Activities calendar

11 сентября 2016

Санъати коғазгарии анъанавӣ

Санъати коғазсозӣ, яке аз ҳунарҳои қадимии тоҷикон буда, дар гузашта дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Балх, Ҳирот,Чорҷўй, Хуқанд ва ғайра маъмул буд. Устоҳои коғазгар анвои коғазҳоро истеҳсол намуда, ба кишварҳои дигар содир мекарданд. Вале дар сарчашмаҳои таърихӣ ва ҷуғрофӣ аз тавсифи коғази самарқандӣ бештар сухан рафтааст, ки он тақрибан аз асри XVIII инҷониб дар Осиёи Марказӣ маъмулу машҳур будааст. Яке аз асарҳои қадимтарини ҷуғрофии муаллифаш номаълум, ки дар асри Х таълиф шудааст, “Ҳудуд-ул-олам” мебошад, ки дар он роҷеъ ба коғази самарқандӣ

барчасп: