Ба ифтихори 68 - солагии Фаррух Қосим - нобиғае дар саҳнаи ҳунар

Фаррух Қосим ва театр. Наметавон ин дуро аз ҳам ҷудо донист. Шахсияте бархоста аз як хонаводаи фарҳангиёну ҳунармандон билохира кори шигифтангезро анҷом дод. Вай  солҳо талош кард, то дар муҳити театрӣ худ бошад ва муваффақ шуд. Баъди чанд даҳсолаи талош бо театри худ ба фазои театрии кишвар ворид шуд ва онро чунин номид: “Аҳорун”.
Оре, сухан аз Фаррухи Қосим аст, ҳунарманди соҳибмактаб, шахсе, ки як кохи фарҳанги бегазандро ба ёдгор гузошт ва агарчанде худ имрӯз дар қайди ҳаёт нест, ин театр вуҷуд дорад ва барои даҳсолаҳо он вуҷуд хоҳад дошт. То замоне, ки ашъори Мавлоно зинда аст, то замоне, ки қиссаи Юсуф куҳна намешавад ва аз миён намеравад, ин театр пойбарҷо мемонад. Зеро асарҳои он, намоишномаҳои он аз хотирапораҳои ин бузургон, аз “Авасто” то “Мансури Ҳаллоҷ”, аз Фирдавсиву руҳи Рустами ӯ, то Мавлонои Балхӣ ҳама ба сурати як риштаи пайвандзадаи таърихи башар дар дару девори ин театр печидаанд. То замоне, ки Даҷҷол рӯйи кор меояд ва фотеҳаи ин оламро мехонад, “Аҳорун” ровии таърихи гузашта ва пайвандгари наслҳо боқӣ хоҳад монд. Ин театр имрӯз тағйири ном кард, исми бунёдгузори ин хонадони ҳунармандон Муҳаммадҷон Қосимовро ба худ гирифт. Вале барои насле, ки Фаррух Қосимро мешинохтанд, он “Аҳорун” хоҳад монд: дар забон, дар калом, дар тафаккур.

Ин нобиғаи санъат агар умрашвафо медошт, рӯзи 17-уми сентябр 68-ро пур мекард ва ду сол баъд ба синни мубораки 70 қадам мегузошт. Вале дунё ба ӯ низ вафо накард ва хеле ҷавон, дар айни камолоти эҷодӣ ин олами пуршӯрро тарк кард. Рафт, вале садҳо ғояи нобашро бо худ бурд, он чи ба сурати васияту насиҳат гуфт, ҳамсари ҳунармандаш Сабоҳат Қосимова ва писараш Фирдавс ба қадри имкони худ амалӣ мекунанд. Вале гумонам даҳҳои ғояи дигарро вай натавонист барояшон гӯяд, чун аҷали дар камин ҳамаро ғофилгир карда буд.

Фаррух Қосим то он ки “Аҳорун”-ро бунёдгузорӣ кунад, чун ҳунарманди ҳирфаӣ даҳҳо намоишномаро дар театрҳои гуногун рӯйи саҳна овард ва даҳҳо нақши хотирмон бозид. Аз соли 1970 дар саҳна нақш офарид ва аввалин нақши ӯ шояд Бандӣ дар намоишнома Меҳрубон Назаров “Орзу” буд. Баъдан Зангиро дар “Фармони Кадушоҳ”, Ҳабашро дар “Эзоп”, Соддақулро дар “Шаби гирифтани моҳ”, Муллоҳомидро дар “Лаҳзаи ҷовид”, Орифиро дар “Рӯдакӣ”, Раҳимбоевро дар “Ҳуррият” офарид.  Аз нақшҳои оддиву содда ба муракаб расид, Рустамро дар намоишномаи “Исфандиёр”, Яъқубро дар “Юсуфи гумгашта бояд ояд ба Канъон”, Фаридунро дар “Шоҳ Фаридун” бозид.

Соли 1977 аввалин бор ҳунари коргардонии худро дар намоишномаи “Ишқи ман Электра”-и Л.Дюрко санҷид. Чор сол баъд бошад “Тӯдаи риёкорон”-и Булгаков, баъдан “Раъно”-и Н.Исломов (дар саҳнаи театри ба номи Лоҳутӣ), “Тарюф”-и Ж.Молйер (дар театри Қурғонтеппа), “Хонасӯзон”-и М.Фришро дар театри ба номи Воҳидов рӯйи саҳна овард.

Ҳунари коргардонии ӯ театрҳои кишварҳои ҳамсояро ба худ кашида буд. Бо даъвати театри “Эски мачит”-и шаҳри Қаршӣ “Шайхи Санъон” (соли 1995), “Нидои Найман модар”, аз рӯйи асари Чингиз Айтматов “Дуроҳаи бӯронӣ”, бо хоҳиши театри Аброр Ҳидоятови шаҳри Тошканд “Электра”-и Софокл” ва дар театри драмавии Бишкек  “Шоҳ Лир”-и У.Шекспир (соли 1998)-ро  ба саҳна гузошт. 

Вале ҳамаи ин солҳо дар фикру андешаи бунёди театри худ буд. Дар суҳбате гуфта буд: “Аввалин ва бузургтарин мусиқии Илоҳӣ, мусиқии кайҳон, садои хомўшист. Мо аз хомўшӣ падид омадаем ва дар хомўшӣ нопадид мешавем. Xомўшӣ садои зодгоҳи руҳонии мост ва мо дар уқёнуси бекарони хомўшие, ки пур аз гавҳари савту наво ва назм аст, ба назми бузурги Мавлонои Балх рӯ меорем. Мо мисли атфол ҳастем, ки дар биёбон уфтода ва бими гум шудан дар ин паҳнои бекаронро дорем ва назми Мавлоноро садо мекунем ва ашъори илоҳӣ ва кайҳонии ў, мисли сафинаест дар уқёнус, ки моро аз маҳв шудан наҷот медиҳад ва моро ба сўйи он ягона мақсаде, ки наҷоти башар аст, ба сўйи Ягонагӣ мебарад".

Билохира, гули орзуҳояш шукуфт: рӯзи аввали соли нави 1990 дар заминаи театр-студияи таҷрибавии Фаррухи Қосим, дар назди ҳукумати шаҳри Душанбе театри таҷрибавии тамошобини ҷавон “Аҳорун” таъсис шуд. Рӯзи 30-юми январи ҳамон сол “Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон...”, нахустин намоишномаи ин театр Гран-Прии аввалин Ҷашнвораи театрҳои тамошобини ҷавони Осиёи Марказиро ба худ касб карда ва дар моҳи ноябри ҳамон сол дорандаи Гран-Прии “Наврӯз 90” дар Ҷашнвораи театрии минтақаӣ шуд.
    Соли 1990 давлати Тоҷикистон бо эътои ҷоизаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ - болотарин ҷоизаи ҳунарӣ дар кишвар ба Фаррухи Қосим, кори ӯро қадрдонӣ кард. Намоишномаҳои Фаррухи Қосим ва театри “Аҳорун” тавассути шева, мусиқӣ, ритм ва фалсафаи тоза, ҷараёне нав дар роҳи таъсиси театри миллии Тоҷикистонро мушаххас кард.

Дар сомонаи ин театр, ки хеле баъдҳо фаъол шуд, мехонем: “Театри Фаррухи Қосим аз тамаддунҳои зиёд илҳом мегирад ва мудом манобеъ ва мафоҳимро ба худ дармекашад ва тавассути офаридани қаҳрамонҳои нав тафсире дигар пешниҳод мекунад. Ба унвони мисол дар намоишномаи “Қиссаи ишқ”, коргардон достонҳои “Лайлӣ ва Маҷнун” ва “Ромео ва Ҷулйетта”, ду фоҷеъаи барҷаста аз адабиёти клоссики Шарқ ва Ғарбро бо ҳам омезиш дода ва ба саҳна бурдааст”. 

Дар мавриде руҷуъи худ ба осори қадим ва шеъри форсиро  Фаррух Қосим ин гуна шарҳ медиҳад: “Тайи даҳсолаҳо мо аз осори ниёгони худ ҷудо шудем. Ба саҳву хатоҳо роҳ додем, роҳи дурустро интихоб накардем. Осори ниёгонро ба “хубу бад” тақсим намудем, магар и н ғам нест? Акнун зарур аст, ки роҳи минбаъдаро дуруст интихоб кунем. Тадбирҳоро муайян созем, то пеш бираве, яъне ки ғам бихӯрем, ғами фардо. Мақсади асосии таҳияи намоиш низ ин аст. Мо роҳи худро меёбем. Юсуфи гумгаштаи мо ҳатман бармегардад, вале барои ин зарур аст, ки мубориза барем, ҳақ ба ҳақдор бирасонем.

Намоиши мо саршор аз шеър аст. Метавонам гӯям, ки мо ин ашъорро аз китобҳои бо ҳуруфи крилӣ чопшуда дарёфт накардем. Мо ҳоло ҳеч чиз бо ин ҳуруф надорем. Бинобар ин аз китобҳои чопи Теҳрон “Девони Кабир”-и Мавлонои Румӣ, “Девони баргузидаи Шамси Табрезӣ, Хоҷа Ҳофиз ва ғайраро ҷустуҷӯ намудем. Кӯшиш кардем, ки театрамон, ороиши саҳнаамон шарқӣ бошад, расму гуфтору пиндору кирдорамон шарқӣ бошад.

Ин намоиш кӯшиши нахуст дар пайвасти  дирӯзу имрӯз, бозгӯи дардҳои миллатест, ки дар гирдоби ҷараёни таърих фурӯ рафта буд. Он кӯшиши раҳо шудан аз гирдоб ва по ниҳодан ба соҳили умедро мақсаду нияти хеш қарор додааст”.

Фаррух Қосим ошиқи фарҳангу тамаддуни миллати худ буд ва ҳамеша талқин мекард, ки ганҷинаи фарҳанги милли мо кони нокушодаро мемонад ва танҳо касе роҳ ба он хоҳад бурд, ки ифтихороти миллӣ дорад. Ба истиқболи 90-солагии падари бузургвораш, Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Муҳаммадҷон Қосимов гуфта буд, ки бе истиқлоли фарҳангӣ истиқлоли воқеъӣ буда наметавонад: “Ман бовар дорам, ки барои эҳёи маънавии халқи тоҷик шарти асосӣ ва бузургтарин масъала – масъалаи эҳёи фарҳангу тафаккури тоҷикӣ аст. Фақат як “шоҳнома”-и Фирдавсӣ метавонад моро аз нав созад. Эҳёи тамаддуни Ғарб ва эҳёи достону ҳамосаҳои миллӣ ва динии онҳо шуруъ шуд.  Ку Мониқалами тоҷик, ки мисли нигораҳои Афросиёбу Панҷакенту Бунҷикат асарҳо офарад? Ку пайкарасозоне, ки  пайкараҳои қаҳрамонони миллии тоҷикро созанд? Ку пайкараҳои Ҷамшед, Эраҷ, Сиёвуш, Кайхусрав, Рустму Исфандиёр? Ку муаррих ва олимоне, ки ақалан як достони “Шоҳнома”- ро таҳлил ва тафсир кунанд? Бе истиқлоли фарҳангӣ, бе истиқлоли тафаккуру ҷаҳонбинӣ истиқлоли воқеъӣ ба даст намеояд. Муҳаммадҷон Қосимов маҳз барои ҳамин истиқлол тамоми умр кӯшид ва ба мо ҳам васият намуд, ки кӯшем”.

Фаррух  Қосим ҳамагӣ 62 сол умр дид. 7-уми феврали соли 2010 бар асари беморӣ дар манзилаш аз олам даргузашт. Аммо дар як умри хеле кутоҳ тавонист аз худ осори гаронмоя боқӣ гузорад.
Намоишномаҳои ӯ  “Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон...”, “Даҷҷол”, “Исфандиёр”, “Шайх Санъон”, “Шоҳ Фаридун” ва “Шоҳ Лир”ганҷинаи фарҳангу тамаддуни миллатро ғанӣ кардаанд.
Мактаби ҳунарии ӯ мероси мондагор барои фарҳанги тоҷик, аз ҷумла мактаби театри миллии тоҷик аст.
Фаррух Қосим барандаи яке аз даҳ ҷоизаи байналмиллалии  Сандуқи Шоҳзода Клаус (Ҳоланд) дар соли 2004 гардид. 
Ёди неки ӯ ҳамеша дар қалби ҳамаи касоне, ки дӯстдори ҳунар ва фарҳанги асиланд, боқист.

Бобоҷони Шафеъ

барчасп: