Activities calendar

17 сентября 2016

Шамисияи Қосим: Ёди шумо сафеди ҷилодор аст, дада

Ҳудуди се сол доштам. Ману Шафақ болои чана нишаста ва рӯйи барф порвоз мекардем. Шумо банди чана дар даст пешо пеши мо медавидед ва гаҳ-гоҳе ба ақиб, ба мо бо табассуме нигоҳ мекардед, ки дили моро бештар ба тапиш меандохт. Медонистем, ки маънои он табассуми бозиҷӯш, боз як ҷаҳиши дигар аз болои ду зинаи пиёдарав аст, ки сари ҳар чанд метр ба сӯйи марказ нишеб мешуд. Баланд механдидем ва фарёд мезадем. Хеле хушбахт будем. Зиндагиро дӯст медоштем. Хушбахт буданро ба мо меомӯхтед.

барчасп: 

Нуриддин Ҷаронӣ: Фаррух нест, иқдом нест, илҳом нест...коргардон нест...

Фаррух кӣ буд?
Ҷавоб: Фаррух ҳамеша мехост ИНСОН бошад! Бале ИНСОН! Аз ин рӯ дунболи ин ном ва мақом буд. Бинобар он ҳамеша китоб мехонад.
Ва бо нафарони дӯстдори ин ном суҳбатҳо дошт, мисли ташнае, ки об меҷӯяд, вай инсон меҷуст. Ҳамеша дар ҳаракат буд. Ҳамеша дар кофтуков буд. Зиёд ҳарф намезад, кӯшиш мекард зиёд гӯш кунад. Гӯш карданро аз гуфтан як муддат зиёдтар меписандид!
Ҳамеша дар лабонаш табассум буд. Охирҳои вақт ҳар китобро намехонд. Он китобҳоеро

барчасп: 

Ба ифтихори 68 - солагии Фаррух Қосим - нобиғае дар саҳнаи ҳунар

Фаррух Қосим ва театр. Наметавон ин дуро аз ҳам ҷудо донист. Шахсияте бархоста аз як хонаводаи фарҳангиёну ҳунармандон билохира кори шигифтангезро анҷом дод. Вай  солҳо талош кард, то дар муҳити театрӣ худ бошад ва муваффақ шуд. Баъди чанд даҳсолаи талош бо театри худ ба фазои театрии кишвар ворид шуд ва онро чунин номид: “Аҳорун”.
Оре, сухан аз Фаррухи Қосим аст, ҳунарманди соҳибмактаб, шахсе, ки як кохи фарҳанги бегазандро ба ёдгор гузошт ва агарчанде худ имрӯз дар қайди ҳаёт нест, ин театр вуҷуд

барчасп: