Ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Қирғизистон дар Тоҷикистон

Бегоҳии 17-уми ноябри соли равон дар бинои театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ зери оҳанги сурудҳои миллии ду кишвар маросими ботантанаи оғози Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури густардаи аҳли фарҳанг ва сокинону меҳмонони пойтахти кишвар баргузор шуд.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар суханони муқаддамотии худ ҳозиринро бо ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Қирғизистон муборакбод намуд ва дар бораи муносибатҳои дӯстиву бародарии ду кишвари ҳамсоя, иртиботҳои густардаи фарҳангӣ миёни ду кишвар сухан гуфт.

Вазири фарҳанги кишвар аз ҷумла иброз дошт, ки сиёсатҳои созандаи сарварони Т оҷикистон ва Қирғизистон боис шудааст, ки ҳамкориҳои иқтисодиву фарҳангӣ миёни ду м амлакати ҳамсоя рӯ ба рушд орад. «Аз лаҳзаи муносиб истифода бурда, гуфтаниам, ки бо шарофати сиёсати созандаи ҳукумат ва пешвоёни ду кишвар - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон мӯҳтарам Алмазбек Атамбаев сол то сол ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангии мо рушд меёбанд.

Чандин асрҳост, ки халқҳои моро таърихи умумӣ ба ҳам мепайвандад. Дар бораи таърихи муносибатҳои мутақобила андеша ронда, бо фараҳмандӣ метавон наздикии фарҳанг ва арзишҳои маънавиро таъкид кард», гуфт ӯ.

Муовини Вазири фарҳанг, иттилоот ва сайёҳии Ҷумҳурии Қирғизистон Фарҳод Бекманбетов бо арзи эҳтиром ва муборакбодии ширкаткунандагон ба оғози Рӯзҳои фарҳанги кишвараш дар Тоҷикистон иброз дошт, ки фарҳанг қосиди сулҳу ваҳдати ҳамешагист. Аз ин рӯ кишварҳо барои наздлик шудани иртиботҳо фарҳангро васила қарор медиҳанд.

Намояндаи вазорати фарҳанги Қирғизистон ҳамчунин аз робитаҳои фарҳангии ду кишвар ёдовар шуд ва гуфт, ки ин равобит решаҳои чуқур дорад ва насли имрӯз бояд ба рушди он талош варзанд.  Вай аз ҷумла гуфт: «Аз оғози муносибатҳои фарҳангӣ Тоҷикистону Қирғизистон дар тамоми самтҳои фарҳанг, аз қабили театр, кино, мусиқӣ, опера, балет ва ғайра ҳамкорӣ мекунанд. Фарҳанг сарҳад надорад.Соли гузашта ҳунармандони тоҷик бо барномаи ҷолиби худ хотири мардуми қирғизро шод намуданд. Имрӯз мо ба бародарони тоҷики худ барномаи консертӣ ва филмҳои ҷолиби таърихӣ намоиш хоҳем дод. Боиси хушҳолист, ки имрӯз, 17 ноябр дар Қирғизистон Рӯзи кино ҷашн гирифта мешавад»,иброз дошт муовини вазири фарҳанги Қирғизистон.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода низ изҳор дошт, ки солҳои охир дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ марказҳои фарҳангӣ ва театру кинотеатрҳо сохта мешаванд. «Ин гувоҳи он аст, ки Ҳукумати кишвар ба ин соҳа таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Дирӯз ҳунармандони мо аз шаҳри Минск баргаштанд. Дар он ҷо Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус доир гардиданд. Соли равон барои тоҷикон соли фарҳангӣ буд гӯём ҳам, хато намекунем, зеро бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ барномаҳои фарҳангӣ доир гардиданд. Ин барномаҳо то ҳол идома доранд».

Маврид ба ёдоварист, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қирғизистон дар Тоҷикистон то 20-уми ноябр идома мекунанд ва қарор аст дар доираи он Рӯзҳои сенамои Қирғизистон низ баргузор шавад.  Фарҳод Бекманбетов гуфт, ки ба тамошобинони тоҷик филми таърихиеро намоиш хоҳанд дод, ки дар он табиат ва манзараи зебои кишварашон тасвир шудааст. «Ҳар як тоҷик дар ин манзара, табиати нотакрори Тоҷикистонро хоҳад дарёфт, зеро табиати ҳар ду кишвар ба ҳам хеле монанданд. Инчунин ба дӯсторони кино мо филми аниматсионии қирғизиро нишон хоҳем дод».

18 ноябр меҳмонони қирғиз аз шаҳри Ваҳдат дидан намуда, як барномаи консертии ҳунарпешагони Ҷумҳурии Қирғизистон барои сокинони ин шаҳр дар назар аст.

19 ноябр  иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳангӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, майдону хиёбонҳои шаҳри Душанбе дидан мекунанд.
Худи ҳамон рӯз соати 17-00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ маросими ботантанаи анҷоми Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.

барчасп: