2320 муаасисаи иҷтимоӣ-фарҳангии кишвар

Бино ба маълумоти ахиран ироашуда аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлоли мо ин шабу рӯз дорои 2320 адад муассисаи иҷтимоӣ–фарҳангӣ мебошад. Аз ҷумла: 17 муассисаи театрии касбӣ, 5 муассисаи консертӣ, 96 муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг ва санъат: 3 мактаби олӣ,  6 коллеҷи санъат, фарҳанг, хореографӣ ва рассомӣ, 2 мактаб- интернати миёнаи махсуси миёнаи мусиқӣ ва санъати ҷумҳуриявӣ, 84 мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, санъат ва рассомӣ,1355 китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ (  75 китобхонаи бачагона), 328 қаср ва хонаҳои фарҳанг, 430  клуб, 59 клуби сайёр, 14 марказҳои фарҳангу фароғатӣ, 6 филармонияҳои халқӣ, 44 боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ (дар тавозуни шуъба ва бахшҳои фарҳанг), 23 театри ҳалқӣ, 63 осорхона, 11 хона-осорхона, 23 ансамбли тарона ва рақс, 15 ансамбли шашмақомхонон, 7 ансамбли фалаксароӣ, 7 ансамбли эстрадӣ, 10 ансамбли фолклорӣ-этнографӣ, 12 ансамбли рақсӣ ва 2 телевизиони маҳаллӣ (дар тавозуни шуъба ва бахшҳои фарҳанг) фаъолият  доранд.

Дар кишвар 360  рӯзнома (104 адад давлатӣ ва 255 адад ғайридавлатӣ), 232 маҷалла (105 адад давлатӣ ва 127 адад ғайридавлатӣ), 300 матбаа (35 адад давлатӣ ва 265 адад ғайридавлатӣ), 44 нуқтаи фурӯши китоб (3 давлатӣ  ва 41 ғайридавлатӣ), 70 нашриёт (9 давлатӣ ва 61 ғайридавлатӣ), 11 оҷонсиҳои иттилоотӣ (1 оҷонсии иттилоотии давлатӣ ва 10  ғайридавлатӣ) фаъолият менамоянд.

барчасп: