Сафарбеки Солеҳ: Комил Ёрматов мехост низомии ҳирфаӣ шавад, аммо... (видео)

Коргардони баноми тоҷик Сафарбеки Солеҳ бори дуюм аст, ки филми мустанади худ “Комил”-ро дар Амрико намоиш медиҳад.   Баъди тамошои мустанад як суҳбати тӯлонӣ миёни коргардон ва ширкаткунандагони намоиш ба вуҷуд омад.
Соате пеш бо истифода аз фурсат, бо чанд суол дар ин маврид ба Сафарбек муроҷиат кардем. Аввал аз ӯ пурсидем, ки то ҷойе медонем Шумо "Комил"-ро бори дуюм аст, ки дар Амрико намоиш додед. Намоиши Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон аз намоиши пешӣ бо чӣ фарқ мекард?

- Бале, дуруст аст. Ин бори дуюм ааст, ки “Комил” дар Амрико намоиш дода мешавад. Намоиши аввалӣ, ки дар Бродвейи Нью Йорк буд, бо талоши Созмони Продюсерҳои Амрико доир гашт. Дар он намоиш яке аз филмбардорони Комил Ёрматов, Мирон Пенсон, ки муқими Ню - Йорк аст, иштирок дошт ва таассуроти худро аз филм хеле боэҳсос иброз намуд. Вай гуфт, ифтихор дорад, ки ҳамчунин филмеро дар зиндагиаш дар бораи Ёрматов дид. “Дар бораи Комил Ёрматов ва хидматҳои ӯ барои фарҳанг бояд ҳамин хел филмро дар Узбекистон месохтанд. Бароям аҷиб аст, ки шумо дар Тоҷикистон инро сохтед. Сипосгузорам, ки маро низ дар ин филм ҷо додед ва ин ҷо дар Амрико, инро намоиш додед”.

Албатта, ин филм танҳо қиссаи зиндагии Комил Ёрматов нест, муаллиф аз тариқи баёни ҳоли як фард, таърихи тамоми замони Шӯравиро ба тасвир мекашад. “Комил” оинаи пурҷилоест, ки дар он ҳама паҳлуҳои ҳаёти замонаш инъикос ёфтааст”.

Ин баҳои як тан аз ширкаткунандагони он намоиш буд. Ва чун Мирон Пенсон шахсан бо Комил Ёрматов ҳамкорӣ дошту ӯро аз наздик мешинохт, арзёбии ӯ аз филм барои ман ҳам чун коргардон арзишманд аст.

 -  Аслан ин намоиш тибқи кадом барномае амалӣ шуда буд? Ва дар доирае, ки филми шуморо диданд, чӣ шинохте аз Тоҷикистон ва синамои он доштаанд?

- Ин дафъа филм дар пойтахти Амрико бо ибтикори Донишгохи Ҷорҷ Вашингтон намоиш ёфт.  Чун намоиш дар донишгоҳ буд, бинандаҳои он фарқ мекарданд, донишҷуёну донишмандоне омаданд, ки иттилои зиёд доштанд ва саволу ҷавоб тӯлонӣ буд.

Масалан, Питер яке аз раҳбарони бахши мамолики пасошӯравии донишгоҳ гуфт, чанде пеш мақолае барои энсиклопедияи Амрико дар бораи Комил Ёрматов навишта буд. Порсол онҳо филми Ёрматов "Алишер Навоӣ"-ро ин ҷо намоиш доданд. Ман дидам, ки ин ҷо, дар Амрико Комил Ёрматовро бештару беҳтар мешиносанд.

Албатта, дар доираи баҳси баъди филм як суол ба ман аз вазъи имрӯзи синамо дар минтақаи Осиёи Миёна буд. Ман дар ин замина гумонам, ки посухи ҷолибу тӯлони доштам ва дар ниҳоят тасмим гирифтем, ки дар ин маврид ман бори дигар биёяму як суҳбати ихтисосӣ ин ҷо анҷом диҳам.

-   Албатта, чун коршиносону мутахассисон гирд омада буданд, маслиҳату машваратҳо низ доданд. Ягон камбуди "Комил"-ро аз эродҳо дар намоишҳо дар Ню-Йорку, Вашингтону Маскав қабул дидед? Агар ҳа, пас он кадом аст ва пайи ислоҳаш чи кор мехоҳед бикунед?  

 - Он ҷо аз камбудиҳои филм чизе нагуфтанд, вале пешниҳоде буд. Яке аз бинандаҳо гуфт хуб мебуд, ки бар асоси ин мустанад дар бораи Комил як филми ҳунарӣ созед. Посухи ман ин буд, асли ҳадафи ман ҳамин аст. Ман имрӯз 67 соат маводи видеои ҷамъ кардам. Аммо маблағ надорам. Филми мустанади “Комил” ҳам пурра аз ҳисоби маблағҳои шахсии банда таҳия шудааст. Албатта, ба муҷарради дарёфти маблағ метавон ин филми ҳунариро ҳам ба навор гирифт.

-  Шояд на ҳама донанд, ки Комил Ёрматов кист. Бисёр мехостем ӯро шиносонед.

 - Ба назари ман Комил Ёрматов яке аз бузургтарин намояндагони миллати мост, ки назирашон кам аст. Ӯ мутаваллиди соли 1904 аст. Падараш сарҳанги артиши Импературии Русия, Остондори Конибодоми он замон, ки тамоми қаламрави Конибодому Исфараву атрофи онро дар бар мегирифт. Ӯ таҳсилоти ибтидоиро назди бибиву модар ва як муддати кутоҳе дар мактаби суннатӣ фаро мегирад ва баъдан мактаби русӣ барои мардумони таҳҷоиро хатм мекунад. Аз китоби хотироташ бармеояд, ки ҳанӯз аз овони кӯдакӣ ба осори Саъдиву Ҷомиву Ҳофизу Фирдавсӣ ва соири бузургони фарҳанги ниёгон ошно буд. Баъд дар қатори падару бародараш роҳи оҳани мавҷударо аз хароб сохтани босмачиён дифоъ мекунад ва ба тадриҷ ба гирдоби инқилоб меафтад….

Ӯ аз ҷумлаи аввалин хатмкардагони якумин омӯзишгоҳи ҳарбии Боку буд. Як замон сардори милитсияи Конибодому Исфара буд. Дар набардҳои он солҳо барои таъсиси сохти сотсиалистӣ чандин бор захмӣ мешавад, ки ин захмҳояш то ахири умр азобаш медоданд. Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, аз Кӯканд бо аввалин театраш барои намоиш ба Конибодом меояд ва он ҷо аз камбуди ҳунарпешаҳо, аз Комил хоҳиш мекунад дар намоиш иштирок кунад. Ӯ бо дастаи милитсионеронаш дар намоиш ширкат меварзад ва …. Дар ҳамон замон модаркалони Марат Орифовро дар милитсия ба кор мегирад, дар ин маврид Марат Орифов дар филми мо суҳбати тӯлоние дорад.

 Комил Ёрматов мехост низомии ҳирфаӣ шавад, озими Маскав мегардад ва дар Донишкадаи коргари он давр (Рабфак) ба тадрис шуруъ мекунад, лекин баъди тамошои як филм, ба синамо рӯ меорад. Баъдан донишкадаи синаморо хатм карда, яке аз бузургтарин коргардонони аср мегардад.

Ӯ 21 филми ҳунарӣ сохта, ки дар олами синамо мавқеи хоси худро соҳиб аст. Аз соли 1940 роҳбари бадеии киностудияи «Узбекфилм» буд, зери назари ӯ беҳтарин филмҳо таҳия шудаанд. Филмҳои машҳури ӯ аз қабили: «Алишери Навоӣ», «Абу Алӣ Сино», «Дӯстон боз вомехӯранд», «Туфон болои Осиё», «Марги халифаи сиёх»…..

- Чаро аз Тоҷикистон рафта буд?

- Комил Ёрматов яке аз муваффактарин коргардонони синамо буд. Ҳанӯз дар ҷавонӣ, дар Тошканд, ҳамчун ёвари коргардон, корсоз ва ҳунарпеша дар аввалин филмҳо кор карда буд. Баъди хатми Донишгоҳи Синамо ӯ чанд филми хуберо дар Тоҷикистон таҳия намуд ва аз ҷониби давлати он замон хеле қадрдонӣ шуд. Сарони он замони давлат Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, Абдураҳим Ҳоҷибоев ва Комиссари Халқии Нақлиётӣ Вагаршак Карамов дар таҳияи филми аввали ӯ мустакиман ширкату пуштибонӣ доштанд. Замоне, ки ин сарварони окилу ҳушманду ватанпарастро барканору тирборон намуданд ва Комил ба муъҷизае аз ҳалокати соли 37 раҳоӣ ёфт. Аммо баъдан батадрич муносибат ба ин ҳунарманди беназир иваз шуд. Соли 1940 барои рӯзҳои даҳаи адабиёту ҳунари Тоҷикистон дар Маскав барномаи консертие таҳия ва филмбардорӣ шуд, ки коргардони он Комил Ёрматов буд. Баъди кабули барнома, раиси ҳамонвақтаи вазирон Мадалӣ Қурбонов гуфт: “Бас аст ба у орденгирӣ!!! “

Ва санади сафари Ёрматов ба Маскавро имзо накард. Ин зарбаи сахте буд, ба нафаре, ки тамоми барномаро таҳия намуда буд. Комил ба кумитаи синамо ба Маскав  номае навишт ва баъди он, ӯро директор ва ҳамзамон роҳбари бадеии киностудияи Тошканд таъин намуда, ба Узбекистон фиристоданд. Чун Ёрматов ягона хирфаии ин бахш буд, баъди рафтани ӯ дигар коргардони касбии фимлҳои ҳунарӣ набуд ва студияи Сталинобод баста шуду танҳо бахши мустанадаш боқӣ монд. Ин вазъ то соли 1956 идома дошт. Дар ин маврид дар филм мо сухбатҳои зиёде аз наздикону шогирдонашонро дорем.

Пораҳо аз филми мустанади «Комил»

барчасп: