Фаротар аз қайди чор девор

Замоне вай аз як деҳаи дурдасти куҳистони ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич) ба пойтахти кишвар  омад, то дар мавриди ҳунарҳои мардумӣ корҳои пажӯҳишӣ оғоз кунад. Аз суҳбаташ  дарёфтам, ки барои расидан ба ҳадаф аллакай як бахши азими қаламрави кишварро тай кардааст ва бардоштҳои ҷолибу омӯзандаву олимона дар бораи ҳунарҳои мардумӣ  дорад.
Ин бону Лайло Носирова аст, корманди Пажуҳишгоҳи илмӣ -тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Даричаи ошноӣ

Бистуми сентябри  соли 1989 дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич таваллуд шуда аст. Шӯъбаи фолклори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хатии ба номи Рӯдакии АИҶТ-ро  хатм намудааст.
Ба иқрори ӯ дар солҳои аввали истиқлолият фарҳанги тоҷик то як андоза хоб буд, хатари аз байн рафтанаш вуҷуд дошт. Ҳатто дар деҳот занҳое набуданд, ки ҳунари зардӯзиву гулдӯзияшонро ба насли нав омӯзонанд. Хушбахтона, ҳоло гурӯҳу созмонҳою муассисаҳои таълимӣ-истеҳсолӣ рӯи кор омаданд ва бонувони хонанишинро ба  фаъолият ҷалб мекунанд.

Ҳунармандоне ҳастанд, ки андешаву ормонҳои нав доранд ва онро дар ҳунарашон меафзоянд. Дар матоъ танҳо суратро мебинанд, аз маъниву рамзҳои он бехабаранд.
Ҳини омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ аз бонувон мепурсидам, ки чаро ба гулдӯзӣ машғул мешавед? Чӣ чизе шуморо маҷбур месозад эҷод намоед? Посух ин буд: «Аз зебоии табиату зиндагӣ илҳом мегирем».

Дар ҳунарҳои мардуми дигар рамзу нақшҳои тоҷикӣ низ дида мешавад, ки далел аз омехташавии тамаддунҳост. Хуб мешавад, мо чун соҳиби ин фарҳангу ҳунарҳо ному рамзи онҳоро бидонем ва ба ҷавонон бифаҳмонем. Зеро бархе аз ҷавонон ба дарки маънии мармузи гулдӯзиҳо намераванд. Дар матоъ танҳо суратро мебинанд, аз маъниву рамзҳои он бехабаранд.

Вақте ба кор шурӯъ кардам, чандин мавзӯъ бароям пешниҳод шуд: Либосҳои занона, ороиши мӯйи сари занон ва хӯрокҳои анъанавӣ. Мавзӯеро интихоб кардам, ки ҷолибу густурда буд. Вақте як гулдӯзӣ ё сӯзаниро мебинӣ,  хаёлан ба сайру тамошои гулистону чаманзор меравӣ. Аз тамошои маҳсули дасти як зани кӯҳистон, ки аз ду мавод дунёро тасвир мекунад, як ҷаҳон маънӣ мебардорам”, - мегӯяд Лайло.

Мушоҳида

Давоми ду соли фаъолият ба шаҳрҳои Истаравшан, Панҷакент, ноҳияи Ашт, Деваштич, вилояти Хатлон, ноҳияи Муъминобод ва Шаҳритус сафари корӣ доштем. Ҳар минтақа бо ҳунарҳои хосси худаш фарқ мекард. Дар баъзе ноҳияҳо бо таъсири муҳити иҷтимоӣ як ҳунар аз дигараш бештар инкишоф ёфта буд. Масалан, занҳои ноҳияи Мӯъминобод тавонистанд ҳунарҳои мардумӣ, бахусус зардӯзиву гулдӯзиро то имрӯз ҳифз намоянд. Барои мисол анъанаи чодардӯзӣ. Бонувон дар зимистон гирди ҳам ҷамъ мешаванду барои арӯс  чодар таҳия мекунанд. Як чодар барои арӯс дар байни ҷиҳоз арзиши бузург дорад. Дар шаҳри Истаравшану Панҷакент низ ин анъанаро мушоҳида кардам. Вақте духтар номзад мешавад, рӯймолча ва ҷиҳозашро худаш медӯзад, яъне бояд ба он дасти арӯс бирасад. Чодар вақти зиёдро мегирад, занҳо сарҷамъ ин амалро иҷро мекунанд, вале рӯймолчаро ба гунаи армуғони домод ҳатман арӯс медӯзад. Ин анъана дар ноҳияи Муъминобод то имрӯз боқист.

Дар дигар минтақаҳо курпаву ҷиҳози арӯсро дӯзанда анҷом медиҳад. Вақтҳои охир духтарон чодарро аз бозор мехаранд, ки дӯхти попурист ё аз матоъҳои чинӣ. Азбаски он барои истифодаи як рӯз аст, онро ҷиддӣ намегиранд. Пештар анъана буд, ки чодар чанд рӯз меистод, анъанаи чодардӯзиву чодарканӣ буд. Дар Панҷакент ва Деваштич як чодарро чун моли меросии  табаррук як авлод ё ҳамсояҳо истифода мебаранд.

Дар ноҳияи Деваштич як нуктаи ҷолибро шоҳид шудам.  Вақте чодарро меовезанд, ҷӯраҳои домод баъди хӯрдани ғизо байни чодарро бо корд мебурранд. Дар хостгорӣ низ нон мешикананд, матоъ ва пояндозро низ медаронанд. Соҳиби тӯй чодарро медӯзад ва ба соҳиби чодар бармегардонад. Ин оинро дар дигар минтақаҳо дучор наомадам. Дар ноҳияҳои ҷануб гулдӯзиву чакандӯзӣ инкишоф ёфтааст. Ҳунари гулпартоӣ ҳам ҳаст, ки гулбаст мегӯянд. Ин чиз қариб аз байн рафта буд.

Нигаронӣ

Чизи дигаре, ки мояи нигаронист, аз гиёҳҳову рангҳои табиӣ  камтар истифода намудани ҳунармандон мебошад. Бештар аз бозор рангҳову риштаҳои сунъӣ мехаранд, ки арзиши аслии ҳунарашонро то андозае  коста мегардонад. Бубинед, сайёҳони хориҷӣ вақте роҳии деҳае мешаванд, ба суроғи дастдӯзии қадимӣ мераванд. Агар як гулдӯзии солҳои 20-ум ва солҳои 90-умро пешниҳод намоем, ҳатман гулдӯзии солҳои 20-умро мегирад. Дар ҳоле, ки фарсуда шудааст ва истифода намешавад. Аммо арзиши таърихӣ болост ва сифати он ба саломатии инсон безарар аст. Пештар риштаҳое, ки тайёр мекарданд аз пилла ва табиӣ буд. Имрӯз ҳама чиз синтетикӣ ва сунъӣ гардида. Куртаи чаканамон низ аз матои синтетикӣ омода мешавад.

Нақшу нигори помирӣ дар либоси чинӣ

Мо як сафари дурудароз  дар Бадахшон доштем. Дар як намоишгоҳ шоҳиди он шудем, ки  курта, шероз ва тоқиҳои помирӣ ҳамааш истеҳсоли чинӣ буданд.  Мо гузориши масъаларо хостем, зеро ҳар бонуи бадахшӣ куртаву ҷӯроб ва тоқии помирӣ дӯхта метавонад.  Гуфтанд мо барои худамон ҳаргиз либоси  миллӣ аз бозор намехарем, ин барои намоиш аст. Либосҳои чиниро бо нақшу нигори бадахшӣ дар ҷашну идҳои ҳукуматӣ, барои теъдоди зиёди рақсандаҳо истифода мекунем. Дастрасии ашёи хом ва матоъ бароямон мушкил меояд. Харидории он аз бозор арзонтар меафтад.

Пешниҳод дорад:

Пешниҳод дорам аз адрасу атласи бесифати 10-15 сомонӣ, ки барои истифодаи якдафъаӣ пешбинӣ шудааст ва баъди як маротиба шустан дигар онро пӯшида намешавад, даст кашем .Матои чаканро ҳам мегиранду нақши попурӣ медӯзанд, ки сифаташ коста ва ба саломатӣ зиёновар бувад.

Мехоҳам дар ҷашну идҳо, бигзор барои ҳазор нафар ҳам бошад, гулдӯзиҳои табиӣ истифода шаванд. Дар ин сурат вазъи иқтисодии ҳунармандон рӯ ба беҳбудӣ оварда, инчунин марказҳои омӯзишӣ барои занон фаъолият хоҳанд кард. Ин тавр мешавад онро ҳифз  ва ба наслҳои баъдӣ муаррифӣ намуд.

Ин вақт суоле дар зеҳнам чарх мезанад:  «Мавзуъ, ки ин қадар муҳим аст, чаро ба таҳқиқи он кам даст мезананд?»

Ва посух мегирам: Ин мавзӯъ ҷаҳонист. Дар баъзе кишварҳои Шарқ вақте мардум дар фикри як пора нон ҳастанд, фарҳанг ҳамеша дуюмдараҷа маҳсуб меёбад.

Ворид шудани либосҳои сунъиро аз хориҷ манъ намоем. Ҳоло бисёр матоъҳои маснуъ бо сифати паст ба бозорҳои мо ворид гардидаанд, ки нақши чакан доранд. Ҳукумати ҷумҳурӣ  ва Хадамоти гумрук метавонад пеши роҳи онро бигиранд. Зеро барои дӯхтани як куртаи чакан 1-2 моҳ ва чодар то 5-6 моҳ лозим аст, он ҳам кори дастҷамъист. Маҳсулоти тайёр занҳоро як андоза танбал кардааст. Худро азоб додан намехоҳанд, аз бозор тайёрашро мехаранд. Аммо дар ноҳияи Панҷакент аз чодари попурӣ ҳаргиз истифода намебаранд, балки аз дастранҷи хеш кор мегиранд.

Бигзор занҳо бистнафарӣ гирди ҳам ҷамъ шаванду чодар дӯзанд ва ба фурӯш гузоранд, ҳам вазъи молияшон беҳтар мегардад, ҳам он барои як хонавода хидмат мекунад. Занҳое, ки чодар дӯхта наметавонанд, бо арзиши баланд онро харидорӣ менамоянд.

 - Бонувон мегӯянд, ки чӣ зарурат аст, то вақту маблағ ва қувваи ҷисмонию фикрӣ масраф кунем?Дар ҳоле мешавад як чодарро бо маблағи аз сад то дусад сомонӣ ба даст овард?

 -  Агар аз фарҳангу гузаштаи миллӣ мункир оем, метавонем ҳама чизро аз бозор харидорӣ кунем. Бубинед, ҳатто хӯроки мо сунъист, дигар чизи табиӣ қариб боқӣ намондааст. Агар ба ҳунарҳои миллиямон арзиш қоил набошем, пас барои худамон зиндагӣ кардему рафтем. Барои миллат ва насли оянда ёдгори ҳунарие мерос намегузорем.

Чаро бемориҳо камтар буд?

Агар ба чанд соли қабл таваҷҷуҳ шавад, шумори бемориҳо камтар буд, чун анвои либосу ғизои сунъӣ андак буд. Ҳоло ҳатто деворҳои хонаамонро зардеворҳои сунъӣ (обой), ки аз худ моддаҳои зараровар хориҷ мекунанд, оро медиҳанд. Солҳои пеш тирезаву деворҳои мардумро гулдӯзиҳо зеб медод. Дар ноҳияи Шаҳритус ва Муъминобод дидам, ки хонаҳояшон бидуни рангу бор асту зеби манзили зисташон  сӯзаниву гулдӯзиҳоянд. Вақте вориди нишемангоҳашон мегардӣ, худатро дар табиати зебо ҳис мекунӣ. Манзараҳоеро дучор мешавӣ, ки болидарӯҳ мешавӣ, яъне аз қайди чор девор фаро меравӣ. Пас, тамошои гулдӯзиҳо қодир ба тағйири равони инсон аст.

Раҳима Аъзам, “Бонувони Тоҷикистон”
Ин матлаб дар шумораи ахири маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” чоп шуд.

барчасп: