Ифтитоҳи Маҷтамаъи таърихӣ - фарҳангии “Истиқлол” дар шаҳри Хуҷанд

Дар маркази шаҳри Хуҷанд бо ширкати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷтамаъи таърихӣ - фарҳангии “Истиқлол” ифтитоҳ шуд.
Бино ба гузориши дафтари матбуотии Сардори давлат, сохтмони ин иншооти таърихӣ-фарҳангӣ моҳи майи соли 2016 оғоз гардида, акнун ба макони дӯстдоштаи сайру гашт ва тамошои сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд мубаддал мегардад. Он аз ҷониби мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғд Гиитиз» таҳия гардидааст ва маблағи лоиҳавии он 37 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Баландии муҷассама 53 метр буда, дар он тоҷ ва ҳафт ситораи доирашакл давр мезанад. Дар баландии 21 метри он майдончаҳо барои тамошо сохта шудааст ва дорои лифтҳои махсус мебошад.
Масоҳати умумии маҷмаа 1 ҳазору 127 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар таҳхонаи он толорҳои намоишӣ ва таърихию фарҳангӣ мавҷуд аст, ки дар он харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаддасоту арзишҳои миллӣ ҷойгир карда шудааст. Гузаргоҳҳои зеризаминӣ барои ба толори намоишӣ пайвастани сокинон пешбинӣ шудааст.
Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд ва пудратчиён Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуҷандсохтмон-1», ҶДММ«СМС», ҶДММ «Каскад» ва ҶДММ «Стройкомплекс» мебошанд.
Зимни тамошо аз ин маҷмаа Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён, ки дар як муддати кутоҳ чунин як иншооти зеборо бунёд кардаанд, баҳои баланд дод.

барчасп: