Activities calendar

16 сентября 2016

Фирдавси Қосим: Имкон надошт, ки ман ба ин мактаб ва ба ин шеваи зиндагӣ ошиқ нашавам

Фирдавси Қосим 29 сол дорад ва ҳарчанд тахассуси Донишгоҳи политехникиро соҳиб аст ва ҳоло донишҷӯйи курси чоруми Донишгоҳи ҳунарҳои зебо дар бахши коргардонист, ӯ мактаби театри падарро тайи даҳ соли ахири фаъолияташ дар театри «Аҳорун» омӯхтааст. То ҳоло дар намоишномаҳои дубора ба саҳна гузошташудаи падараш нақшҳои аслии Яъқуб ва Юсуф дар намоиши "Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон" ва нақши Фаридунро дар намоиши "Шоҳ Фаридун" иҷро кардааст.

барчасп: 

Ифтитоҳи Маҷтамаъи таърихӣ - фарҳангии “Истиқлол” дар шаҳри Хуҷанд

Дар маркази шаҳри Хуҷанд бо ширкати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷтамаъи таърихӣ - фарҳангии “Истиқлол” ифтитоҳ шуд.
Бино ба гузориши дафтари матбуотии Сардори давлат, сохтмони ин иншооти таърихӣ-фарҳангӣ моҳи майи соли 2016 оғоз гардида, акнун ба макони дӯстдоштаи сайру гашт ва тамошои сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд мубаддал мегардад. Он аз ҷониби мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғд Гиитиз» таҳия гардидааст

барчасп: