Муаррифии намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддии тоҷикон дар хориҷи кишвар

Иштирокдорони симпозиум ҳангоми баррасиҳо зикр намуданд, ки ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ мутобиқи Конвенсияи ЮНЕСКО (2003)  ва таъмини таълими босифат дар контексти барномаи рушди устувори СММ ҳоло аз масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Аз ин рў, ба ҳам овардани ҳар ду масълаи муҳим ба манфиати кор мусоидат хоҳад кард. Барои тадриси мероси фарҳанги ғайримоддӣ барномаҳо ва дастурҳо таълиф кардан лозим мебошад.

Дар таърихи 26-28 июли соли 2017 дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон Вохўрии 8-уми минтақавии коршиносон оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гашт. Дар он, асосан, мутахассисони соҳаи мероси фарҳанги ғайримоддӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ  (Тоҷикистон, Ўзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Муғулистон) даъват шуда буданд. Созмондиҳандагони ҳамоиш Маркази категорияи дуюми ЮНЕСКО оид ба мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар минтақаҳои Осиё ва Уқёнуси Ором  (ICHCAP) ва Комиссияи миллии Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба кор бо ЮНЕСКО буда, маблағгузори он ICHCAP (дафтараш дар Кореяи Ҷанубӣ) буд. Дар ҳамоиш инчунин намояндагон аз Бюрои кластерии ЮНЕСКО дар Осиёи Марказӣ,  Бюрои ЮНЕСКО воқеъ дар шаҳри Тошканд ва коршиносон аз Ҷумҳурии Корея ширкат доштанд.  

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 нафар - Дилшод Раҳимов, – муовини директори ПИТФИ, Толиб Раҳматуллоев, – муовини директори муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва Гуландом Ҳусейнова – директори литсеи дўзандагии ш. Душанбе иштирок намуданд.   

Рўзи 26-уми июл дар Симпозиуми байналмилалии “Ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ ва ворид кардани он ба барномаҳои таълимӣ” аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Раҳимов ва Гуландом Ҳусейнова суханронӣ намуданд. Иштирокдорони симпозиум ҳангоми баррасиҳо зикр намуданд, ки ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ мутобиқи Конвенсияи ЮНЕСКО (2003)  ва таъмини таълими босифат дар контексти барномаи рушди устувори СММ ҳоло аз масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Аз ин рў, ба ҳам овардани ҳар ду масълаи муҳим ба манфиати кор мусоидат хоҳад кард. Барои тадриси мероси фарҳанги ғайримоддӣ барномаҳо ва дастурҳо таълиф кардан лозим мебошад.

Рўзҳои 27-28-уми июл фестивали филмҳо ва намоиши аксҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ сурат гирифт. Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фестивал 3 филм: “Рақсҳои анъанавии тоҷикӣ”, “Ҳунари зардўзӣ” ва “Нақшхонӣ” пешниҳод гаштанд, ки маҳсули эҷоди муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” буда, дар ҳамкорӣ бо коршиносони фарҳанги мардум сабт шудаанд.

Гуфтанист, ки филм дар бораи рақсҳои суннатии тоҷикон баҳои баланд гирифт. Бояд зикр намуд, ки филмҳои мазкур тибқи лоиҳаи ИЧКАП (ICHCAP)-и Ҷумҳурии Корея маблағгузорӣ шуда, боз 4 филми дигар дар ҳоли таҳия қарор доранд. Роҷеъ ба ҷараёни таҳияи филмҳо Толиб Раҳматуллоев – муовини директори муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ба ҳозирин гузориш дод.

Дар намоиши аксҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 акс ва аз тарафи кишварҳои дигари минтақа 15-20 ададӣ аксҳо дар ҳаҷми калон чоп шуда, дар намоишгоҳ ба маърази тамошо гузошта шуданд. Аксҳоро барои намоишгоҳ аз ҷониби Тоҷикистон Дилшод Раҳимов омода карда, ба ҳар кадом ба забонҳои русию англисӣ шарҳи мухтасар навишта буд.

Рўзи 28-уми июл намояндаҳои кишварҳо китобҳои худро, ки ба мероси фарҳанги ғайримоддӣ бахшида шудаанд, ба муассисони ҳамоиш тақдим намуданд. Аз ҷумла, китоби “Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон”-ро, ки бо дастгирии моддии ИЧКАП таълиф ва ба чоп расидааст, мураттиби он Дилшод Раҳимов  муаррифӣ намуда, ба директори генералии ИЧКАП ҷаноби Квон Хуҳ тақдим намуд. Китоби мазкур аз ҷониби коршиносон баҳои баланд гирифта, намояндаҳои дигар кишварҳо онро намунаи олӣ шумориданд. Қайд кардан лозим аст, ки ҳамин китоб дар моҳҳои наздик бо забони англисӣ ба нашр хоҳад расид.

Дар ҷараёни ҳамоиш ҷониби Тоҷикистон борҳо бо роҳбарияти ИЧКАП ва коршиносони дигар кишварҳо мулоқотҳо барпо карда, масъалаҳои ҳамкориро дар самти мероси фарҳанги ғайримоддӣ баррасӣ намуданд.

Гулзира КАРИМОВА
Ходими калони илмии шуъбаи
мероси фарҳанги ғайримоддии
Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии
фарҳанг ва иттилоот