Бо Ҳабибуллоҳ Абдураззоқов шинос шавед

Аз ҷумлаи беҳтарин ҳунармандони театр ва синамои кишвар аст. 7-уми ноябри соли 1937 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Соли 1960  факултаи актёрии Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийи шаҳри Маскавро хатм кардааст. Соли 1964 бошад курси олии коргардонии Академияи санъати шаҳри Маскавро хатм намудааст.
Аз соли 1960 то соли 1961 дар театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А.С.Пушкин (ҳоло ба номи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ)- шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) кор кардааст.
Аз соли 1961 то соли 1969 дар театри академӣ драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутии пойтахт фаъолият кардааст.
Муддати се соли дигар саркоргардони театри ҷумҳуриявии мазҳакаи мусиқии ба номи А. С. Пушкин ва се соли дигар саркоргардони театри ҷавонони ба номи М. Воҳидов будааст.
Аз соли 1973 то соли 1975 актёр ва коргардони киностудияи «Тоҷикфилм», солҳои 1975 – 2002 дар театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ фаъолият намудааст. Аз соли 2002 директор ва роҳбари бадеии Театри  «Падида» мебошад.
Солҳои 1987 – 1990 раиси Иттифоқи арбобони театри Тоҷикистон буд.
Ҳабибуллоҳ Абдураззоқов яке аз беҳтарин офарандагони нақшҳои классикӣ ва дорои хусусиятҳои миллӣ дар театру синамо мебошад. Нақшҳои мондагори ӯ дар саҳнаи театрҳои кишвар:

Любим Торсов («Камбағалӣ айб нест»-и А. Н. Островский, 1960);
Ёдгор («Дохунда»-и Ҷ. Икромӣ, 1961);
Файзуллоҷон («Иродаи зан»-и А. Сидқӣ, 1962);
Меркутсио, Отелло («Ромео ва Ҷулетта»; «Оттело»-и У Шекспир, 1963);
Шоир Хуршед («Ҳуррият»-и Ғ. Абдулло, 1964);
Камоли Хуҷандӣ (пйесаи ҳамноми Р. Ҷалил, 1970);
Улдис («Заврақи ишқ»-и Я. Райнис);
Афросиёб («Рустам ва Сӯҳроб»-и Ғ. Абдулло, 1966);
Низомиддин («Дилҳои сӯзон»-и Ҷ. Икромӣ, 1977);
Карл Моор («Роҳзанҳо»-и Ф. Шиллер, 1979) ва ғайра.

Ҳабибуллоҳ  Абдулаззоқов ҳамчунин яке аз симоҳоест, ки дар офариниши образҳои мондагон дар синамои кишвар ва хориҷ аз он нақш дорад. Дар гузашта нақшҳои Шодмон («Оромӣ намешавад», 1962), Баҳриддин («Марги судхӯр», 1965), Асад Махсум («Хиёнат», 1967), Ҳайдар («Чор нафар аз Чорсанг», 1973), Мухторов («Стансияи кӯҳӣ», 1974), Баҳром («Достони Сиёвуш», 1975), Асаншо («Субҳи Ганг», 1975), Ҳамроев («Ҳафт нафар дар пайроҳа», 1977), Корвонбошӣ («Дарвеши ланг», 1986), Неъматуллоҳхон (силсилафилми телевизионии «Дар орзуи падар», 2005), генерали эронӣ («Асир», Олмон, 2006), Ҳисоми тоҷик (силсилафилми телевизионии эронии «Дар чашми бод», 2007), сардори роҳзанҳо (силсилафилми телевизионии эронии «Шукрона», 2008) бозидааст.

Ҳабибуллоҳ Абдураззоқов намоишномаҳои иёдеро коргардонӣ кардааст. Аз ҷумла:  «Худораҳматӣ»-и Б. Нушич (1966);

«Рустам ва Сӯҳроб»-и Ғ. Абдулло (1967);
«Кӯпрук»-и Ф. Ниёзӣ (1969);
«Карим Девона»-и Т. Аҳмадхонов (1969);
«Садо аз тобут»-и А. Қаҳҳор (1975);
«Вақте  ки шаҳр хуфта буд»-и А. Чхеидзе (1980);
«Вопасин арӯси Амир-ал-мӯъминин»-и Ф. Муҳаммадиев (1983);
«Дар чорсӯ» ва «Тарс»-и Н. Табаров (1984, 1995) ва ғайра.

Хизматҳояш дар санъат бо орденҳои Дӯстии халқҳо (1980), Дӯстӣ (1998, медали Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҶТ ва Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистон қадр шудааст.
Аз соли 1971 узви Иттифоқи синомогарони Тоҷикистон мебошад.
Адабиёти мавриди истифода: Марде дар шаҳре, шаҳре дар марде, Душанбе, соли 2007.

барчасп: