳашт намоиши ва ба барномаҳои ҳунарии театри мазкурро дар нимсолаи аввали соли 2016 9 ҳазору 758 нафар тамошо кардаанд.
Ҳайати эҷодии Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковский  намоиши солинавӣ барои  кӯдакон «Подарочки Бабушки-Яги»-и А.Попов (коргардон  М.Дадоева), намоишномаҳои «Ишқи парӣ», «Гавҳари шабчароғ», «Гуноҳи Каин», «Панҷ зани Хоҷа Насриддин», «Маляр»- Т.Джудженоглу ва «Транзитный пассажир» - и Д.Исабеков пешкаши тамошобинон гардонид.
Аз 10 то 16 феврал ҳайати ҳунарии Театр бо намоиши «Я жду тебя, любимый» ба вилояти Суғд сафари ҳунарӣ анҷом дод.
Моҳи марти соли равон Театр бахшида ба Рӯзи Модар намоиши «Хонума»-и А.Тсагарелиро дар таҳияи коргардон Х.Мустафоев рӯи саҳна овард. Дар маҷмуъ зарфи ин муддат 73 намоишномаи театрро 11 426  нафар  шаҳрвандон ва меҳмонони шаҳри Душанбе тамошо кардаанд.

Ҳайати эҷодии Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов     намоишномаҳои «Сареву савдое», «Модар, маро бубахш», «Моҷарои дар Киёҷа», «Заргӯши доно», «Пайраҳаи зиндагӣ», «Замоне баро ишқ», «Саргузашти се бузича», «Харгӯшаки бодича» ва  «Гирдбод»-ро манзури тамошобинон намуд.
Театр бо намоишномаҳои «Саргузашти се бузича», «Харгӯшаки бодича», «Модар, маро бубахш» ба ноҳияҳои Ҳамадонӣ,  Фархор, шаҳрҳои Кӯлоб, Қурғонтеппа, Турсунзода, ноҳияҳои Варзоб, Рӯдакӣ, Ҳисор сафарҳои ҳунарӣ анҷом дод.
Намоишҳои тозаэҷодӣ «Султон ва чор дузд»- и А.Башир дар таҳияи М.Миров, «Замоне барои ишқ» - П.Саид дар таҳияи Қ.Мирзоев ва Афсонаи мусиқии бачагона «Подоши ғурур» Ш.Халилов ва З.Тошев  рӯйи саҳна омаданд.
Дар ин ним сол театр 151 намоиши худро ба 28 089 нафар мухлисони санъати касбӣ тамошо додааст. 

барчасп: